TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Таъиноти азнавсуғуртакунӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Азнавсуғуртакунӣ - ин системаи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки дар раванди онҳо суғуртакунанда хатарро ба суғурта қабул намуда, як қисми масъулияти онро бо назардошти имкониятҳои молиявияш аз рўи шартҳои мувофиқашуда барои мақсадҳои барпо намудани бастаи (портфели) мутавозини суғуртавӣ, таъмини устувории молиявӣ ва даромаднокии амалиёти суғуртавӣ, ба суғуртакунандагони дигар месупорад. Дар як вақт ҳиссаи дахлдори ҳаққи суғурта низ супорида мешавад.
Ватани азнавсуғуртакунӣ Олмон ҳисобида мешавад. Нахустин  ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ дар Кёлн соли 1846 таъсис ёфтааст, минбаъд  ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен пайдо шуд.
Дар айни ҳол  ҷамъияти азнавсуғуртакунии Кёлн калонтарин  ҷамъияти касбии Олмон мебошад.  Ҷамъоварии ҳаққи суғуртаи он бештар аз 2 млрд. маркаро ташикил медиҳад. Дар 18 мамлакати дунё намояндагӣ дорад. Ин  Ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен соли 1880 махсус барои гузаронидани амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ таъсис дода шуда буд. Дар айни замон вай аз  ҷиҳати  ҷамъоварии ҳа ҷми ҳаққи суғурта – 12 млрд. марка - дар  ҷаҳон устуворан  ҷои якўмро ишғол мекунад. Захираҳои техникӣ – бештар аз 25 млрд. марка як ҷоя бо 1,4 млрд.маркаи фондҳои кафолатнок – ба  ҷамъият имкон медиҳанд ҳиссаи хеле калони хатарро барои азнавсуғуртакунӣ қабул намояд. Ширкатҳои азнавсуғуртакунӣ дар дигар системаҳои суғуртавии  ҷаҳон низ ву ҷуд доранд.
Ҳанўз соли 1915 профессори Донишгоҳи Киев Воблий дар китоби «Асосҳои суғуртаи иқтисодӣ» масъалаҳои азнавсуғуртакуниро ошкор карда буд: амалияи суғуртакунӣ бояд бо азнавсуғуртакунӣ вобаста карда шавад, ки ин қимати хатарҳоро афзоиш медиҳад; ҳар як  ҷамъияти суғуртавӣ барои маблағи суғурта, ки онро ба ивази хатараш мегирад, барои худ ҳа ҷми олии хатарҳоро муайян менамояд; хатарҳои дигарро бояд ташкилотҳои дигар гиранд; тақсими ибтидоии хатар – суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ – тақсими дуюми хатар ва ин раванд секарата ва аз ин ҳам зиёдтар, ки ба истилоҳ ретросессия ном дорад, давом карда метавонад.
Дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ ду тараф иштирок менамоянд: ширкати суғуртавӣ, ки хатарро месупорад ва дигар ширкати суғуртавӣ, ки масъулияти хатарро ба худ қабул мекунад.
Суғуртакунандае, ки бо азнавсуғуртакунанда дар бораи азнавсуғуртакунӣ шартнома бастааст, мутобиқи шартномаи суғурта дар назди суғурташуда дар ҳа ҷми пурра чун шахси масъул боқӣ мемонад.
Ҳангоми рўй додани ҳодисаи суғуртавӣ, азнавсуғуртакунанда дар ҳа ҷми пурраи ўҳдадории қабулкардааш оид ба азнавсуғуртакунӣ масъулият дорад.
Муносибатҳои суғуртакунандагон оид ба азнавсуғуртакунӣ бо шартномаи байни онҳо танзим карда мешавад.
Вазифаи асосии азнавсуғуртакунӣ тақсими дубораи хатар мебошад.
Дар нати ҷаи азнавсуғуртакунӣ ва ретросессия ба ҳиссаҳо  ҷудо кардани хатарҳо, тақсими масъулият дар байни шумораи калони  ҷамъиятҳои суғуртавӣ, чӣ дар бозори дохилии суғуртавӣ ва чӣ дар байни бозори хори ҷии суғуртавӣ, ба даст оварда мешавад.
