TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Маркетинг ва мақоми он дар бозори суғурта

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Маркетинг ифодаи услуби идоравии ба бозор нигаронидашудаи тафаккур мебошад, ки ба он муносибати э ҷодӣ, мунтазам ва аксаран барқасдона (агрессивный) хос аст.
Маркетинг воситаи қонеъгардонии эҳтиё ҷоти инсон тавассути табодул мебошад. Ҳар кадоми ин таърифҳо назари муайянро ба маркетинг ва мақоми онро дар иқтисодиёт инъикос намояд. Ба назари мо ин таърифҳо ҳам хусусияти маркетингро пурра инъикос намекунанд. Бинобар ин ба сифати таърифи мукаммал, ки моҳияти ин зуҳуротро инъикос менамояд, шояд ифодаи зайл беҳтар бошад: маркетинг системаи мафҳумҳо ва тарзу усулҳоест, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва аксуламали ширкати суғуртавӣ ва суғуртакунандаро таъмин намуда, барои ҳамкории мувофиқи объектҳои муносибатҳои бозаргонӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи гуногуни истеъмолкунандагон ва даромаднокии зарурии ширкати суғуртавӣ, равона карда шудааст.
Ин таъриф бар он асос меёбад, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ истеҳсолкунанда, фурўшанда ва истеъмолкунанда бо тобеияти ташкилӣ бо ҳамдигар алоқаманд нестанд. Бинобар ин ширкати суғуртавӣ ё шахси дигар ба суғуртакунанда ё муштарии дигар номгўй ва миқдори маҳсулоти истеъмолкунандаи онҳо, аз  ҷумла  ҷуброни суғартаро чун дастур нишон дода наметавонад. Истисно аз қоидаҳои умумии бозор корхонаҳое мебошанд, ки дар бозори инҳисорӣ таҳти назорат ва танзими мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд ва ба қатори онҳо соҳаҳои аз  ҷиҳати и ҷтимоӣ муҳими иқтисодиёт дохил мешаванд. Дар қисми суғурта ба соҳаи танзими афзалиятноки давлатии бозорҳо суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва ғ. дохил мешаванд.
Бинобар  ҷудоӣ аз муштарӣ барои фаҳмиши талабот ва рўҳияи истеъмолкунандагон ва мувофиқсозии раванди истеҳсолот ва истеъмолот ба истеҳсолкунанда забони махсус, гурўхи мафҳумҳо ва воситаҳое лозиманд, ки хусусияти манфиатҳои онҳо ва ҳамдигарфаҳмиро ба назар гирад. Дар ҳамин асос гуфтан мумкин аст, ки тимсоли маркетинг системаи баҳисобгирии ҳамдигарии талаботи истеҳсолкунандагон ва харидорони маҳсулот,  ҷусту ҷўи созиши оқилонаи байни манфиатҳои онҳо мебошад.
Дар доираи муносибати маркетингӣ ширкати суғуртавӣ тамоми фаъолияти худро бо мақсади таъмин кардани қаноатмандии муштариён, ба туфайли маҳз баамалорӣ ва нигаҳдории қаноатмандии истеъмолӣ ба даст оварадани фоида, ба ҳам мегирояд. Муносибати маркетингиро шиорҳои зерини фирмаҳои гуногун  ҷамъбаст менамоянд: «Ҳар коре, ки аз дастамон меояд, бояд кунем, то ки ҳар сомонии хар ҷкардаи муштарӣ бо аҳамиятнокӣ, қиматӣ, сифат ва қаноатмандӣ  ҷуброн гардад». «Талаботро  ҷусту ҷў кунед ва қонеъ гардонед», «Ҳамонеро истеҳсол кунед, ки фурўхта метавонед ба  ҷои кўшиши фурўхтани ҳар онеро кардан, ки истеҳсол карда метавонед».
