TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Талаботи таъмини сифати маҳсулоти суғуртавӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Сифати маҳсулоти суғуртавӣ механизми асосии маркетинги суғурта мебошад. Таҳти мафҳуми сифати маҳсулоти суғуртавӣ аксар вақт инҳо фаҳмида мешаванд:
- тавсифоти техникии он – паҳноии кафолатҳои суғурта, миқдори хизматҳои асосӣ ва иловагии пешниҳодшаванда, андозаи пули суғурта – нархи маҳсулоти суғуртавӣ;
- муносибати ҳамдигарии ҳарифӣ бо муштарӣ, муқаррар кардани муносибатҳои байнишахсӣ бо ў ва намояндаи ширкати суғуртавӣ;
- шаффофияти шартномаи суғурта;
- и ҷрои саривақтӣ ва дурусти амалҳо оид ба хизматрасонии  ҷории қарордод;
- зуд, босифат ва одилона ба низом даровардани ҳолатҳои суғуртавӣ;
- саривақт ва мунтазам огоҳонидани суғуртакунанда дар бораи рафти шартнома, пардохтҳо ва пардохти пули суғурта;
- мав ҷудияти хизматҳои иловагӣ вобаста ба низом.
Сифати маҳсулот асоси фурўши самаранок аст. Муштариён дар бораи маҳсулоти суғуртавӣ ҳукм намуда, мутобиқан нуфузи тамғаи суғуртаро дар заминаи сифати хизмати асосӣ ва ёрирасони (иловагӣ) ширкати суғуртавӣ аз рўи нати ҷаҳои ба низомории ҳолатҳои суғуртавӣ ташаккул медиҳанд. Агар муштарӣ аз ҳа ҷми пардохти суғурта, танзими о ҷилии зарар ва хизмати иловагӣ вобаста ба ҳолати суғуртавӣ (амали ҳуқуқӣ, кўмак барои барқарорсозии амволи зарардида ва ғ.) қаноатманд бошад, аксуламали хуби ўро ба таклиф оид ба дарозкунии мўҳлати шартномаи суғурта ва паҳнкунии маълумоти мусбат дар бораи ширкати суғуртавӣ дар байни шиносон ва хешу табор интизор шудан мумкин аст. Тадқиқот нишон дод, ки муштарии аз сифати маҳсулоти суғуртавӣ қаноатманд дар ин бора ба ҳисоби миёна ба чор-пан ҷ нафар рафиқон ва ё хешу табор нақл мекунад, муштарии норозӣ бошад - ба даҳ-дувоздаҳ нафар.
Нақши босифат ва фавран ба низом даровардани зарар, ҳамчун қисми хизмати суғуртавӣ, хеле калон аст, зеро он ҳамчун мушаххасгардонии ваъдаҳои ширкати суғуртавӣ ҳангоми фурўши маҳсулоти суғуртавӣ дода, хизмат мекунад. Мутаассифона, ширкатҳои суғуртавӣ ба таъмини сифати маҳсулоти суғуртавӣ на ҳамеша диққат медиҳанд. Як қатор ширкатҳои суғуртавие, ки таҳти «васояти» гурўҳҳои молиявию саноатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимият амал мекунанд, метавонанд дар назди худ мақсади таъмини сифатро нагузоранд - ҳа ҷми фурўш аз таркиб ва такмили хизмати суғуртавӣ вобаста нест, балки бо омилҳои ғайрииқтисодӣ муайян карда мешавад. Масалан, ширкатҳои давлатии ти ҷоратии суғуртавӣ аксар вақт намудҳои ихтиёрии суғуртаро чун намудҳои ҳатмӣ пешниҳод намуда, бо ҳамин дар бораи сифати маҳсулоти суғуртавӣ ва дар сурати ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ зуд ба эътидол овардани он тамоман ғамхорӣ накарда, шартнома мебанданд.
Сифати хизмати суғуртавӣ на ҳамеша мавриди ғамхории навбати аввали ширкатҳои суғуртавӣ буд. Ҳоло бошад, вай барои ширкатҳои суғуртавӣ ғамхории навбати аввал қарор дорад. Тибқи баҳои мутахассисон, ғамхорӣ дар бораи сифати суғурта ба яке аз кўшишҳои асосии маркетинги ширкатҳои суғуртавӣ дар фазои «баъдишўравӣ» дар марҳалаи якўми ташаккули маркетинги суғурта табдил меёбад. Бидуни сифати баланди хизмати суғуртавӣ ба камшавии ивази муштариён - «Фиделизатсияи» он ноил шудан мумкин нест, зеро суғуртакунандагони аз сифати хизмат ноқаноатманд барои харидории шартномаҳои иловагии суғурта розӣ намешаванд.
Сифати баланди хизмати суғуртавӣ имконият медиҳад, ки ширкати суғуртавӣ аз  ҷусту ҷўи фаъволонаи муштариёни нав (чун асоси нигаҳдории фоиданокии худ) ба такя ба муштариёни доимии фиделизатсияшуда гузарад.
Бедиққатӣ ба сифати маҳсулоти суғуртавӣ дар шароити шиддатёбии рақобати бозори суғурта барои ширкати суғуртавӣ харобовар аст. Бинобар ин ширкатҳои суғуртавӣ ма ҷбуранд ба таъмини сифати хизмати худ аҳамияти  ҷиддӣ диҳанд.

Дидан карданд: 716

Реклама