TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Шакли азнавсуғуртакунии облигаторӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Азнавсуғуртакунии облигаторӣ шакли ҳатмии азнавсуғуртакунӣ мебошад, ки ҳангоми татбиқи он ҳамаи суғуртакунандагони дар ҳамон мамлакат амалкунанда аз рўи қонун ўҳдадоранд бо ҳиссаи нишондодашуда ба азнавсуғуртакунандаи муайян (одатан, давлатӣ) ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабул мекардаашро супорад. Ба шартномаи азнавсуғуртакунӣ талабот зиёд аст; шартҳои он бояд аниқ ифода карда шавад.
Мувофиқи шартҳои шартномаи азнавсуғуртакунӣ седент ўҳдадор аст ҳамаи хатарҳоеро, ки дар шартнома муфассал навишта шудаанд (масалан, ҳамаи шартномаҳои оид ба намудҳои хавфноки суғурта в.ғ.), супорад. Ин чунин маъно дорад, ки азнавсуғуртакунанада ўҳдадор аст ҳамаи хатарҳоро қабул намояд: аз ў дар ҳар ҳолати алоҳида пурсида намешавад, ки чӣ фикр дорад ва ба хатар чӣ хел баҳо медиҳад. Зиёда аз ин, бо мулоҳизаҳои иқтисодӣ седент бояд ҳуқуқи интихоби хатарро бо салоҳдиди худ дошта бошад, дар мавриди мушаххас ҳаққи суғуртаро муқаррар намояд, нисбати шартномҳои азнавсуғурташуда чораҳои зарурии маъмурӣ андешад ва ҳа ҷми зарарро, ҳамон тавре, ки ба манфиатҳои умумӣ бо азнавсуғуртакунанда зарур аст, муайян кунад.
Дар та ҷрибаи мамолики хори ҷӣ шакли азнавсуғуртакунии облигаторӣ бештар дучор мешавад. Асбаски ҳанўз дар  Ҷумҳурии То ҷикистон ширкатҳои суғуртавии азнавсуғуртакунӣ мав ҷуд нестанд, ин намуди суғурта татбиқ карда намешавад.
Дар замони Шўравӣ кори суғурта дар инҳисорияти давлат буд ва методикаи (унсурони) азнавсуғуртакунии облигаторӣ оид ба намудҳои хавфноки суғурта дар тамоми қаламрави собиқ Иттифоқ татбиқ карда мешуд. Аммо он - «азнавсуғуртакунии облигаторӣ» не, балки «фонди мутамаркази эҳтиётӣ» номида мешуд. Ин чунин маъно дошт, ки ҳар ташкилоти суғурта (суғуртаи давлатии  ҷумҳурии иттифоқӣ) қисми муайяни ҳаққи суғурта (пардохтҳо) – ро оид ба намудҳои хатарноки суғурта ба таври ҳатмӣ ба суғуртаи давлатии Иттифоқ барои барпо кардани фондҳои мутамаркази эҳтиётӣ мефиристод. Дар ҳолати пайдо шудани ҳодисаҳои суғуртавии фалокатнок ва нокифоя будани маблағи фондҳои Суғуртаи давлатии Иттифоқӣ, норасоии  ҷуброни суғуртавӣ маҳз аз ҳамин фондҳои мутамаркази эҳтиётӣ пардохт мешуданд.
Масалан, суғуртаи давлатии То ҷикистон аз фонди мутамаркази мазкур маблағи калони  ҷуброни суғуртавиро дар соли 1984 барои заминларзаи ноҳияи  Ҷиргатол, дар соли 1985 - барои заминларзаи Қайроққум гирифта буд.
Аз Фонди мутамаркази эҳтиётии суғуртаи давлатии Иттифоқ маблағи дахлдоро Арманистон барои заминларзаи Степанокерт гирифта буд в.ғ.

Дидан карданд: 666

Реклама