Азнавсуғуртакунии хатарҳо дар байни ширкатҳои суғуртавии давлатҳои гуногун моҳиятан намуди дигари савдо мебошад. Объекти фурўш кафолатҳои суғуртавӣ (хизматгузорӣ оид ба суғутакунӣ) ба ҳисоб меравад.
Да бозори суғурта азнавсуғуртакунии фаъолона ва ғайрифаъолона мав ҷуд мебошад. Азнавсуғуртакунии фаъолона аз қабули хатарҳои хори ҷӣ барои пардохт ё фурўши кафолатҳои суғуртавӣ иборат аст. Азнавсуғуртакунии ғайрифаъолона маънои ба азнавсуғуртакунандагони хори ҷӣ додани хатарҳои худӣ ё хариди кафолатҳои суғуртавиро дорад.
Азнавсуғуртакунӣ ба таъмини устувории молиявии суғуртакунанда таъсири ҳалкунанда мерасонад.
Якўм, дар ҳар кадом намуди алоҳидаи суғурта шумораи зиёди хатарҳои калон ё махсусан калон ба таври ногузир мав ҷуд аст, ки онҳоро як ширкати суғурта пурра ба зиммаи худ гирифта наметавонад. Дар мавриди хатарҳои махсусан калон ширкат метавонад қабули онҳоро бо назардошти имкониятҳои молиявии худ ё маҳдуд намуда, бо роҳи суғуртаи муштарак бо дигар ширкатҳои суғуртавӣ, ки дар ҳамон бозор ё бозорҳои гуногун фаъолият менамоянд, амалӣ кунад, ё бо назардошти супоридани як қисми он ба ширкати дигари суғурта ё ширкате, ки машғули азнавсуғуртакунӣ мебошад, ҳиссаи калони хатарро қабул намояд. Маҳз бо кадом роҳ амал намудани ширкати суғурта аз намуди интихобшудаи суғурта вобаста аст. Муҳим он аст, ки ширкати суғуртавӣ дар ҳолати фаро расидани хатарҳои махсусан калон дара ҷаи масъулияташро нисбат ба ўҳдадориҳои қабулкардааш кам карда, худро беҳтар ҳимоя мекунад. Ба ибораи дигар, «хатарҳои калон» дар портфели ширкат ба дара ҷае расонида мешаванд, ки ба ширкати суғурта имконият медиҳанд онҳоро бидуни хатар ба худ қабул намояд.
Дуюм, бо ёрии азнавсуғуртакунӣ калавиши нати ҷаҳои фаъолияти ширкати суғуртавиро дар давоми якчанд сол баробар кардан мумкин аст. Дар азнавсуғуртакунӣ ҳамон принсипҳои тақсимоти хатар, ки дар суғуртакунӣ  ҷой доранд, амал менамоянд. Ба нати ҷаҳои фаъолияти ширкати суғурта дар давоми як сол талафи  ҷиддӣ аз шумораи зиёди пардохти суғуртавӣ, ки сабабаш рўй додани як ҳодисаи суғуртавӣ мебошад, ё нати ҷаҳои хеле бади тамоми бастаи (портфели) суғуртавӣ дар давоми сол, таъсири номусоид расонида метавонанд. Ин калавишҳоро азнавсуғуртакунӣ ба мувозинат медарорад. Бо ҳамин восита устувории нати ҷаҳои фаъолияти ширкати суғуртавӣ дар давоми солҳои тўлонӣ ба даст оварда мешавад ва ин барои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда хеле муҳим аст.
Ин мулоҳизаҳоро  ҷамъбаст карда гуфтан мумкин аст, ки ширкати суғурта ба азнавсуғуртакунӣ эҳтиё ҷ дорад, то ки барои пўшонидани талаф аз хатарҳои ягона ва калон, талаф дар нати ҷаи ҳодисаҳои фалокатовар ё талафи хатарҳо дар мавриди рўй додани ҳодисаҳои сершумори суғуртавӣ, имконият дошта башад. Вай ин корҳоро дар нати ҷаи суғурта кардани хатарҳо қисман аз ҳисоби азнавсуғурташудагон ан ҷом медиҳад. Ба ибораи дигар азнавсуғуртакунанда ба ширкати суғуртавӣ кўмаки молиявӣ мерасонад, то ки вай фаъолияташро васеъ карда тавонад. Ин ҳолат ба суғуртакунанда, ки барои ворид шудан ба бозор ва васеъ кардани имкониятҳои ширкати суғуртавӣ манфиатдор аст, хеле муҳим мебошад. Вай ин амалро карда наметавонад, агар бе таҳдид ба устувории молиявии худ танҳо қисми ками хатарҳои калонро қабул намояд.
