TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Худсуғуртакунӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Мафҳум ва моҳияти худсуғуртакунӣ
Худсуғуртакунӣ бунёди фондҳои захиравии худии субъектҳои хо ҷагидорӣ барои дар бозори ти ҷоратӣ пўшондани ҳолатҳои суғуртавӣ чун алтернатива ба суғурта мебошад. Худсуғуртакунӣ ҳамон вақт маънӣ дошта метавонад, ки, агар субъекти хо ҷагидорӣ барои бунёди чунин фондҳо имкон дошта бошад, зеро худсуғуртакунӣ назар ба суғуртаи муқаррарӣ дар бозори ти ҷоратӣ арзонтар меафтад. Тартиби истифодаи фондҳои захиравӣ барои худсуғуртакунӣ дар Оиномаи субъекти хо ҷагидорӣ пешбинӣ карда мешавад.
Чунин субъектҳои хо ҷагидорӣ оид ба худсуғуртакунӣ қарор қабул мекунанд, ки имкониятҳои молиявиашон барои чунин сарф кофӣ буда, харо ҷоти онҳо бо роҳи гузаронидан ба фонди худ назар ба сатҳи маблағи суғуртаи ти ҷоратӣ камтар мешаванд, зеро харо ҷоти маъмурию фоидаи ширкати суғуртавиро сарфа мекунанд.

Афзалияти худсуғуртакунӣ

Афзалияти худсуғуртакуниро ба таври зайл ифода кардан мумкин аст:
- ҳисса ҷудокунӣ ба фонди худсуғуртакунӣ бояд кам бошад, зеро харо ҷоти ҳавасмандии комиссионии намояндаи суғурта ё брокер, харо ҷоти маъмурӣ ва фоидаи ширкати суғуртавӣ ву ҷуд надоранд;
- даромад аз маблағгузорӣ ба суғуртакунанда боқӣ мемонад. Онро барои афзониши фонд ё минбаъд кам кардани ҳисса ҷудокунӣ ба фонди мазкур истифода бурдан мумкин аст;
- харо ҷоти суғуртакунанда барои худсуғуртакунӣ намеафзояд, зеро ба онҳо та ҷрибаи манфии даъвоҳои суғуртавӣ дар дигар фирмаҳо таъсир намерасонад;
- ҳавасмандии бевосита мав ҷуд аст, ки хавфи талаф кам ва назорат карда шавад;
- оид ба даъвоҳо бо ширкатҳои суғуртавӣ баҳсҳо ба миён намеоянд;
- азбаски худсуғуртакунӣ хоси ташкилотҳои калон аст, дар онҳо кормандони боихтисоси суғурта ҳастанд, ки ин фондро идора мекунанд;
- фоида аз фаъолияти фонд ба ихтиёри суғуртакунанда ворид мегардад.

