TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Одатан таҳти мафҳуми воситаҳои ахбори омма (ВАО) танҳо радио, телевизион ва матбуотро меҳфаҳманд, вале мутахассисони реклама ба ВАО рекламаи беруниро, рекламаи киноро дохил мекунанд. Сохтори бу ҷети рекламаи ширкати суғуртавӣ аз он вобаста аст, ки ба кадом ВАО такя карда мешавад.
Мақсади рекламаи ширкати суғурта дар ВАО пешниҳоди тамғаи ти ҷоратӣ ё маҳсулоти суғуртавӣ мебошад, ки маҳз инҳо ба шумор мераванд:
- шиносонидани истеъмолгарон бо тамғаи ти ҷоратӣ (рекламаи нуфуз) ё маҳсулоти суғуртавӣ (рекламаи маҳсулотӣ);
- баланд бардоштани нуфузи тамғаи ти ҷоратӣ ё қимати маҳсулоти суғуртавӣ дар назари истеъмолкунандагон;
- водор намудани истеъмолгар ба амали мушаххас, яъне муро ҷиат ба ширкати суғуртавӣ барои маълумот, гирифтани  ҷуброни суғурта ва ғ.
Ҳамин тариқ рекламаи суғурта дар ВАО дар назди худ се вазифаи асосӣ мегузорад:

  1. тағйир додани тасаввуроти шаҳрвандон дар бораи ширкати мушаххаси суғуртавӣ;
  2. бо хизмати суғуртавӣ шинос кардани шаҳрвандон;
  3. тағйир додани рафтори истеъмолкунандагон;

         Рекламаи ВАО хеле қимат аст, аммо фарогирии васеи шаҳрвандон боиси он мегардад, ки арзиши қиёсии расондани паёми ширкати суғуртавӣ то истеъмолгари алоҳида аз сатҳи оқилона зиёд нест. Рекламаи ВАО маҳсулоти суғуртавии судбахш аст, вақте ки паёми ширкати суғуртавӣ ба ҳамаи шунавандагон, хонандагон ва тамошобинон равона гардидааст. Вай аслиҳаи онҳоест, ки бо номаи ба ҳамаи истеъмолгарон якхела ба доираи васеъи мардум муро ҷиат мекунад.

Дидан карданд: 1082

Реклама