Ба туфайли азнавсуғуртакунӣ суғуртакунанда имкон дорад шумораи нисбат ба азнавсуғуртакунӣ бештари хатарҳоро барои суғурта қабул намояд. Ин ба ширкати суғуртавӣ имкон медиҳад қонуни «рақамҳои калон» ва принсипи асосии суғуртаро татбиқ намояд, ки мувофиқи он аксарият бояд зарари якчанд нафарро пўшонанд. Ширкати суғуртавӣ ҳар қадаре, ки бештар шартнома бандад, ҳамон қадар бастаи (портфели) суғуртавии он бештар мутавозин мегардад ва дар даъвоҳои ба он пешниҳодшуда калавиш оид ба пардохтҳои суғуртавӣ камтар мешавад. Азнавсуғуртакунӣ ба суғуртакунанда имкон медиҳад феҳристи хатарҳоеро, ки барои суғурта қабул карда мешаванд, васеъ намуда, шумораи зиёдтари намудҳои суғуртаро фаро гирад. Ин ба суғуртакунанда имкон медиҳад активҳои ширкатро дар ҳолати ногаҳон ба амал омадани нати ҷаҳои номусоид дар яке аз намудҳои мушаххаси суғурта ҳимоя кунад.
Ҳамин тариқ азнавсуғуртакунӣ, новобаста аз ҳа ҷми сармояи худӣ ва захираҳои суғуртавӣ, шарти зарурии таъмини устувории молиявӣ ва фаъолияти мўътадили ҳар гуна суғуртакунанда мебошад. Мувофиқи қонуни «рақамҳои калон», ки суғурта ба он асос меёбад, ма ҷмўи амали рақами калони омилҳои тасодуфӣ дар баъзе шароитҳои умумӣ ба нати ҷае оварда мерасонад, ки аз ҳодисаи алоҳида қариб вобаста намебошад. Объектҳои суғуртаи арзишашон тахминан баробар ва дорои эҳтимолияти рўй додани ҳодисаи суғуртавӣ чӣ қадар бештар аз  ҷониби ширкати суғурта қабул шуда бошад, бастаи (портфели) суғуртавӣ (ма ҷмўи объектҳои суғурташуда) ҳамон қадар устувортар гардида, нати ҷаи амалиётҳои суғуртавӣ пешакӣ ба қадри кофӣ аниқ ҳисоб карда мешавад.
Тавассути азнавсуғуртакунӣ на фақат ҳимояи портфели суғуртавӣ аз таъсири сислсилаи ҳодисаҳои калони суғуртавӣ ё ҳатто як ҳодисаи фалокатнок ба даст оварда мешавад, инчунин пардохти маблағи  ҷуброни суғуртавӣ оид ба ҳамин гуна ҳодисаҳо, ки ба дўши як ширкати суғуртавӣ бори гарон аст, коллективона аз  ҷониби ҳамаи иштирокчиёни азнавсуғуртакунии объекти дахлдор, ан ҷом дода мешавад.
Дар шароити ҳозира консентратсияи азими сарватҳои моддӣ ва, вобаста ба ин, афзоиши мабалғҳои суғуртавӣ оид ба шумораи калони объектҳои суғурта ба амал меояд: иқтидори борбардории ҳамаи намудҳои нақлиёт, ҳамчун нати ҷаи он - арзиши худи воситаи нақлиёт ва борҳои бо он кашондашаванда, меафзояд, заводҳои азим сохта мешаванд, суғуртаи қимати кайҳонӣ, суғуртаи техникаи электронии ҳисоббарорӣ ва ғ. пайдо мешавад.