Камбудиҳои худсуғуртакунӣ

Камбудиҳои худсуғуртакунӣ аз инҳо иборатанд:
- зарари ҳалокатовар, ҳар қадар он дур бошад ҳам матавонад, боиси қатъ шудани фаъолияти фонд ва муфлисшавии ташкилот гардад;
- ташкилот, вақте ки зарари алоҳидаро пардохт кунад ҳам, таъсири як ҷояи якчанд зарар метавонад, мисли таъсири зарари ҳалокатовар бошад, махсусан солҳои аввали мав ҷудияти фонд;
- сармоя бояд барои маблағгузориҳои кўтоҳмуддат ва бозоргир истифода бурда шавад, ки онҳо шояд чунин даромади хубро таъмин карда натавонанд, чуноне ки самтҳои васеи маблағгузории ба ширкати суғуртавӣ дастрасбуда таъмин менамояд;
- бинобар афзудани шумораи кормандон барои бурдани амалиёти худсуғуртакунӣ шояд харо ҷоти иловагӣ лозим ояд;
- барои истифодаи маслиҳати касбии ширкатҳои суғуртавӣ оид ба пешгирии хавфу хатарҳо имкониятҳо ву ҷуд надоранд. Мумайизони ширкати суғуртавӣ та ҷрибаи ғании бо бисёр фирмаҳо ва ихтисосҳои гуногун кор карданро доранд ва ин донишҳо барои суғуртакунандагон муфид буда метавонанд;
- маълумотҳои оморие, ки ташкилот оид ба даъвоҳои суғуртавӣ мегирад, кофӣ нестанд, ки харо ҷотҳои оянда оид ба даъвоҳо дақиқ пешгўи карда шаванд;
- танқиди саҳҳомон ва кормандони шўъбаҳои дигар нисбати гузаронидани маблағи зиёд барои бунёди фонд, кам шудани дивидендҳои соли  ҷорӣ, ба даст омадани даромади кам аз маблағгузорӣ назар ба он даромадҳое, ки дар сурати ба соҳаи истеҳсолии ин ташкилот маблағгузорӣ кардан гирифта мешуданд, аз эҳтимол дур нест;
- ҳангоми ба амал омадани душвории молиявӣ майл аз кафолатҳое, ки фонд таъмин мекард, худро маҳрум сохта, аз маблағи фонд истифода бурдан;
- ба идоракунандагони фонд бо мақсади пўшонидани зарари суғуртанашуда мумкин аст фишор оварда шавад, дар нати ҷа маблағе, ки барои истифодаи мақсадҳои муайян пешбинӣ шудааст, кам мешавад ва ҳамин тариқ самти таҳлил имконнопазир мегардад;
- яке аз принсипҳои асосии суғурта – принсипи вогузории хавфу хатар вайрон карда мешавад;
- ҳақсупории ба фонд равонашударо чун маблағи андозбандинашаванда шуморидан мумкин нест, ҳол он ки ин нисбати мабалғи суғурта одатан номумкин шуморида мешавад.

Ҷамъияти суғуртаи ҳамдигар (ЧСХ)

Ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои калони суғуртавӣ бо расонидани зарари ҳалокатовар фонди корхонаи алоҳида (бо усули худсуғуртакунӣ бунёдшуда) мумкин аст барои рафъи онҳо нокифоя бошад. Танҳо фонди муттаҳидаи субъектҳои бисёри хо ҷагидорӣ, яъне шахсони ҳуқуқӣ ва алоҳида, метавонад фонди назарраси барои барҳам додани оқабатҳои зарари калон қобили суғурта бунёд намояд.
Бунёди  ҶСҲ барои иттифоқи субъектҳои миёна ва калони хо ҷагидорӣ хос аст. Инҳо метавонанд заводу фабрикаҳо, соҳибони хонаҳо, донишкадаҳои олии ти ҷоратӣ, бонкҳо ва ғайра бошанд. Масалан,  ҶСҲ-ро якчанд субъекти хо ҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият, корхонаҳои миёна ё калон оид ба истеҳсоли маҳсулоти муайян ё ташкилотҳои машғули фаъолияти муайян бунёд карда метавонанд.
Ин корхонаҳо ё ташкилотҳо мустақилона муттаҳид шуда, барои суғурта аз хавфу хатарҳои муайяни дар фаъолияташон  ҷойдошта ва  ҷуброни зарар дар сурати пайдоиши ин хавфу хатарҳо (заминларза, обхезӣ, садама, фалокатҳои истеҳсолот, фавтидан ё захмдор шудани коргарон ҳангоми и ҷрои кор ва ғ.) дар бораи бунёди  ҶСҲ қарор қабул карда метавонанд.
