TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

    Биотехнология просесси технологиест, ки бо истифодаи системаҳои биологӣ, ё худ организмҳои зинда сурат мегирад. Асоси биотехнологияро дастовардҳои навтарини соҳаҳои илми муосир – биохимия ва биофизика, микробиология ва биологияи молекулавӣ, муҳандисии генетикӣ, химияи антибиотикҳо, иммунология ва ғайра ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки истилоҳи «биотехнология» нисбатан нав аст (солҳои 70 – ўми асри 20 пайдо шудааст), одамон дар замонҳои қадим ҳам бо ин гуна просессҳо шинос буданд. Мисоли равшани он истифодаи хамиртуруш барои нонпазӣ, истеҳсоли ҷурғот, оби ҷав (пиво) ва ғайра.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

    Агар ба таърихи инкишофи табиатшиносӣ бори дигар назар андозем, дида мешавад, ки дар ҳама давру замон вай яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ҳисобида мешавад. Кашфиётҳои илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

    Объектҳои омўзиши табиатшиносии классикӣ (масалан, термодинамикаи асри 19 ва нимаи аввали асри 20) системаҳои содда, пўшида ва нисбат ба вақт баргардандаанд. Вале аксари кули системаҳои воқеӣ чунин намебошанд ва кушодаву мураккабанд. Система кушода номида мешавад, агар вай бо муҳити атрофи хеш дар додугирифти энергия, модда ва информатсия бошад.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

    Агар ба таърихи зиёда аз 2 ҳазору 500 солаи табиатшиносӣ назар андозем, дида мешавад, ки вай хусусан дар се садсолаи охир бо суръати бениҳоят баланд инкишоф ёфтааст. Дар ин муддат дар соҳаи физика аз тасаввуроти натурфалсафии олимони Юнони қадим то манзараи квантию релятивии микро-, макро- ва мегаолам, дар соҳаи химия аз тасаввуротҳои кимиёгарони асримиёнагӣ то химияи квантӣ, дар соҳаи кайҳоншиносӣ аз тасаввуроти геосентрӣ то манзараи муосири астрономии Олам ва дар соҳаи омўзиши табиати зинда аз биологияи тасвирӣ то биологияи молекулавию генетика роҳ паймуда шуд.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

    Табиати зиндаи рўи Замин ниҳоят гуногуншаклу гуногунранг аст. Аз рўи сохти ҳуҷайрагӣ организмҳои зинда ба беҳуҷайра ва ҳуҷайрадорҳо ҷудо мешаванд. Шакли беҳуҷайраи ҳаёт вирусҳо ва фагҳо мебошанд. Вирусҳо мавҷудотанд, ки байни организмҳои зинда ва ғайризинда ҷойгир шудаанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 500 навъи вирусҳо ба қайд гирифта шудаанд.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

    Назарияи эволютсионии Дарвин маҳсули ба ҳам даромехтани (синтези) донишҳои мухталифи назариявӣ ва амалии биологӣ мебошад. Аз ин рў, тасдиқу қабули ин назария соҳаҳои гуногуни биологияро дар бар гирифта, бештар таҳти баҳсу мунозираҳои беамон ва оштинопазири ақидаҳо суръат мегирифт.

  • 2017-10-24Алишер Фозилов

    Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

    Дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ҷолиби диққат, баҳснок ва хамзамон мураккабтарини табиатшиносӣ проблемаи пайдоиши ҳаёт ва табиати зинда ба шумор мерафт. Биология ҳамчун таълимот оид ба ҳаёт ва табиати зинда дар замонҳои қадим пайдо шуда, таърихан чун илми тасвирии щаклу намудҳои гуногуни олами наботот ва ҳайвонот инкишоф ёфтааст.

