TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридоти

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-04-27

Арзиши гумрукии моле, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад:
1) тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;
2) тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;
3) тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс;
4) тарҳи арзиш;
5) ҷамъ кардани арзиш;
6) усули эҳтиётӣ.
Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст.
Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асосӣ паёпай усулҳои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули қаблӣ муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулҳои тарҳ ва ҷамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анҷом дода мешавад.
Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулҳои пешбинигардида бояд мутобиқи принсипҳои ҳисоби муҳосибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилотии моли воридотӣ
Арзиши гумрукии моли ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда нархест, ки воқеан пардохт шудааст ё бояд ҳангоми фурўши он барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад.
Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расонидани мол ба фурўдгоҳ, бандар ё маҳали дигари ворид кардани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— арзиши интиқол;
— хароҷоти борбардорӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти харидор;
— музди комиссионӣ ва брокерӣ, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;
— арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте агар мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии ҳориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
— арзиши бастабанд, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) қисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустақиман ё ғайримустақим аз тарафи харидор ба фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истеҳсол ё фурўши моли арзёбишавандаи содиротӣ пешниҳод шуда буд:
— ашёи ҳом, қисмҳо, моли нимтайёр ва маҳсулоти дигари такмилӣ, ки қисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;
— асбобу анҷом, штампу қолабҳо ва ашёи шабеҳи дигаре, ки ҳангоми истеҳсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;
— масолеҳе, ки дар истеҳсоли моли арзёбишаванда харҷ шудааст (равғанҳои молиданӣ, сўзишворӣ ва ғайра);
— тадқиқоти муҳандисӣ, корҳои конструкторию таҷрибавӣ, дизайн, ороиши бадеӣ, нигораву нақшаҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, бевосита барои истеҳсоли моли арзёбишаванда заруранд;
5) роялти ва хироҷ барои додани иҷозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустақиман ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
6) ҳаҷми қисми даромади мустақим ё ғайримустақими фурўшанда аз ҳама гуна фурўши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.
Бояд қайд намоем, ки дар сурати расондани як партия моли номгўи гуногун хароҷоте, ки бояд ба арзиши гумрукии ҳар яке аз моли воридотӣ дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибқи ҳаҷме, ки бо таносуби арзиши ҳар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.
Инчунин ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтҳо ва хароҷот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онҳо аз нархи барои моли воридотӣ воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарҳ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани ёрии техникӣ баъди ворид кардани чунин таҷҳизот ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) хароҷоти расонидан баъди ворид шудани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.
Дар Тоҷикистон усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридотӣ барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:
1) нисбати ҳуқуқ барои ихтиёрдорӣ ё истифода мавҷуд будани маҳдудият аз ҷониби харидори моли арзёбишаванда, ба истиснои:
— маҳдудиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд;
— маҳдудиятҳои минтақаи ҷуғрофӣ, ки дар он мумкин аст мол бозфурўшӣ шавад;
— маҳдудиятҳое, ки ба арзиши мол таъсири ҷиддӣ намерасонанд;
2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муомилоте, ки нишонаҳои хариду фурўш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:
— ройгон;
— бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фурўш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштани ҳуқуқи моликият ба воридкунанда пешбинӣ менамояд;
— ба унвони филиалҳои (намояндагиҳои) худ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз тарафи шахси ҳуқуқии ҳориҷӣ;
— мувофиқи қарордоди иҷораи молиявии молу мулк (лизинг);
— бо мақсади нигаҳдошти муваққатӣ;
— ҳамчун партови истеҳсолот бо мақсади истифодабарии ғайритиҷории он;
— бо мақсади ивази кардани моли (маснуоти такмилӣ) дорои сифати номатлубе, ки барояш мўҳлати кафолат муқаррар шудааст;
— тибқи дигар муомилот;
3) фурўш ё нархи муомилот ба риояи шартҳое вобастагӣ дорад, ки баҳисобгирии таъсири онҳо имконнопазир аст ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумрукӣ қобили қабул намебошад:
— шартномаи мубодила (мена);
— шартномаҳои пешбиникунандаи амалиёти толлингӣ;
— шартномаҳои контрактатсия;
— дигар намудҳои шартномаҳо;
4) маълумоте, ки декларант ҳангоми арзи арзиши гумрукӣ истифода бурдааст, бо санадҳо тасдиқ нашудааст ва ё миқдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;
5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумрукӣ мутобиқи талаботи ҳамин модда ҳамчун асос қобили қабул намебошад. Зимнан мафҳуми шахсони ба якдигар вобаста ба маънои шахсонест, ки яке аз нишонаҳои зеринро қонеъ мекунанд:
— яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила ҳамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;
— ширкаткунандагони муомила соҳиби муштараки корҳона ҳисоб мешаванд;
— иштирокчиёни муомила бо муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманданд;
— яке аз шахсон мустақиман ва ё ғайримустақим панҷ ва ё бештар аз панҷ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи дар муомилаи ҳар яке аз иштирокчиёни муомила буда ё аъзоҳақии дар сармояи оинномавии ҳар кадоми иштирокчиёни муомиларо молик аст ё назорат менамояд;
— иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими шахси сеюм қарор доранд;
— иштирокчиёни муомила муштаракан шахси сеюмро ба таври мустақим ва ё ғайримустақим назорат менамоянд;
— яке аз иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими иштирокчии муомила қарор дорад;
— иштирокчиёни муомила ё шахсони мансабдори онҳо хешовандони наздиканд.
Бояд қайд намоем, ки вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила барои ғайри қобили қабул ҳисоб кардани нархи муомила асоси кофӣ буда наметавонад. Дар ин ҳолат мақоми гумрук бояд ҳолатҳои иловагии муомиларо омўзад ва нархи онро, агар вобастагии мутақобила ба нарх таъсир накарда бошад, мумкин аст барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода барад.
Муайян карда шудааст, ки агар мақоми гумрук далел ва асосе дошта бошад, ки вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила ба нархи мол таъсир кардааст, ба декларант (бо ҳоҳиши декларант ба шакли хаттӣ) дар хусуси имконияти пешниҳоди маълумоти иловагӣ тавсия медиҳад, ки ба нархи мол таъсир нарасондани вобастагии мутақобиларо тасдиқ менамояд.
Бо ташаббуси декларант мумкин аст арзиши муомила ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол қабул шавад, ба шарте агар декларант исбот намояд, ки ин арзиш ба яке аз арзишҳои зерини тақрибан муқарраршуда наздик аст:
1) ба арзиши муомилотии моли шабеҳ ё ҳамҷинс ҳангоми содир намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иштирокчиёне, ки ба ҳамдигар вобастагӣ надоранд;
2) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки бо усули тарҳ кардани арзиш муайян шудааст;
3) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинс, ки бо усули ҷамъ кардани арзиш муайян шудааст.
9. Нархҳое, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, бо назардошти тафовутҳои зерин тасҳеҳ карда мешаванд:
1) тафовут дар сатҳи тиҷоратӣ;
2) тафовут дар миқдор;
3) тафовут дар унсурҳо (хароҷот), ки дар қисми 2 моддаи 355 КГҶТ зикр шудаанд;
4) тафовут дар хароҷоти дигари фурўшанда, ки ҳангоми муомилаи шахсони ба ҳамдигар новобаста ба миён меояд, ба шарте ки фурўшанда ҳангоми муомила бо шахси вобаста чунин хароҷот накунад.
Бояд қайд намоем, ки нархи моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, наметавонад бар ивази нархи муомила барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда шавад.

Дидан карданд: 1048

Реклама