Барои рафъ сохтани оқибатҳои ин ҳодисаҳо – ҳолатҳои суғуртавӣ - аъзои  ҶСҲ фонди суғуртаро ташкил медиҳанд, ки он ҳар сол аз ҳисоби маблағи узвияти онҳо пурра мегардад. Шумораи иштирокчиёни  ҶСҲ ҳар қадаре, ки зиёд бошад, суғурта ҳамон қадар дастрас ва самарабахш мегардад. Агар аъзои  ҶСҲ даҳҳо ё садҳо корхонаю ташкилотҳо бошанд, имконият пайдо мешавад, ки аз ҳисоби ҳаққи камтарини узвият зарари калонтарини узви  ҶСҲ  ҷуброн карда шавад. Яъне, дар ин  ҷо принсипи асосии суғурта амал мекунад - тақсими зарар дар байни иштирокчиёни суғурта. Идоракунии фонди суғуртаро бо мувофиқаи ҳамаи аъзои  ҶСҲ ба яке аз иштирокчиёни фонд супоридан мумкин аст.
Тавассути  ҶСҲ инчунин маблағи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳуриро дар фонди ягона  ҷамъ оварда, ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ оқибатҳои онҳоро барҳам додан мумкин аст. Зеро заминларза, жола, обхезӣ ё дигар офатҳои табиат дар як қисми қаламрави мамлакат ба амал омада метавонанд ва фонди ягонаи аз маблағи узвияти ҳукуматҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ташкилёфта, барои рафъ сохтани оқибатҳои дар ноҳияҳои алоҳидаи аз ин офатҳо зарардида кифоят кунад. Ҳукуматҳо метавонанд ин фондро тавассути  ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии амволи аҳолӣ бунёд намоянд, ки онро дар вақташ суғуртаи давлатӣ барҳам дода буд. Як қисми манзилро, масалан, 40 фоизи онро суғуртаи ҳатмӣ кардан мумкин аст. Афзалияти истифодаи суғурта тавассути  Ҷамъияти суғуртаи ҳамдигарӣ аз он иборат аст, ки мақсаду вазифаҳои  Ҷамъият мисли ширкатҳои ти ҷоратии суғуртавӣ на барои ба даст овардани фоида, балки комилан барои ҳимояи манфиатҳои амволии аъзои  ҶСҲ нигаронида шудааст. Яъне, фонди суғурта, ки тавассути маблағҳои аъзои  ҶСҲ бунёд ёфтааст, пурра барои барҳам додани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои ногаҳонӣ равона карда мешавад.
Омили муҳими амали  ҶСҲ дар  ҷумҳурӣ, инчунин аз он иборат хоҳад буд, ки маблағи фонди  ҶСҲ, ҳангоми ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ пурра барои рафъ сохтани зарари расондаи офатҳо ва барқарор намудани раванди мунтазами истеҳсолот ва фаъолияти дигар равона карда мешавад. Ин дар навбати худ таъмини музди меҳнат ба коргарон, фоида ба корхонаҳо ва пардохти доимии андоз ба бу ҷаи давлат мебошад. Ва аз ҳама асосӣ, давлат ҳангоми пайдоиши оқибатҳои манфии қувваи табиат ё дигар ҳодисаҳои номусоид барои рафъи оқибатҳо бу ҷети худро холӣ намекунад.
Бинобар он ки  ҷамъиятҳои суғуртаи ҳамдигарӣ дар системаҳои суғуртаи  ҷаҳон қисми назарраси майдони суғуртаро ишғол менамоянд ва бо ҳамин бо ширкатҳои суғуртавӣ рақобат мекунанд, ширкатҳои мазкур онҳоро танқид мекунанд ва ба андозае ба фаъолияти  ҶСҲ халал мерасонанд. Масалан, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни  ҶТ «Дар бораи суғурта», ки таҳиягари он Суғуртаи давлатӣ буд, ба ин Қонун дар бораи  ҶСҲ моддае дохил набуд. Ин модда дар ҳамаи қонунҳои  ҷумҳуриҳои ИДМ дар бораи суғурта, аз  ҷумла дар Қонуни Федератсияи Россия «Дар барои суғурта», мав ҷуд аст.