Ягон ширкати суғурта бидуни таъминоти устувори азнавсуғуртакунӣ, ки аз маблағи таҳти масъулияташ қарордошта зиёд мебошад, чунин хатарҳоро барои суғурта қабул карда наметавонад. Дар бисёр ҳолатҳо арзишҳои суғуртавии мансуб ба суғуртаи хатар чунон бузург ва хафноканд, ки барои пурра суғурта кардани онҳо нерўи баъзе бозорҳои суғурта кифоя намекунад. Дар ин гуна мавридҳо хатар ба воситаи азнавсуғуртакунӣ ба дигар хатарҳои суғуртавӣ, аз  ҷумла ба мамлакатҳои хори ҷӣ бо мақсади ноил шудан ба азнавтақсимкунии зарари имконпазир аз  ҷониби суғуртакунандагони бисёр, гузаронда мешавад.
Қонуни  Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи 22) асоси устувории молиявии суғуртакунандагонро, дар баробари фонди оинномавии пардохтшуда ва мав ҷудияти захираҳои суғуртавӣ, инчунин дар ҳатман мав ҷуд будани системаи азнавсуғуртакунӣ, муқаррар менамояд. Ба ғайр аз ин, дар моддаи 24-и Қонуни мазкур гуфта шудааст, ки «барои таъмини қобилияти пардохтпазирии худ суғуртакунандагон вазифадоранд таносубҳои меъёрии байни дороиҳо ва ўҳдадориҳои суғуртавии қабулкардаашонро риоя намоянд. Методикаи ҳисоби ин таносубҳо ва ҳа ҷми меъёрии онҳоро идораи Назорати давлатии суғуртавии Вазорати молияи  Ҷумҳурии То ҷикистон муқаррар мекунад».
Мутобиқи методикаи Назорати давлатии суғуртавии мазкур суғуртакунандагон дар сурати риоя нашудани шартҳои зерин бояд як қисми ўҳдадориҳои дар назди суғурташудагон доштаи худро барои азнавсуғуртакунӣ супоранд:

S = (А-Yk) ·5% , 100% = 0,05 (А-Yk),

Дар ин  ҷо S – маблағест, ки суғуртакунанда ҳуқуқ дорад ба он оид ба намуди мазкури суғурта шартнома бандад; А – ҳа ҷми дороиҳои суғуртакунанда; Yk – ҳа ҷми сармояи оинномавии пардохтшуда; 5 фоиз - нисбати меъёрии фоизи ҳаққи суғуртаи воридшуда бар сармояи пардохтшудаи намуди мазкури суғурта.
Мутобиқи шартҳои и ҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ масъулияти ҳадди аксар оид ба хатари алоҳидаи суғуртаи ҳаёт, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо, суғуртаи тиббӣ ва суғуртаи масъулияти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 10 фоизи воситаҳои худии суғуртакунанда зиёд буда наметавонад. Дар намудҳои алоҳидаи суғурта масъулияти ҳадди аксар оид ба пан ҷ хатари калонтарини бастаи (портфели) суғуртавӣ аз ҳа ҷми дукаратаи воситаҳои худӣ зиёд буда наметавонад.
Аз  ҷониби суғуртакунанда риоя намудани чунин шартҳои фаъолияташ, ҳангоми барои азнавсуғуртакунӣ фурўхтани масъулияти суғуртавӣ оид ба объектҳои суғурташуда, қобилияти пардохтпазирии суғуртакунандаро дар ҳолати ба амал омадани зарарҳои (талафи) фавқулодда кафолат медиҳад.
Вобаста ба ғайриинҳисорӣ шудани соҳаи суғурта дар  Ҷумҳурии То ҷикистон аз соли 1992 бисёр ширкатҳои суғуртавии дорои шаклҳои гуногуни моликият пайдо шуданд. Аммо ягон ширкати суғуртавӣ дар  ҷумҳурӣ хатари худро дар ташкилотҳои дигари азнавсуғуртакунанда аз нав суғурта намекунад, чунки то ҳол дар кишвари мо ширкатҳои азнавсуғуртакунӣ ву ҷуд надоранд. Та ҷрибаи ба ширкатҳои хори ҷии азнавсуғуртакунӣ баромадан ҳам мушоҳида намешавад.
Раванди ғайриинҳисоркунонии соҳаи суғурта баъди пошхўрии собиқ Иттифоқи Шўравӣ таъсис ёфтан ва фаъолият кардани ширкатҳои бисёри суғуртавии дорои шаклҳои гуногуни моликият зарурати азнавсуғуртакуниро масъалаи рўзмарра гардонид.

Дидан карданд: 873

Реклама