TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Намудҳои азнавсуғуртакунӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Азнавсуғуртакунии мутаносиб чунин намуди суғуртаест, ки ҳангоми он седент хатар ва ҳаққи суғуртаи барои суғуртакунӣ бо қабулшударо ҳиссаи бо суғуртакунанда мувофиқашуда (квота) барои азнавсуғуртакунӣ месупорад, суғуртакунанда бошад ба седент бо ҳамон ҳисса зарари пардохткардаи ўро  ҷуброн мекунад.
Шартномаи квотӣ шакли оддии шартномаи азнавсуғуртакунӣ мебошад.
Мувофиқи шартҳои ин шартнома ширкати суғурта бо ҳиссаи бо азнавсуғуртакунанда мувофиқашуда хатари оид ба намуди муайяни суғурта ё гурўҳи суғуртаҳои бо ҳам наздикро, ки барои суғурта қабул шудааст, бе ягон истисно барои аз нав суғуртакунӣ месупорад. Бо ҳамон ҳисса ба азнавсуғуртакунанда ҳаққи суғуртаи ба ў дахлдошта супорида мешавад ва ў ба азнавсуғуртакунонанда бо ҳамон ҳисса ҳамаи зарари мутобиқи шартҳои суғурта пардохтшударо  ҷуброн мекунад.
Аммо бо назардошти он, ки маблағи суғурта оид ба баъзе хатарҳои барои суғурта қабулшуда метавонад бисёр бошад, иштироки азнавсуғуртакунанда одатан бо меъёри (лимити) муайяни масъулият оид ба як хатар маҳдуд карда мешавад, яъне ба иштироки ҳатмии азнавсуғуртакунанда дар ҳиссаи муқаррашудаи ҳар кадом хатар нигоҳ накарда, вай масъулияти зиёда аз ин меъёрро ба зимма гирифта наметавонад.
Масалан, ҳиссаи азнавсуғуртакунанда оид ба ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда дар ҳа ҷми 10 фоиз муқаррар карда мешавад, аммо масъулияти ў оид ба ҳар кадоми онҳо набояд аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд башад.
Азнавсуғуртакунанда хатарҳоро барои азнавсуғуртакунӣ супорида, барои комиссия ба фоидаи худ, ки он вобаста ба намудҳои суғурта аз 20 то 40 фоизи брутто-ҳаққи суғуртаро ташкил дода метавонад, инчунин барои иштироки муайян дар фоидаи имконпазири азнавсуғуртакунанда, ки аз рўи хатарҳои барои суғурта қабулкардааш ба даст овардааст, ҳақ дорад.
Камбудии асосии шартномаи квотӣ дар он аст, ки гоҳо зарурати бо ҳиссаи калон азнавсуғурта кардани хатари начандон калон ва хавфи  ҷиддӣ надошта, ки дар ҳолати дигар ширкати суғуртавӣ онро таҳти масъулияти худ метавонист нигоҳ дорад ва маблағи калони ҳаққи суғуртаро ҳифз намояд, пайдо мешавад.
Шартномаи зкседентӣ. Омили асосӣ дар механизми азнавсуғуртакунӣ оид ба шартномаи экседентӣ ба ном «нигоҳдории худи ширкати суғуртавӣ» мебошад, ки дар аксар ҳолатҳо дара ҷаи аз  ҷиҳати иқтисодӣ асосноки маблағро, ки дар доираи он ширкат қисми муайяни хатарҳои суғурташудадаро таҳти масъулияти худ нигоҳ дошта, бахши аз онҳо барзиёдро барои азнавсуғуртакунӣ месупорад, ифода мекунад.
Ширкати супоранда, чун қоида, меъёри (лимити) масъулияти худӣ ё нигоҳдории худиро ба маблағи муайян, ки ба ҳамаи хатарҳои суғуртавӣ оид ба як намуди суғурта нисбат дорад, муқаррар менамояд. Масалан, агар нигоҳдории худии ширкат ба 100 ҳазор сомонӣ мувофиқ бошад, ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда дар доираи ин мабалағ таҳти масъулияти ширкат боқӣ монда, аз он зиёдааш барои азнавсуғуртакунӣ супорида мешавад.
Мутобиқи шартҳои шартномаи экседентӣ ҳамаи хатарҳои барои суғурта қабулшуда, ки маблағи суғуртавии онҳо аз нигоҳдории худи ширкат зиёд аст, барои азнавсуғуртакунӣ дар доираи меъёри муайян ё экседен, яъне маблағи нигоҳдории худии ширкат, ки ба шумораи карати муайяншуда зарб зада шудааст, супорида мешавад.