  • 2017-10-20Алишер Фозилов

    Нишондодҳои методологии астрономияи асри

    Азбаски ҳодисаву просесҳои дар кайҳон ва ҷирмҳои кайҳонӣ ба вуҷуд оянда обьектҳои физикианд, пас бунёди нишондодҳои методологии илми астрономия ва тағйиру ивази онҳо ба тағйиротҳо дар физика алоқамандии бевосита дорад. Аз ин рў нишондодҳои методологии физикаи классикӣ ба бунёди чунин нишондодҳо дар астрономияи классикӣ мусоидат намуданд. Аз асри 18 то миёнаҳои асри 20 нишондодҳои методологии чунини астрономияи классикӣ ташаккул ёфтаанд:

  • 2017-10-20Алишер Фозилов

    Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

    Офтоб, тавре қайд карда будем, яке аз ситораҳои қатории Галактикаи мо – Роҳи каҳкашон буда, дар атрофи он сайёраҳо, кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо давр мезананд. Офтобро ҳамчун кураи оташин тасаввур кардан мумкин аст, ки зичиаш ҳамагӣ 1,4 г/см3 буда, ҳарорати сатҳи берунааш 6000 ºС ва ҳарорати қаъраш 30 – 40 миллион градус мебошад. Вай асосан аз газҳои гидроген ва гелий, ки аз сабаби баланд будани ҳарорат дар ҳолати ионизатсия (плазмашакл) мебошанд, иборат аст. Радиуси кураи офтоб 700 ҳазор км мебошад, яъне аз кураи Замин зиёда аз 100 маротиба калон аст.

  • 2017-10-20Алишер Фозилов

    Проблемаи ҳаёт ва шуур дар Олам ва тамаддунҳои ғайризаминӣ

    Масъалаи ҳаёт, шуур ва тамаддунҳои ғайризаминӣ аз ҷумлаи проблемаҳоест, ки садсолаҳо диққати на танҳо мутахассисон, балки мардуми омро низ ба худ ҷалб мекунад. Оид ба тамаддунҳои ғайризаминӣ хусусан дар осори бадеӣ, дар риштаи фантастикаи он, асарҳои зиёде иншо шудаанд. Аз нимаҳои асри 20 сар карда, ба тавассути маълумотҳои нав ба нави астрономӣ, сохта ба истифода дода шудани асбобҳои пуриқтидор ва фавқулдақиқи мушоҳидаи кайҳон ва оғози

  • 2017-10-19Алишер Фозилов

    Космогонияи ситораҳо ва сайёраҳо

    Агар ба таърихи астрономия назар андозем, маълум мешаванд, ки ҳанўз дар ҳазораҳои сеюм ва дуюми то милод дар Шарқи Қадим, хусусан дар Мисру Бобулистон донишҳои нахустини астрономӣ бо мақсади тартиб додани тақвиму солшуморӣ пайдо шудаанд. Дар айни замон донишҳои астрономии зикршуда асосан дар доираи ақидаҳои астрологӣ ташаккул ёфта буданд.

  • 2017-10-19Алишер Фозилов

    Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс

    Дар ҳама давру замон проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам то ба ҳолати имрўзааш ҳам аз назари маърифат ва ҳам илму фалсафа яке аз масъалаҳои ҳалталаби асрорангез ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки асри 20 бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ, мукаммал шудани заминаҳои техникии мушоҳидаҳои астрономӣ ва оғози фатҳи кайҳон ба масъалаи зикршуда равшанӣ андохт, дар ибтидои асри 21 ҳам паҳлўҳои норавшани пайдоиши Олам боқӣ мондаанд.

  • 2017-10-19Алишер Фозилов

    Синну сол ва сенарияи ояндаи Олам

    Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои космологии асри 20 муайян намудани синну сол ва сенарияи эволютсияи ояндаи Олам ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, агар Олам ибтидо дошта бошад, пас саволи муқаррарие пайдо мешавад, ки аз лаҳзаи ибтидо то имрўз чанд вақт гузаштааст, яъне синну соли Олам чанд аст? Ба ин савол қонуни Хаббл ба осонӣ ҷавоб медиҳад.

  • 2017-10-19Алишер Фозилов

    Эффекти ҷойивазкунии сурх ва афканишоти реликтӣ

    Ҳанӯз соли 1912 (яъне пеш аз бунёди назарияи умумии нисбияти Эйнштейн) астрономи амрикоӣ Весто Слайфер ҳодисаи ба ном «эффекти ҷойивазкунии сурх» – ро кашф карда буд. Вай рӯшноии аз галактикаҳои дигар омадаро мушоҳида намуда, муқаррар кард, ки дар спектри он нисбат ба спектри рӯшноии манбаи беҳаракат (нисбат ба мушоҳидакунанда), хатҳои спектралӣ ба тарафи дарозмавҷи спектр (канори сурхи спектр) ҷой иваз кардаанд. Мувофиқи ҳодисаи физикие, ки эффекти Доплер номида мешавад, ин ҷойивазкунӣ дуршавии галактикаҳо, ё худ васеъшавии Оламро нишон медиҳад.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Модели стандартии эволютсияи Олам ва консепсияи таркиши бузург

