TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Мафҳуми шартномаи суғурта

    Шартномаи суғурта – ин шакли ҳуқуқии муносибати дутарафа байни иштирокчиёни суғурта мебошад. Дар асоси шартномаи басташудаи суғурта як тараф (суғурташаванда) ўҳдадор мешавад, ки ҳиссаи муайяни (аъзоёации) суғуртаро пардохт намояд, тарафи дигар бошад (суғуртакунанда) ўҳдадор мешавад ҳангоми фаро расидани м.ҳлати дар шартнома пешбинишуда (ҳолати суғуртавӣ) ба суғурташаванда ё шахси сеюм (манфиатгиранда) зарари расидаро дар доираи дар шартнома муқарраршудаи маблағи суғурта доир ба суғуртаи амвол, барқарор намояд ё дар ҳолати суғуртаи шахсӣ маблағи суғуртаро қисман ё пурра пардохт намояд.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Чораҳои пешгирикунанда дар суғурта

    Суғурта дар ҳифзи амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (суғурташудагон) аз таъсири харобиовари офатҳои табиӣ ва фалокатҳо нақши майян мебозад. Аз ҳисоби пулҳое, ки аз ҳаққи суғурта ҷудо карда мешаванд, чорабиниҳои эҳтиётӣ ва ҷазогӣ бо маблағ таъмин мегарданд (чорабиниҳои эҳтиётӣ барои пешгирии ҳолатҳои суғуртавӣ, чорабиниҳои ҷазогӣ - барои мубориза бо офатҳои баамаломада нигаронида шудаанд).

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Идоракунии хавфу хатар

    Барои татбиқи вариантҳои гуногун, нақшаи вазъиятеро таҳия менамоянд, ки он амалиёти фармоиширо дар сурати рўй додани ин ё он ҳолат ва сабти оқибатҳои интизориро дар бар мегирад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Вазъияти хавфу хатар ва ҳолати суғуртавӣ

    Ширкати суғуртавӣ кори худро ташкил намуда, танҳо бо як хавфу хатари хос - хавфу хатари техникӣ дучор меояд, вай бештар аз дара ҷаи эътимоднокии маълумоти суғуртакунанда дар бораи хавфу хатар ва усулҳои бурдани кори суғурта вобаста аст. Хавфу хатари техникӣ муассисаи суғуртаро водор месозад, ки тамоми системаи суғуртаро такмил дода, дар чораҳои пешгиркунанда бо мақсади кам кардани хавфу хатар ва зарари эҳтимолӣ, фаъолона иштирок намояд. Ширкати суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғурта бояд объекти суғурта, ҳолат ва атрофиёни онро омўзад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Моҳияти хавфу хатар (таваккал), зарар ва подоши суғурта

    Дар суғурта таҳти мафҳуми таваккал хатари саромади номатлуби ягон ҳодиса, зуҳурот ва равандро мефаҳманд. Таваккал - ин инъикоси таҳдиди расидани зарар мебошад. Маҳз эҳсоси хавфу хатар ва мав ҷудияти робитаи байни хатару зарар одамонро ма ҷбур месозад аз эҳтимоли ҷараёни номатлуби вазъият, ки талафи воқеӣ меорад, суғурта кунанд. Хоҳиши инсон оид ба пешгирии хавфу хатар дар кори муқарраргардида - ин роҳи қонеъ гардонии яке аз талаботҳои асосии ў - талабот ба амният мебошад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ ва и ҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти суғуртавӣ

    Танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ бояд инкишофи системаи миллии суғуртавиро таъмин намояд ва ба соҳаи суғурта дар иқтисодиёт назорати таъсирбахш расонад. Заминаи қонунгузории танзими ҳуқуқии бозори суғуртаи миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи суғурта» гузошта шудааст, ки 20-июли соли 1994 қабул гардидааст.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Шаклҳои ташкилии суғурта дар шароити иқтисоди бозорӣ

    Иқтисоди бозории мамлакат ин системаи ба таври чандирӣ танзимшаванда мебошад. Суғурта, аз як тараф ҳамчун як ҷузъӣ ин танзимкунӣ ва таъминкунии истеҳсолоти устувор, ва аз тарафи дигар – чун объекти танзимшавандаи дар доираи қоидаҳои барояш умумӣ ва махсус фаъолияткунанда, амал мекунад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Бозори суғурта ва сохтори он

