TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Иттиҳоди (пулҳои) суғуртавӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Иттиҳоди (пул) суғуртавӣ – ин иттиҳоди ширкатҳои суғуртавӣ барои як ҷоя суғурта кардани хатарҳои муайян мебошад. Фаъолияти ширкатҳо дар асоси принсипи суғуртаи муштарак ба роҳ монда мешавад. Ҳар як ширкати суғуртавӣ ҳатарҳои суғурташударо ба иттиход супорида, ҳиссаи муайяни ҳаққи суғуртавии  ҷамъкардаи иттиҳодро мегирад ва ба ҳамон ҳисса оид ба  ҷуброни зарар масъулиятро ба зимма мегирад.
Квотаи аъзогии иттиҳоди суғуртавӣ мутаносибан ба ҳа ҷми ҳаққи суғуртаи ба деги умумӣ супоридааш муайян карда мешавад ё дар созишномаи шартномавӣ муқаррар карда мешавад. Иттиҳоди суғуртавӣ азнавсуғуртакунии хатарҳои калонтаринро ташкил карда метавонад. Иттиҳодҳои суғуртавӣ дар хори ҷа дар суғуртаи хатарҳои авиатсионӣ, атомӣ, ҳарбӣ, масъулият ва ғ. инкишоф ёфтаанд. Мақомоти роҳбарии иттиҳодҳои суғуртавӣ аз ма ҷлиси умумии аъзоён, садорат (кумита), мақоми марказии маъмурӣ, ки роҳбарии оперативии фаъолияти иттиҳоди суғуртавиро ба  ҷо меоварад, иборат аст.
Камбудии иттиҳоди суғуртавӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фалокатноки суғуртавӣ зарарро бояд пурра ё дар доираи нигоҳдории бозор ширкатҳои суғуртаи як мамлакат пардохт намоянд.
 Ҷойгиркунии суғурта – ин усули тавассути брокерҳо суғурта кардани хатарҳои калони на як, балки суғуртакунандагони сершумор мебошад. Мувофиқи ин усул брокер ба ҳу ҷ ҷати махсус, ки слип номида мешавад, маълумотро дар бораи хатар ва шартҳои суғуртаи он дохил мекунад ва аввал ба суғуртакунандае, ки он ба ном сарвар ба ҳисоб рафта, мутахассиси соҳаи хатари суғурташуда мебошад, муро ҷиат мекунад ва ба ў «иштирокро дар суғуртаи он» пешниҳод менамояд. Сарвар шартҳои суғуртаро маъқул дониста, ҳиссаи муайяни хатарро таҳти масъулияти худ қабул менамояд, ки он ба слип қайд карда мешавад. Сипас брокер то ба даст овардани пўшонидани суғуртаи хатар ба ма ҷмўи пурраи маблағи суғуртавӣ ба дигар суғуртакунандагон бо ҳамин таклифҳо мунтазам муро ҷиат мекунад ва баъд хатар  ҷоба ҷошуда ҳисобида мешавад.
Иттиҳоди азнавсуғуртакунӣ – ин иттиҳоди суғуртакунандагон барои ташкили ҳимояи азнавсуғуртакунӣ мебошад. Ҳар як ширкати суғурта суғуртакуниро мустақилона мегузаронад (назар ба иттиҳоди суғуртавӣ) ва ба иттиҳод фақат қисми масъулияти қабулшударо дар асоси имконияти молиявии  ҷуброни зарари эҳтимолӣ месупорад. Иттиҳоди азнавсуғуртакунӣ хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ додашавандаро дар байни аъзои худ тақсим намуда, чун миёнарав (брокер) амал мекунад. Бисёр иттиҳодҳо фаъолияти суғуртакунӣ ва азнавсуғуртакунро бо ҳам мепайванданд.
Дар амалияи азнавсуғуртакунии даҳсолаҳои охир, махсусан дар мамлакатҳои тарақикунанда, пулҳо (фондҳои умумӣ) паҳн шудаанд. Оид ба ин намуди азнавсуғуртакунӣ иштирокчиёни иттиҳод, ки одатан ҳамаи ширкатҳои суғуртавии бозор мебошанд, аз рўи созишномаи ихтиёрии байни худ ё мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, ҳамаи хатарҳои мансуби азнавсуғуртакунии аз маблағи нигоҳдории худӣ барзиёдро аз рўи тамоми бастаи (портфели) суғурта, ё оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта, ё ҳатто оид ба хатарҳои муайяни махсуси калон, ба иттиҳод месупоранд.
Дар асоси хатарҳои барои азнавсуғуртакунӣ қабулшуда шартномаи азнавсуғуртакунӣ барпо карда мешавад, ки дар он ба аъзои иттиҳод барои иштирок мутаносибан ба маблағи ҳаққи суғуртаи ба иттиҳод супоридаашон дар доираи меъёрҳои мувофиқашудаи масъулият имконият дода мешавад.

Ҳамин тариқ бо ин намуди азнавсуғуртакунӣ истифодаи пурраи имкониятҳои молиявии ширкатҳои суғуртаи бозор оид ба қабули хатарҳо барои азнавсуғуртакунӣ ба даст оварда мешавад, ё чунон ки мегўянд, ғун ҷоиши бозори суғуртаи мазкур пурра истифода бурда мешавад.

Дидан карданд: 744

Реклама