Мисли харидорони маҳсулот, ки бояд ба мағозаҳо раванд (ё маҳсулоти фармудаашонро дар хона гиранд), харидорони суғурта низ ба механизме эҳтиё ҷ доранд, ки бо ёрии он метавонанд ба қатори «маҳсулоти» суғуртавии ба онҳо дастрас шинос шаванд, инчунин ақидаи худро дар бораи сифати хизмате, ки дар ширкатҳои гуногуни суғуртавӣ ба онҳо расонида мешавад, пайдо карда тавонанд.
Маркетинг ин фалсафаи ширкати суғуртавӣ буда, стратегия ва тактикаи фаъолияти онро дар шароити рақобат муайян менамояд. Дар ин маврид дар бозори хизмати суғуртавӣ навъҳои гуногуни рафтори рақобатӣ ба назар мерасанд:
1) Мусобиқаи байни фирмаҳои суғурта, ки барои пурра фурўхтани моли худ (хизмати суғуртавӣ) мекўшанд;
2) Мусобиқаи байни суғуртакунандагон, ки мехоҳанд хизмати босифат дастрас намоянд;
3) Мусобиқаи байни суғуртакунандагон ва ширкатҳои суғуртавӣ, - аввалиҳо мехоҳанд молро арзонтар харанд, дуюмиҳо мехоҳанд хизмати суғуртавӣвиро қиматтар фурўшанд. Бо ву ҷуди он, ки аксарияти пули суғурта бо ҳисоби актуарӣ муайян карда мешавад, вале маҳз рафтори мураккаби рақобатӣ аз бисёр  ҷиҳат нарх ва сифати хизматро муайян мекунад.
Мисли дигар бозорҳо дар бозори суғурта ҳузур доранд:
- фурўшандагон - ширкатҳои суғуртавӣ;
- харидорон - шаҳрвандони оддӣ, ширкатҳои саноатӣ ва
ти ҷоратӣ;
- миёнаравҳо - брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ.
Хариду фурўши шартномаи суғурта дар давоми тамоми ҳафтаи корӣ ба амал меояд, шартнома дар  ҷойҳои барои тарафҳо мусоид баста мешавад.
Аксари одамоне, ки дар бораи суғурта дониши амиқ надоранд, бо он асосан чун бо суғуртаи шахсӣ шиносанд. Сатҳи дониши онҳо дар бораи суғурта бо он маҳдуд мегардад, ки онҳо ё падару модарони онҳо суғуртаи автомобил, манзил ё ҳаётро пардохт мекунанд. Барои онҳо зарурате нест, ки дар бораи суғурта маълумоти бештаре дошта бошанд: суғуртаи амволи хона ё суғуртаи шахсӣ – ин дар ҳақиқат ҳамон шаклҳоеанд, ки диққати қисми зиёди харидорони суғуртаро  ҷалб менамоянд.
Аммо суғуртаи шахсони алоҳида бахши асосии бозори суғурта намебошад. Вақти зиёди аксари ширкатҳои суғуртавиро суғуртаи амвол ва масъулияти ширкатҳои саноатӣ ва ти ҷоратӣ, яъне суғуртаи манфиатҳои амволии шахсони ҳуқуқӣ, мегирад. Агар шумо чунин шуморед, ки як суғуртакунанда, як ширкати ягона барои пули суғурта соле миллионҳо сомонӣ хар ҷ карда метавонад, он гоҳ ояндаи бозорро дида метавонед. Ин мулоҳизаҳоро  ҷамъбаст намуда, таърифи маркетинги суғуртаро ба таври зайл ифода кардан мумкин аст.
Маркетинги суғурта яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти ширкати суғуртавӣ барои расонидани маҳсулоташ то ба суғуртакунанда мебошад. Маркетинги суғурта ба воситаи умури маркетинги суғуртаи ширкати суғуртавӣ, ки талаботро ба хизмати суғуртавӣ ва рақобати суғуртавии муштариро ташаккул медиҳад, татбиқ карда мешавад.

Дидан карданд: 971

Реклама