    Принсипҳои ташкили фаъолияти суғуртавӣ дар рўзҳои мо ба шартҳои умумии иқтисоди бозоргонӣ асос ёфтаанд. Бозори суғурта ин муҳити махсуси и ҷтимоию иқтисодии соҳаи муайяни муносибатҳои иқтисодист, ки дар он объекти хариду фурўш, моли махсус - ҳифзи суғуртавӣ мебошад. Асоси объективии инкишофи бозори суғурта - ин зарурати таъмини раванди бетанафуси такрористеҳсол бо роҳи расонидани кўмаки пулӣ ба зарардидагон дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои пешбининашудаи ногувор мебошад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Суғурта дар Тоҷикистон баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ

    Гарчанде, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бунёди ҷамъиятҳои суғуртавии саҳомӣ, байниҳамдигарӣ ва кооперативӣ, ки бо ширкатҳои суғуртавии давлатӣ рақобат мекарданд, ҳанўз соли 1990 (Қарори Шўрои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои ғайриинҳисорикунонии хо ҷагии халқ», аз 16-январи соли 1990) эълон шуда буд, дар амал ин раванд танҳо соли 1992 баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ татбиқи худро ёфт. Маҳз ҳамин сол дар Ҷумҳурии То ҷикистон ширкати мустақили инвеститсионии суғуртавии «Муин» ташкил шуд.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Суғурта дар Тоҷикистон то соли 1917 ва дар замони Иттиҳоди Шўравӣ

    То Инқилоби Октябри соли 1917 бозори суғурта дар мамалкати мо низ ву ҷуд дошт, зеро, ҷумҳурии мо (як қисми он) ба ҳайати империяи Россия дохил мешуд. Аввалин ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ дар Россия соли 1827 пайдо шуда буд, ки «Аввалин ҷамъияти суғуртавии Руссия аз сўхтор» ном дошт ва ин ташкилот то соли 1835 ягона ташкилоти суғуртавӣ буд.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Саромади суғурта

    Саромади суғурта чунон ба гузаштаҳои дур меравад, ки вақти муайяни пайдоиши онро аниқ намудан имконнопазир аст. Ҳанўз дар давраи ҷамъияти ғуломдорӣ созишномаҳои ихтиёрие мав ҷуд буданд, ки дар онҳо намунаҳои шартномаи имрўзаи суғуртаро мушоҳида кардан мумкин буд. Қоидаҳои қадимтарини суғурта, ки то ба мо расидаанд, дар яке аз китобҳои Талмуд зикр ёфтаанд.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Принсипҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ

    Суғуртаи ҳатмӣ дар ҳамаи системҳои суғуртавии ҷаҳон ву ҷуд дорад. Суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби давлат мутлақо оид ба объектҳои афзалиятноки ҳифзи суғуртавӣ ҷорӣ карда мешавад, зеро нобудшавӣ ё талаф дидани ин объектҳо на танҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба манфиатҳои тамоми ҷомеа низ зарар мерасонад, чунки нобудшавии ин объектҳо давлатро ма ҷбур месозад, ки аз ҳисоби бу ҷети худ ба зарардидагон кўмаки моддӣ расонад.

  • 2016-05-28Ахмедов Бахром

    Суғурта- категорияи иқтисодӣ. Функсияҳои суғурта

    Суғурта ҳамчун категорияи иқтисодӣ системаи муносибатҳои иқтисодиро оид ба ма ҷмўи муносибатҳои сарбастаи азнавтақсимкунии иштирокчиёне, ки аз ҳисоби пардохти аъзоҳақиҳояшон фонди мақсадноки суғуртавӣ бунёд намуда, онро барои ҷуброни зарари эҳтимолии корхонаҳою ташкилотҳо ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фавқулодда, инчунин, ба таъминоти моддии шаҳрвандон ҳангоми ҷой доштани баъзе ҳодисаҳо дар ҳаёти онҳо истифода мекунад, ифода менамояд.

Реклама