TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Истилоҳоти асосии азнавсуғуртакунӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Азнавсуғуртакунӣ соҳаи то он дара ҷа махсуси муносибатҳои суғуртавие мебошад, ки гузаронидани он бо истилоҳоти ин соҳа алоқаманд аст. Дар поён истилоҳҳои асосии бештар маъмули азнавсуғуртакунӣ оварда мешавад.
Азнавсуғуртакунонанда (седент) – суғуртакунандае, ки барои суғурта хатарро қабул намудааст ва як қисми арзиши онро барои азнавсуғуртакунӣ ба суғуртакунандаи дигар супоридааст.
Азнавсуғуртакунанда (сессионарий) – якўм, суғуртакунандае, ки хатарро барои азнавсуғуртакунӣ қабул кардааст; дуюм, ширкати суқуртавие, ки танҳо барои азнавсуғуртакунӣ махсус гардонда мешавад.
Бордеро – феҳристи барои суғурта қабулшудаи хатарҳо, ки аз нав суғурта карда мешаванд ва дар он маблағи суғуртавӣ, мўҳлат ва ҳаққи пардохтшавандаи суғурта нишон дода шудааст, аз  ҷониби азнавсуғуртакунонанда ба азнавсуғуртакунанда дар мўҳлати дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ нишон додашуда фиристода мешавад.
Бордерои зарарҳо – феҳристи зарарҳои арзшуда ва пардохткардаи суғуртакунанда (бо нишон додани сана ва ҳа ҷми онҳо), ки бояд аз  ҷониби азнавсуғуртакунанда  ҷуброн карда шавад.
Тантема – азнавсуғуртакунонанда хатарро барои азнавсуғурта кардан супорида, ба тантема, яъне барои гирифтани подош (комиссия) аз фоидае, ки азнавсуғуртакунанда мувофиқи нати ҷаҳои гузориши шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба даст оварда метавонад, ҳуқуқ дорад. Тантема ҳар сол аз маблағи фоидаи софе, ки ширкати азнавсуғуртакунӣ ба даст овардааст, пардохт карда мешавад ва шакли ҳавасмандгардонии азнавсуғуртакунонандагон аз  ҷониби азнавсуғуртакунанда дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ ва эҳтиёткорона бурдани корҳо мебошад.
Ретротседент – ширкати суғуртавӣ ё азнавсуғуртакунӣ, ки хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшударо ба ретротсессия месупорад.
Ретротсессия – раванди минбаъда супоридани хатарҳои барои азнавсуғуртакунии пештар қабулшуда. Бо ёрии ретротсессия  ҷудошавӣ ва тақсимоти минбаъдаи масъулият дар байни шумораи калони суғуртакунандагон ба даст оварда мешавад, аксар вақт дар шартномаи азнавсуғуртакунӣ эзоҳоти «бидуни ҳуқуқи ретротсессия» дохил карда мешавад.
Депои ҳаққи суғурта – захираҳои (як қисми ҳаққи суғурта) аз  ҷониби суғуртакунанда нигоҳдошташуда ҳангоми азнавсуғуртакунӣ чун кафолати аз  ҷониби азнавсуғуртакунанда и ҷро намудани ўҳдадориҳояш оид ба хатари тседиронии (супоридашудаи) истифодашаванда. Баъди итмоми шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба азнавсуғуртакунанда аз тарафи тседент пурра пардохта мешавад.
Хатари супоридашаванда - хатари азнавсуғурташаванда номида мешавад. Раванде, ки бо супоридани хатар алоқаманд аст, тседиронии хатар ё тсессияи азнавсуғуртакунӣ номида машавад.

Дидан карданд: 696

Реклама