    Дар ҳама давру замон одамонро сирру асрори пайдоиши Олам, осмони ситоразор, Офтобу Замин, сабабҳои ивазшавии фаслҳои сол, шабу рӯз ва ғайра ба худ ҷалб менамуданд. Бино бар он, аз қадимулайём, аз замонҳое ки донишҳо оид ба ҳодисаҳои табиат асоси илмӣ (ба маънои имрӯзааш) надоштанд, дар байни мардум ақидаҳои гуногуни асотирӣ, ё худ афсонавӣ оид ба ин масъалаҳо мавҷуд буданд. Ақидаҳои динӣ бошанд пайдоиши Оламу ҷирмҳои осмонӣ ва ҳодисаҳои табиатро амру хости худованд баён менамоянд.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ

    Вақте сухан дар бораи нақшу мақоми химия ва саноати химиявӣ меравад, ҳар як инсони ҳамзамони мо, новобаста аз он, ки оид ба ин соҳа маълумоти илмии кофӣ дорад ё надорад, албатта чанд сухане гуфта метавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Сохти молекула. Бандҳои химиявӣ ва намудҳои он

    Назарияи сохти молекулии моддаҳо яке аз қисмҳои асосии химияи квантӣ ба шумор меравад. Тавре қайд намуда будем, атомҳо тавассути алоқаҳои химиявӣ пайваст шуда, молекулаҳоро ба вуҷуд меоранд. Молекулаҳо ба монанди атомҳо объектҳои квантианд. Онҳо бо таркиб, массаи молекулавӣ ва формулаи сохторӣ ифода карда шуда, аз якдигар бо ин аломатҳо фарқ мекунанд.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Механикаи квантӣ - асоси назариявии химияи асри 20

    Тавре қайд намуда будем, танҳо пас аз пайдоиши механикаи квантӣ ва дар асоси он бунёд шудани химияи квантӣ, илми химия асоси назариявӣ пайдо намуда, системаи донишҳои химиявӣ аз савияи таҷрибавӣ то ба дараҷаи назариявӣ бароварда шуд.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Давраҳои асосии инкишоф ва ташаккули химияи муосир

    Химия яке аз соҳаҳои илми табиатшиносӣ буда, мавзўи омўзиши он элементҳои химиявӣ (атомҳо), моддаҳои содда ва мураккаби аз атомҳо ташкилёфта (молекулаҳо), табдилёбии моддаҳо ва қонунҳои ин табдилёбиҳо мебошад. Химия решаҳои чуқури таърихӣ дошта, одамон ҳанўз ҳазорсолаҳои 4 – 3 пеш аз милод аллакай бо табдилёбиҳои моддаҳои гуногун шинос буда, онҳоро ба манфиати хеш истифода мебурданд. Яке аз шохаҳои қадимтарини илми химия металгудозӣ (металлургия) ба ҳисоб меравад. Гузаштагони дури мо гудохтани мис ва ҳосил намудани хўлаи мису қалъагӣ – биринҷиро аз худ намуда буданд. Сонитар, дар ҳазорсолаи 2 то милод истихроҷи маъдани оҳан ва гудохтани он ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин асбобу анҷомҳои рўзғори чўбину сангин ба асбобҳои оҳанин иваз карда шуданд, ки он барои сабук гардонидани меҳнати ҷисмонӣ мусоидат намуд. Ин ҷо зикр намудан бамаврид аст, ки аз асрҳои 6 – 5 пеш аз милод то давраи Эҳё (асрҳои 15 – 16) химия дар асоси ду таълимоти натурфалсафии атомизм ва чор унсур (обу оташу хоку ҳаво) инкишоф меёфт.

  • 2017-10-18Алишер Фозилов

    Нишондодҳои методологии физикаи муосир

    Тавре қайд намуда будем, проблемаҳои методологии табиатшиносии муосир масьалаҳоеро дарбар мегиранд, ки тамоми соҳаи илмҳои ба тадқиқи табиат вобаста бударо ба ҳам мепайванданд.

Реклама