TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Албатта, маҳсулоти суғуртавӣ пайдо шуда ва барҳам хўрда, барои хизматҳои нави суғурта роҳ мекушоянд, ки ин раванд дар давраи ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ ифода меёбад. Даври ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ аз аксарияти молҳои сермасриф хеле фарқ мекунад. Якўм, давраи маҳсулоти суғуртавӣ дароз буда, шартномаҳои суғуртавӣ метавонанд бе тағйироти  ҷиддӣ дар давоми даҳсолаҳо фурўхта шаванд, ки ин барои аксарияти намудҳои маҳсулоти моли талаботи оммавӣ имконнопазир аст. Дуюм, харо ҷоти давраи ибтидоии давраи ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ назар ба молҳои сермасриф хеле кам аст. Сеюм мўҳлати амали шартномаи суғуртавӣ аз мўҳлати давраи ҳаётӣ якчанд маротиба тўлонитар метавонад бошад, яъне мушкил аст, ки ширкати суғуртавӣ аз ти ҷоратикунонии ҳамин намуди маҳсули суғуртавӣ кайҳо даст кашида бошад, аммо онҳоро ҳанўз дар бастааш (портфелаш) нигоҳ медорад. Ҳолати мазкур ба суғуртаи дарозмўҳлати ҳаёт бештар хос мебошад.
Умуман силсилаи ҳаётиро ба давраҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:
1. Таҳқиқ ва балоиҳагирии маҳсулоти суғуртавӣ. Дар ин давра сегменти мақсадноки бозор, яъне муштариён, интихоб карда мешаванд, ки маҳсулоти суғуртавӣ ба онҳо нигаронида шудааст, шартҳои суғурта ва тарифҳо дар асоси он мақсадҳое, ки ширкати суғуртавӣ дар назди худ мегузорад, муайян мегарданд, инчунин маҳсулоти суғуртавӣ дар бозор сан ҷида мешавад. Хусусияти маҳсулоти суғурта, ки ба соҳаи хизмат дахл дорад, набудани давраи истеҳсолот мебошад. Ин суғуртакуниро, масалан, аз автомобилсозӣ фарқ мекунанд. Ҳамоно, баъди коркард, пешниҳоди маҳсулоти суғуртавӣ ба бозор оғоз меёбад.
2.  Ҷорӣ намудани маҳсулоти суғуртавӣ дар бозор, ки дар ин давра мақсади ширкати суғуртавӣ ба ву ҷуд овардани талабот ба он мебошад. Фуруши он кам аст, маҳсулоти суғуртавӣ ба суғурташавандагон кам маълум аст. Одатан ин давра маблағгузории зиёдро барои реклама, ҳавасмандгардонии шабакаи намояндагӣ ва огоҳии истеъмолкунандагонро аз сифат ва таъиноти барномаи нави суғурта тақозо менамояд;
3. Давраи афзоиш - кўшишҳои маркетингии ширкати суғуртавӣ барои маҳсулоти худ бозор мекушояд. Талабот ба он меафзояд, тарифҳо ва махсусан системаи фурўш ба шароити бозорӣ ва хусусияти аксуламали истеъмолкунандагон ба он мутобиқ мегарданд, реклама ва дигар тарзҳои паҳнкунии ахборот «аз даҳон ба даҳон» ба ҳамин намуди хизмати суғуртавӣ талаботро ба ву ҷуд меоварад, ки аз ҳамин ҳисоб он дар бозор ҳиссаи бештарро соҳиб мешавад:
4. Давраи камолот - афзоиши фурўш суст мегардад, маҳсулоти суғуртавӣ ба қатори воситаҳои муқаррарии бозор мегузарад. Захираҳои муштариён, ки ба хусусияти ҳамин хизмати суғуртавӣ шавқманд бошанд, ба итмом расида, миқдори фурўш ба давраи фаровонӣ дучор меояд;
5. Давраи таназзул – маҳсулоти суғуртавӣ талаботи қисми зиёди истеъмолкунандагонро қонеъ гардонда наметавонад, миқдори фурўш кам мешавад. Дар ин давра ширкатҳои суғуртавӣ номгўи хавфу хатарҳо, шартҳои шартномаро тибқи талаботи истеъмолкунандагон тағйир дода, аксаран маҳсулоти суғуртавиро навсозӣ мекунанд. Агар ин амалиёт созгор бошад, барои маҳсулоти суғуртавӣ давраи нави афзоиш фаро мерасад. Дар акси ҳол ширкати суғуртавӣ бо шартномаҳои басташуда қаноат карда, аз ти ҷоратонии минбаъдаи он даст мекашад.
Хусусияти давраи ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ аз он иборат аст, ки муштариён, махсусан оид ба шартномаҳои дарозмўҳлати суғурта, то ба охир расидани мўҳлати амали онҳо аз шартҳои қарордод, мумкин аст, қаноатманд нашаванд, яъне шартнома дар  ҷараёни амали худ, мумкин аст, аз  ҷиҳати маънавӣ кўҳна шавад. Чунончӣ, дар мамлакатҳои Ғарб инкишофи бозор амалияи суғуртаи дарозмўҳлати ҳаётро - ҳангоми ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ аз  ҷониби ширкатҳои суғурта дода шудани яқ қатор хизматҳо, масалан, хизмати ҳуқуқиро,  ҷорӣ намуд. Ин дар амалияи ширкати суғуртавӣ бист сол аз ин пеш, вақте, ки бисёр шартномаҳои ҳоло амалкунанда баста шуда буданд, ву ҷуд надошт. Дар чунин ҳолатҳо ширкати суғуртавӣ шартномаро аз нав мебандад, яъне онро мутобиқи талаботи суғуртакунанда тағйир медиҳад.

Дидан карданд: 1161

Реклама