TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

    Бозори суғуртаи Шветсария бо сатҳи баланди рушди кори суғурта фарқ мекунад. Дар охири солҳои 90-ўм дар мамлакат 117 ширкати суғуртавӣ, аз ҷумла - 23 ширкати суғуртавии шахсӣ, 82 ширкати суғуртавии умумӣ ва 12 ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ мав ҷуд буданд. Барои бозори суғуртаи Шветсария пайвастшавии зичи сармояи миллӣ ва хори ҷӣ хос аст. Ширкатҳои суғуртавӣ аксар вақт корпоратсияҳои дорои манфиатҳои зиёди трансмиллӣ мебошанд.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Бозори суғуртаи Олмон

    Бозори суғуртаи Олмон як қатор хусусиятҳо дорад, 51%-и бозори суғуртаи миллиро - суғуртаи амвол, суғуртаи шахсӣ - 37%, тиббӣ - қариб 12% ҳа ҷми умумии муомилотро ташкил медиҳад. Суғуртаи тиббӣ дар Олмон назар ба дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ камтар маъмул аст. Бозори суғурта дар Олмон, ки босуръат рушд дорад, байни системаи таъминоти давлатии и ҷтимоӣ ва бахши хусусии хизмати суғуртавӣ тақсим шудааст.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

    Бозори суғуртаи Британияи Кабир дар ҷаҳон калонтарин намебошад, аммо он аз ҳама кўҳнатарин ва та ҷрибаноктарин буда, нуфузи калони арзанда дорад. Дар давоми бисёр даҳсолаҳо ва то замони ҳозира бозори суғуртаи Англия қоида ва шартҳои суғуртаро илқо мекард. Қоидаҳои суғуртаи Англия асоси шартҳои суғуртаи миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

    Дар ИМА зиёда аз 10 ҳазор ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият мекунанд: бештар аз 8 ҳазор - бо суғуртаи амвол ва бештар аз 2 ҳазор - бо суғуртаи шахсӣ машғуланд, ҳол он ки шумораи як ҷояи ширкатҳои суғуртавӣ дар мамлакатҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (ИИА) ҳамагӣ то 4200 ададро ташкил медиҳад. Дар аввали солҳои 90-ум шаҳрвандони ИМА қариб 90 млн. шартномаи суғуртавро, ки маблғи умумии 4,5 млрд. долларро ташкил мекард, дар даст доштанд.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

    Мақсади асосии ҳар ширкати суғуртавӣ, ки бо и ҷозатнома кор мекунад, чун ҳамаи субъектҳои хо ҷагидорӣ - ба даст овардани фоида мебошад. Бинобар ин табиист, ки бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат даромади ширкатҳои суғуртавӣвӣ низ андозбандӣ карда мешавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

    Одатан таҳти мафҳуми воситаҳои ахбори омма (ВАО) танҳо радио, телевизион ва матбуотро меҳфаҳманд, вале мутахассисони реклама ба ВАО рекламаи беруниро, рекламаи киноро дохил мекунанд. Сохтори бу ҷети рекламаи ширкати суғуртавӣ аз он вобаста аст, ки ба кадом ВАО такя карда мешавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

    Албатта, маҳсулоти суғуртавӣ пайдо шуда ва барҳам хўрда, барои хизматҳои нави суғурта роҳ мекушоянд, ки ин раванд дар давраи ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ ифода меёбад. Даври ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ аз аксарияти молҳои сермасриф хеле фарқ мекунад. Якўм, давраи маҳсулоти суғуртавӣ дароз буда, шартномаҳои суғуртавӣ метавонанд бе тағйироти ҷиддӣ дар давоми даҳсолаҳо фурўхта шаванд, ки ин барои аксарияти намудҳои маҳсулоти моли талаботи оммавӣ имконнопазир аст.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

    Дар айни ҳол ба вазъи бозори суғурта шиддатёбии рақобат хос аст. Ин, дар навбати аввал, ба намудҳои суғуртаи ба доираи васеи муштариён равонашуда, аз қабили суғуртаи борҳо, амволи ғайриманқул ва дигар амволи шахсони ҳуқуқӣ, инчунин амволи шахсони воқеӣ-суғуртаи ҳавлӣ, хона, автомобил, дахл дорад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Талаботи таъмини сифати маҳсулоти суғуртавӣ

    Сифати маҳсулоти суғуртавӣ механизми асосии маркетинги суғурта мебошад. Таҳти мафҳуми сифати маҳсулоти суғуртавӣ аксар вақт инҳо фаҳмида мешаванд:
    - тавсифоти техникии он – паҳноии кафолатҳои суғурта, миқдори хизматҳои асосӣ ва иловагии пешниҳодшаванда, андозаи пули суғурта – нархи маҳсулоти суғуртавӣ;...

