TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Усули муайян кардани арзиши гумруки тибқи нархи муомилоти моли шабех

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-04-27

Дар Тоҷикистон ҳангоми истифодаи усули муайян кардани арзиши гумрукии нархи муомилоти моли шабеҳ ҳамчун асоси муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи муомилоти моли шабеҳ бо шарти риояи ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида истифода карда мешавад.
Ба ақидаи мо, таҳти моли шабеҳ моле фаҳмида мешавад, ки бо моли арзишашон муайяншаванда тибқи хусусиятҳои зерин шабеҳ аст:
1) хусусияти физикӣ;
2) сифат ва қурб дар бозор.
Ҳангоми истифодаи усули арзиши гумрукӣ дар асоси ҳамин модда:
1) мол ба моли арзёбишаванда шабеҳ ҳисоб намеёбад, агар мол дар давлати истеҳсолшудаи моли арзишашон муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол кардааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте, агар моли шабеҳи арзишаш муайяншавандаи шахси истеҳсолкарда мавҷуд набошад;
3) мол шабеҳ ҳисобида намешавад, агар корҳои тарҳрезӣ, таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:
— ба харидор аз тарафи фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон ба мақсади истифода дар истеҳсолот ва фурўш барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад;
— дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ ҳамроҳ карда нашудааст.
Бояд қайд намоем, ки фарқияти ночиз дар намуди зоҳирӣ барои баррасӣ нашудани ин мол ҳамчун моли шабеҳ асос шуда наметавонад, ба шарте агар ин гуна мол ба талаботи ҳамин модда ҷавобгў бошад.
5. Нархи муомилоти моли шабеҳ барои муайян намудани арзиши гумрукии онҳо ҳамчун асос қабул карда мешавад, ба шарте агар ин мол:
1) барои ворид намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шуда бошад;
2) ҳамзамон бо моли арзиши гумрукиаш муайяншаванда ё камаш то 90 рўзи тақвимӣ пеш аз воридоти моли арзишаш муайяншаванда ворид карда шуда бошад;
3) тақрибан ба ҳамон миқдор ва ҳамон сатҳи тиҷоратӣ ворид карда шуда бошанд.
Инчунин агар мол ба ҳамон миқдор ва сатҳи тиҷоратӣ (яклухт, чакана) ворид нашуда бошад, мумкин аст арзиши моли монанди ба миқдори дигар ва дараҷаи тиҷоратии дигар воридшуда (яклухт, чакана) бо тасҳеҳи нарх, бо назардошти ин фарқиятҳо истифода карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки агар арзиши хароҷоте, ки дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ зикр шуда барои моли шабеҳ ба сабаби фосилаи роҳ ва навъи воситаи нақлиёт аз арзиши чунин хароҷоти моли арзишашон муайяншаванда бисёр фарқ кунад, арзиши гумрукӣ, ки тибқи муомилоти моли шабеҳ муайян карда мешавад, бояд ба таври дахлдор тасҳеҳ карда шавад.
Ба ақидаи мо молҳои шабеҳ бояд мувофиқи талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 7 моддаи 356 КГҶТ дар асоси маълумоти аниқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда тасҳеҳ карда шаванд.
Агар дар натиҷаи истифодаи усули мазкур зиёда аз як нархи муомилоти моли шабеҳ пайдо шавад, барои муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ нархи аз ҳама пасти онҳо истифода карда мешавад.

Дидан карданд: 909

Реклама