TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ бо усули супоридани хатар барои азнавсуғуртакунӣ ба усулҳои факултативӣ ва шартномавӣ (облигаторӣ) тақсим мешаванд.
Усули факултативии азнавсуғуртакунӣ аз он иборат аст, ки ба азнавсуғуртакунонанда (тседент) ва азнавсуғуртакунанда (тсессионария) имконияти баҳодиҳӣ ба хатарҳое, ки қисман ё пурра барои азнавсуғуртакунӣ супорида шудаанд, дода мешавад. Шартномаи азнавсуғуртакунии факултативӣ - ин муомилоти фардӣ буда, асосан ба як хатар дахл дорад. Он ба иштирокчиёни шартнома озодии пурра муҳайё мекунад: азнавсуғуртакунонанда ҳуқуқ дорад ягон намуди масъулиятро пешниҳод намояд, азнавсуғуртакунанда бошад, пешниҳоди азнавсуғуртакунонандаро қабул ё рад кунад ва шартҳои мутақобили шартномаро пешбарӣ намояд. Дар ин имконияти баҳодиҳии фардӣ ба хатар хусусияти фарқкунандаи усули азнавсуғуртакунии факултативӣ баён меёбад. Масъалаи ҳар кадом хатар алоҳида баррасӣ ва ҳал карда мешавад. Азнавсуғуртакунанда хатарро барои азнавсуғуртакунӣ супорида, ҳуқуқ дорад ба фоидаи худ маблағи комиссиониро нигоҳ дорад, ки он вобаста ба хатар то 40 фоизи брутто-ҳаққи суғуртаро ташкил дода метавонад. Маблағҳои комиссионии бадастомада таъиноти пўшонидани харо ҷоти аквизатсияи суғурта ва ба расмият даровардани онро доранд. Аквизатсияи (ноил мегардам, ба даст меоварам) суғурта - ин фаъолият оид ба  ҷалб кардани шартномаҳои нави суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.
Камбудии асосии азнавсуғуртакунии факултативӣ аз ин иборат аст: азбаски азнавсуғуртакунанда дар ҳалли масъалаи қабули хатари пешниҳодшаванда барои азнавсуғуртакунӣ ва рад кардани он озодии пурра дорад, дар вақти рух додани ҳодисаи суғуртавии хатар метавонад, ё дар ҳолати азнавсуғурташавӣ, ё қисман азнавсуғурташуда қарор дошта бошад. Ин ба азнавсуғуртакунанда имкон намедиҳад, ки талафро берун аз имкониятҳои неруии молиявиаш пурра  ҷуброн кунад.

Дидан карданд: 664

Реклама