Чунончӣ, маблағи экседен мумкин аст аз 10 ҳиссаи баробар иборат бошад, ки ҳар кадоми онҳо ба маблағи нигоҳдории худӣ баробар аст, аз ин рў маблағи умумии ҳа ҷми шартнома, аз  ҷумла нигоҳдории худӣ - 11 ҳиссаро ташкил медиҳад. Агар азнавсуғуртакунанда барои азнавсуғуртакунӣ ду ҳиссаро қабул кунад, он гоҳ масъулияти ў 2/10 ё 1/5 ҳиссаи маблағи экседентро ташкил мекунад. Масалан, агар барои суғурта хатар бо маблағи суғуртавии 200 ҳазор сомонӣ қабул шуда, нигоҳдории худӣ ба 50 ҳазор сомонӣ баробар бошад, он гоҳ 150 ҳазор сомонӣ маблағи экседенро, ки ба азнавсуғуртакунанда рост меояд, ташкил дода, маблағи масъулияти ҳар кадоми онҳо ба ҳа ҷми иштирок дар шартнома мутаносиб мегардад: ҳангоми ду ҳисси иштирок (1/5 ҳисса аз маблағи экседент) масъулияти азнавсуғуртакунанда 30 ҳазор сомониро (1/5 ҳиссаи 150 ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад.
Мутаносибан ба маблағи нигаҳдории худӣ ва ҳиссаи иштироки азнавсуғуртакунандагон дар шартнома тақсими ҳаққи суғурта ва зарарҳои пардохтшуда сурат мегирад.
Барои азнавсуғуртакунии хатарҳое, ки маблағи суғуртавии онҳо аз ғун ҷоиши шартномаи экседенти якум зиёд аст (дар мисоли мо - 500 ҳазор сомонӣ), ширкати супоранда метавонад шартномаи экседенди дуюмро дошта бошад, масалан, ҳадди аксари масъулиятро ба мабалғи 2 млн. сомонии зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ, ки бо шартномаи экседенти якум пўшонида мешавад. Дар мавриди зарурӣ ширкат метавонад шартномаҳои экседентҳои сеюм ва чорўм дошта бошад.
Унсури мураккабтарини шартномаи экседентӣ - муқаррар намудани нигоҳдории айниятдор ва аз  ҷиҳати иқтисодӣ асосноки худии ширкати супоранда мебошад. Дар ҳақиқат, агар меъёри (лимити) нигаҳдории худӣ ба дара ҷаи паст муқаррар шуда бошад, ширкати суғуртавӣ ма ҷбур мешавад барои азнавсуғуртакунӣ қисми зиёдатии ҳаққи суғуртаро супорад, ки онро дар сурати дуруст муайян кардани нигоҳдории худӣ нигоҳ дошта метавонист. Аммо агар меъёри (лимити) нигоҳдории худӣ аз ҳад баланд бошад, дар доираи чунин меъёр ширкати супоранда ма ҷбур мешавад, ки миқдори калони зарарҳоро пардохт намояд, ки ин дар нати ҷаҳои  ҷараёни корҳо оид ба нигоҳдории худӣ метавонад ба таври номусоид инъикос ёбад.      Та ҷриба нишон медиҳад, ки варианти нисбатан мувофиқи меъёри нигаҳдории худиро дар асоси маълумотҳои омории оид ба 5-10 сола ва дар шароити устувории нисбии таркиби портфели суғуртавии ширкати супоранда метавон муқаррар кард.
Як қатор омилиҳое мав ҷуданд, ки дар сурати дуруст пайвастанашон чун асоси муайян намудани варианти мувофиқи меъёрҳои нигаҳдории худӣ хизмат карда метавонанд:
- ҳа ҷми ҳаққи суғурта, ҳангоми фарқияти, андаке аз шумораи умумии хатарҳо ҳар қадар зиёд бошад, меъёри нигоҳдории худӣ ҳамон қадар зиёд буда метавонад;
- амалиёти намуди мутобиқи суғурта ҳар қадар фоиданоктар бошад, меъёри маблағбоздории худӣ ҳамон қадар баланд буда метавонад;
- тақсимоти худудии объектҳои суғурташуда – объектҳо дар як минтақа ҳар қадар бештар  ҷойгир шаванд, меъёри нигоҳдории худӣ ҳамон қадар камтар муқаррар карда мешавад;
- ҳа ҷми харо ҷот барои корбарӣ - агар чунин харо ҷот аз ҳад зиёд бошад, меъёри нигаҳдории худӣ бояд тавре муқаррар карда шавад, ки як қисми харо ҷот ба зиммаи азнавсуғуртакунандагон гузошта шавад ё аз ҳисоби ҳавасмандгардонии комиссионӣ пўшонда шавад, ки онро ширкати пешниҳодкунанда ба фоидаи худ аз ҳаққи суғуртавии оид ба хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ зиёда аз нигаҳдории худӣ додашаванда, дошта мегирад.
Азнавсуғуртакунии номутаносиб
Азнавсуғуртакунии номутаносиб намуди азнавсуғуртакуниест, ки фаро расидани масъулияти азнавсуғуртакунандаро пешбинӣ менамояд, агар ҳа ҷми мувофиқашудаи зарар ё зарарнокӣ зиёд карда шуда бошад.