Дар  Ҷумҳурии То ҷикистон асоси ҳуқуқиро  ҶСҲ дар Кодекси граждании  ҶТ (моддаи 1055) соҳиб шуд, ки дар он гуфта шудааст: «Хусусияти мақоми ҳуқуқии  Ҷамъияти суғуртаи ҳамдигар ва шароити фаъолият мутобиқи Кодекси мазкур, Қонуни  Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи суғуртаи ҳамдигар» муайян карда мешавад. Аммо то ҳол чунин қонун дар  ҷумҳурӣ қабул нашудааст. Бо ву ҷуди ин дар асоси моддаи мазкури Кодекси граждании  Ҷумҳурии Точикистон, дар айни ҳол,  ҶСҲ бунёд карда, дар як вақт ба таҳияи лоҳиаи қонуни номбаршуда шурўъ кардан мумкин аст.
Мутобиқи банди 2, моддаи 1055 КГ  ҶТ  Ҷамъияҳои суғуртаи ҳамдигар амвол ва манфиатҳои амволии аъзои худро суғурта мекунанд ва ташкилотҳои ғайрити ҷоратӣ мебошанд.  ҶСҲ танҳо дар ҳолате ти ҷоратӣ буда метавонад, ки бо суғуртакунандагони узви  ҷамъият набуда, шартномаи ихтиёрии суғурта бандад, дар ин маврид ба  Ҷамъият зарур аст, ки барои фаъолияти суғуртавӣ аз Назорати давлатии суғуртаи Вазорати молияи  ҶТ и ҷозатнома гирад.
Афзалияти суғуртаи хавфу хатарҳо тавассути  ҶСҲ нисбат ба суғуртаи ширкатҳои суғуртавӣ аз инҳо иборат аст:
- ба фонд маблағи суғурта гузаронидани аъзои  ҶСҲ бояд кам бошад, зеро харо ҷоти ба ном «Коргузорӣ» (подоши комиссионӣ ба намояндаи суғурта ё брокер, харо ҷоти маъмурӣ) ва фоидаи ширкатҳои суғуртавӣ дар бозори суғурта ву ҷуд надоранд;
- дар сурати рух надодани ҳолатҳои суғуртавӣ дар соли ҳисоботӣ маблағи фонди суғурта дар ихтиёри  ҶСҲ боқӣ мемонад. Агар хавфу хатари корхонаҳоро ширкати суғуртавӣ суғурта мекард, ҳангоми рух надодани ҳолати суғуртавӣ ҳаққи суғурта тибқи шартномаи суғурта дар ҳисоби ширкати суғуртавӣ боқӣ мемонд ва суғуртакунанда дар сурати барқарор шудани шартномаи суғурта ба ширкати суғуртавӣ барои соли (суғуртавии) оянда такроран ҳаққи суғурта пардохт мекард;
- маблағи фондро инвеститсия кардан мумкин аст ва даромади инвеститсия дар ихтиёри  ҶСҲ боқӣ мемонад. Онро барои афзоиши фонди суғурта ё барои дар оянда кам кардани маблағи узвият ба фонд метавон истифода бурд;
- шавқмандии бевосита ву ҷуд дорад, ки бо роҳи гузаронидани чораҳои пешгирӣ (чораҳои эҳтиётӣ) хавфи зарар кам ва назорат карда шавад, яъне, барои маблағгузории чораҳои пешгирии фалокатҳо, талаф ё зарари амволи суғурташуда ва ғ. захира ба ву ҷуд оварда шавад;
- бо ширкатҳои суғурта доир ба даъвоҳо тибқи шартномаи суғурта баҳсҳо ба миён намеоянд;
- азбаски  ҶСҲ ба ташкилотҳои миёна ва калон хос аст, онҳо кормандони ихтисосноки соҳаи суғурта доранд, ки ин фондро идора кунанд;
- маблағи узвияти фонди  ҶСҲ-ро чун маблағи андозбандишаванда шуморидан мумкин нест, чунки маблағи барои фонди суғурта  ҷудошуда бояд ба арзиши аслии хизмати корхона мансуб дониста шавад. Маблағи андозбандишаванда метавонанд фақат дивидендҳое бошанд, ки аз инвеститсияи як қисми маблағи фонди суғурта ба даст омадаанд.