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Маркетинг ва мақоми он дар бозори суғурта

    Маркетинг ифодаи услуби идоравии ба бозор нигаронидашудаи тафаккур мебошад, ки ба он муносибати э ҷодӣ, мунтазам ва аксаран барқасдона (агрессивный) хос аст. Маркетинг воситаи қонеъгардонии эҳтиё ҷоти инсон тавассути табодул мебошад. Ҳар кадоми ин таърифҳо назари муайянро ба маркетинг ва мақоми онро дар иқтисодиёт инъикос намояд. Ба назари мо ин таърифҳо ҳам хусусияти маркетингро пурра инъикос намекунанд.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Худсуғуртакунӣ

    Худсуғуртакунӣ бунёди фондҳои захиравии худии субъектҳои хо ҷагидорӣ барои дар бозори ти ҷоратӣ пўшондани ҳолатҳои суғуртавӣ чун алтернатива ба суғурта мебошад. Худсуғуртакунӣ ҳамон вақт маънӣ дошта метавонад, ки, агар субъекти хо ҷагидорӣ барои бунёди чунин фондҳо имкон дошта бошад, зеро худсуғуртакунӣ назар ба суғуртаи муқаррарӣ дар бозори ти ҷоратӣ арзонтар меафтад. Тартиби истифодаи фондҳои захиравӣ барои худсуғуртакунӣ дар Оиномаи субъекти хо ҷагидорӣ пешбинӣ карда мешавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Иттиҳоди (пулҳои) суғуртавӣ

    Иттиҳоди (пул) суғуртавӣ – ин иттиҳоди ширкатҳои суғуртавӣ барои як ҷоя суғурта кардани хатарҳои муайян мебошад. Фаъолияти ширкатҳо дар асоси принсипи суғуртаи муштарак ба роҳ монда мешавад. Ҳар як ширкати суғуртавӣ ҳатарҳои суғурташударо ба иттиход супорида, ҳиссаи муайяни ҳаққи суғуртавии  ҷамъкардаи иттиҳодро мегирад ва ба ҳамон ҳисса оид ба  ҷуброни зарар масъулиятро ба зимма мегирад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Суғуртаи муштарак

    Суғуртаи муштарак яке аз усулҳои тақсими хатарҳои калони амволӣ мебошад, вале он ҳангоми суғуртаи масъулият кам истифода бурда мешавад. Тарзи амалӣ гардонидани ин усул оддӣ буда, барои бисёр ҳолатҳо мувофиқ аст, ҳарчанд қазияҳо низ мав ҷуданд.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Намудҳои азнавсуғуртакунӣ

    Азнавсуғуртакунии мутаносиб чунин намуди суғуртаест, ки ҳангоми он седент хатар ва ҳаққи суғуртаи барои суғуртакунӣ бо қабулшударо ҳиссаи бо суғуртакунанда мувофиқашуда (квота) барои азнавсуғуртакунӣ месупорад, суғуртакунанда бошад ба седент бо ҳамон ҳисса зарари пардохткардаи ўро  ҷуброн мекунад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Азнавсуғуртакунии мутаносиб ва номутаносиб

    Намуд ва шаклҳои гуногуни ҳимояи азнавсуғуртакунӣ мав ҷуд аст, ки он хусусияти шартномаҳои азнавсуғуртакуниро муайян менамояд. Шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ ба ду гурўҳи асосӣ тақсим мешаванд: шартномаҳои мутаносиб ва номутаносиб.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Шакли азнавсуғуртакунии облигаторӣ

    Азнавсуғуртакунии облигаторӣ шакли ҳатмии азнавсуғуртакунӣ мебошад, ки ҳангоми татбиқи он ҳамаи суғуртакунандагони дар ҳамон мамлакат амалкунанда аз рўи қонун ўҳдадоранд бо ҳиссаи нишондодашуда ба азнавсуғуртакунандаи муайян (одатан, давлатӣ) ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабул мекардаашро супорад. Ба шартномаи азнавсуғуртакунӣ талабот зиёд аст; шартҳои он бояд аниқ ифода карда шавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ

    Амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ бо усули супоридани хатар барои азнавсуғуртакунӣ ба усулҳои факултативӣ ва шартномавӣ (облигаторӣ) тақсим мешаванд. Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ аз он иборат аст, ки ба азнавсуғуртакунонанда (тседент) ва азнавсуғуртакунанда (тсессионария) имконияти баҳодиҳӣ ба хатарҳое, ки қисман ё пурра барои азнавсуғуртакунӣ супорида шудаанд, дода мешавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Истилоҳоти асосии азнавсуғуртакунӣ

    Азнавсуғуртакунӣ соҳаи то он дара ҷа махсуси муносибатҳои суғуртавие мебошад, ки гузаронидани он бо истилоҳоти ин соҳа алоқаманд аст. Дар поён истилоҳҳои асосии бештар маъмули азнавсуғуртакунӣ оварда мешавад.

  • 2016-05-30Ахмедов Бахром

    Таъиноти азнавсуғуртакунӣ

    Азнавсуғуртакунӣ - ин системаи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки дар раванди онҳо суғуртакунанда хатарро ба суғурта қабул намуда, як қисми масъулияти онро бо назардошти имкониятҳои молиявияш аз рўи шартҳои мувофиқашуда барои мақсадҳои барпо намудани бастаи (портфели) мутавозини суғуртавӣ, таъмини устувории молиявӣ ва даромаднокии амалиёти суғуртавӣ, ба суғуртакунандагони дигар месупорад. Дар як вақт ҳиссаи дахлдори ҳаққи суғурта низ супорида мешавад.

Реклама