Шартномаи экседенти зарар шакли паҳншудаи азнавсуғуртакунии номутаносиби пўшондан мебошад ва барои ҳимояи бастаҳои (портфелҳои) суғуртавии ширкатҳо оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта аз зарарҳои бештар калон ва ғайричашмдошт хизмат мекунад. Мувофиқи шартҳои ин шартнома воситаи азнавсуғуртакунӣ танҳо вақте қудрат пайдо мекунад, ки маблағи ниҳоии зарари хатари суғурташуда дар нати ҷаи ҳодисаи суғуртавӣ ё силсилаи ҳодисаҳои суғуртавӣ, ки оқибати ҳамон як рўйдод мебошад, аз маблағи шартшуда зиёд бошад.
Масъулияти азнавсуғуртакунандагон зиёда аз ин маблағ бо меъёри муайян маҳдуд карда мешавад, масалан 1 млн. сомонии зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ афзалияти ширкати гирифтадиҳанда ба шумор меравад.
Ба ибораи дигар, азнавсуғуртакунандагон бо ҳиссаи ширкаташон дар шартнома зарарҳоро ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ, вале дар доираи 1 млн. сомонӣ оид ба ҳар кадоми онҳо пардохт мекунанд. Масалан, агар зарар 150 ҳазор сомонӣ бошад, ҳиссаи азнавсуғуртакунандагон дар он 50 ҳазор сомонӣ, агар 1,5 млн. сомонӣ бошад, ҳиссаи азнавсуғуртакунандагон маблағи ҳадди аксари масъулияти онҳоро ташкил мекунад.
Аз паси эксенденти якўми зарар экседенти дуюм мумкин аст ба амал ояд, ки онро талаботи ширкат муайян менамояд.
Ҳаққи суғуртае, ки ба азнавсуғуртакунандагон – иштирокчиёни шартномаҳои экседенти зарар ҳисоб карда мешавад, одатан бо фоизҳои муайян нисбат ба брутто-ҳаққи суғурта оид ба бастаи (портфели) суғуртавии ҳимоякунанда муқаррар карда мешавад. Аммо азбаски дар аввали амали шартнома мумкин аст танҳо маблағи баҳогӣ ё интизории ҳаққи суғурта маълум бошад, аввал маблағи муайяни пешпардохти ҳаққи суғурта – ба ном «депозити ҳаққи суғурта» ё ҳаққи суғуртаи депозитӣ бо азнавҳисобкунии минбаъдаи маблағи охирини ҳаққи суғурта дар асоси маблағи воқеии бадастомадаи брутто-ҳаққи суғурта дар давраи дахлдор меафзояд.
Шартномаи экседенти зарарнокӣ ё шартномаи «стоп-лосс». Мувофиқи шартномаи зкседенти зарарнокӣ ширкати суғуртавӣ оид ба намуди муайяни суғурта нати ҷаҳои умумии гузаришро дар ҳолате ҳимоя мекунад, ки агар зарарнокӣ аз фоиз ё ҳа ҷми дар шартнома шартшуда зиёд бошад. Андозаи зарарнокӣ, ки зиёда аз он шартнома амал мекунад, одатан тавре муқаррар карда мешавад, ки ширкати супоранда барои ситондани ягон фоидаи молиявӣ оид ба масъулияти ба зимааш вогузошта имконият надошта бошад, яъне шартнома мақсад дорад, ки фоидаро ба ширкати супоранда кафолат надиҳад, балки онро аз талафи иловагӣ ё фавқулодда ҳимоя кунад. Меъёри масъулияти азнавсуғуртакунандагон оид ба шартномаи экседенти зарарнокӣ дар доираи фоизи муайяни зарарнокӣ, масалан, дар ҳудуди зарарнокии аз 100 то 150 фоиз дар як сол ё маблағи мутлақ муқаррар карда мешавад.
Бо ву ҷуди он, ки шартномаҳои экседенти зарарнокӣ солҳои охир васеъ паҳн шудаанд, тадбиқи онҳо танҳо дар ҳолатҳое мувофиқи мақсад аст, ки дар намудҳои муайяни суғурта нати ҷаҳои  ҷараёни корҳо қатъиян калавиш доранд ё як ва ё якчанд ҳодисаҳои суғуртавӣ метавонанд ба нати ҷаҳои ниҳоии соли дахлдор таъсири зиёд расонанд. Шартномаҳои экседенти зарарнокӣ инчунин  ҷадвали муқаррарии ҳимояи портфели суғуртавиро пурра карда метавонанд, яъне, масалан, барои пурра кардани пўшониши азнавсуғуртакунӣ дар асоси шартҳои мутаносиб метавонанд амал кунанд.

Дидан карданд: 867

Реклама