Дар ибтидо ҳангоми  ҷорӣ намудани  ҶСҲ дар  ҷумҳурӣ ва додани и ҷозат ба субъектҳои хо ҷагидорӣ барои тавассути  ҶСҲ суғурта кардани хавфу хатари худ, чунон, ки дар боло гуфтем, Кодекси Граждании  ҶТ ё Қонуни  Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи ташкилотҳои  ҷамъиятӣ» ҳамчун асос ҳисоб меёбад, ки дар онҳо таъсиси фондҳо и ҷозат дода мешавад. Ба ғайр аз ин, таъсиси фонди суғурта дар худи оиномаи субъекти хо ҷагидорӣ пешбинӣ карда мешавад. Аммо дар ибтидои фаълияти  ҶСҲ (то баромадани Қонуни  Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи  ҷамъиятҳои суғуртаи ҳамдигар») онҳоро бо дастурамалҳое бояд таъмин намуд, ки талаботи дахлдорро ба қоидаҳои кори  ҷамъият муқаррар ва манфиатҳои аъзои худро ҳимоя намоянд. Ба ғайр аз ин, и ҷрои қоидаҳо ва инчунин  ҷаримаи дақиқи ҳуқуқиро дар сурати и ҷро накардани онҳо, ки ҳуқуқи аъзои  ҷамъият поймол карда мешавад, бо дастгирии ҳуқуқӣ таъмин бояд кард.
Аввало дар дастурамали мазкур қоидаҳои зеринро дақиқ ифода кардан лозим аст:
- ҳолатҳои суғуртавӣ муайян карда шаванд, ки ҳангоми рух додани онҳо узви  ҷамъият барои рафъ намудани зарари модии дар нати ҷаи ин ҳодисаҳо расида  ҷуброн мегирад;
- ҳа ҷми маблағе, ки узви  ҶСҲ ба фонди суғурта пардохт мекунад ва мўҳлати пардохти он муайян карда шавад;
- узви  ҶСҲ, ки ба ў идоракунии фонд, яъне гузаронидани амалиёти суғуртавии фонд супорида мешавад, муайян карда шавад. Ин -  ҷамъоварии маблағи фонд, назорати пардохти маблағ аз  ҷониби аъзои  ҶСҲ, муайян намудани ҳолатҳои суғуртавӣ ва ҳа ҷми пардохти  ҷуброни суғурта, аз  ҷумла гузаронидани ташхис, инвеститсияи маблағи фонд, баррасии даъвоҳои аъзои  ҶСҲ оид ба масъалаҳои ба миёномда ва ғ. мебошад. Чуноне, ки аз мулоҳизаҳои боло дида мешавад, оне ки дар  Ҷумҳурии То ҷкистон субъектҳои хо ҷагидорӣ (шахсони ҳуқуқӣ) метавонанд, тавассути бунёди  ҶСҲ оқибатҳои номатлуби ҳодисаҳоро бартараф сохта, эътимод дошта бошанд, ки дар сурати рух додани ин ҳодисаҳо ба ширкатҳои суғуртавӣ барои гирифтани  ҷуброни суғурта беохир муро ҷиат намекунанд, чизи ғайриоддӣ нест.
Чизи асосӣ аз ин иборат аст, ки фаъолияти  ҶСҲ дар тачрибаи чаҳонӣ кайҳо кор карда шудааст ва аз худи оғози замони мо истифода бурда мешавад.  ҶСҲ бошад, барои  ҷумҳурии мо падидаи нав аст, вале фаъолияти номаъмулест, ки метавонад худро ба муқобили ширкатҳои ти ҷоратии суғуртавӣ алтернативаи хубе гузорад.

Дидан карданд: 960

Реклама