TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Мақсади асосии ҳар ширкати суғуртавӣ, ки бо и ҷозатнома кор мекунад, чун ҳамаи субъектҳои хо ҷагидорӣ - ба даст овардани фоида мебошад. Бинобар ин табиист, ки бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат даромади ширкатҳои суғуртавӣвӣ низ андозбандӣ карда мешавад.
Андозбандии даромад аз фаъолияти суғуртавӣ, чун худи фаъолияти суғуртавӣ, хусусияти хоси худро дорад, бинобар ҳамин хусусияташ андозбандии фаъолияти суғуртавӣ назар ба фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои дигари хо ҷагии халқ ва сохторҳои ти ҷоратӣ нисбатан мураккаб ва ғайриоддӣ аст.
Манбаъҳои асосии даромади ширкати суғуртавӣ – ин даромад аз амалиёти суғуртавӣ ва фаъолияти инвеститсионӣ мебошанд. Манбаъҳои дигари дара ҷаи дуюми низ ҳастанд.
Даромади амалиёти суғуртавӣ дар асоси пардохтҳои суғурта (пули суғурта) ташаккул меёбад. Пардохти суғурта нархи фурўши хизмати суғурта аст, ки онро бояд аз нархи колкулятсионӣ фарқ кард. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нархи колкулятсионӣ ва нархи фурўш метавонанд мувофиқат накунанд. Ширкати суғуртавӣ тариф-вазни ғайрихолисро ҳисоб карда, арзиши дар интизории хизмати суғуртаро муайян менамояд, нархи фурўш бошад, дар вақти бастани шартномаи суғурта маълум мешавад. Нархи фурўши хизмати суғуртавӣ бо таъсири вазъи бозор, созишномаҳои инҳисории ширкатҳои суғуртавӣ, сиёсати нархии давлат ва дигар омилҳо ташаккул меёбад.
Пардохтҳои суғуртавӣ ин даромади ибтидоии ширкати суғуртавӣ ва асоси гирдгардиши минбаъдаи маблағ, манбаи ба маблағ таъмин намудани фаъолияти инвеститсионӣ мебошад.
Заминаи ҳисоб кардани пардохтҳои суғуртавӣ - тарифи суғуртавӣ аст. Дар ин маврид ҳа ҷми пардохтҳо ба бузургии фонди суғурта ва сохтори меъёри тарифӣ бошад – ба самтҳои хар ҷи маблағи ин фонд боис мегардад. Чунин муаяйнкунии қатъии хар ҷи мақсадноки пардохтҳои суғуртавӣ имкон медиҳад, ки ба миқдори кофӣ ташкили фондҳои эҳтиётӣ ва захираҳо таъмин гардад.
Фаъолияти инвеститсионӣ бар хусусияти эҳтимолии гирдгардиши воситаҳо асос меёбад, вобаста ба он аз лаҳзаи воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ ба ҳисоби ширкати суғурта то лаҳзаи пардохти он ҳамчун  ҷуброн, мўҳлати муайян, баъзан басо тўлонӣ (масалан, дар суғуртаи шахсӣ), мегузарад. Ба ғайр аз ин, ширкати суғурта фондҳои эҳтиётӣ ва захиравиро ташаккул медиҳад, ки маблағҳояш аксар вақт солҳои зиёде истифода намешаванд.
Ширкатҳои суғуртавӣ амалҳои азнавсуғуртакуниро и ҷро намуда, ҳамчун ширкати нақлкунанда аз пули суғуртаи нав, ки ба азнавсуғуртакунандагон ҳисоб карда мешавад, як қисмашро нигоҳ медоранд ва захираи ҳаққи суғурта ва захираи зарари пешниҳодшударо , вале пардохтнашударо, барои пўшонидани масъулияти азнавсуғуртакунандагон ба ву ҷуд меоваранд. Ҳамаи ин омилҳо дар ниҳояти кор барои ба ву ҷуд омадани «маблағҳои озод»-и ширкати суғуртавӣ мусоидат менамоянд, ки онҳо барои фаъолияти ғайрисуғуртавӣ - ти ҷоратӣ мумкин аст истифода шаванд. Соҳаи асосии гузоштани ин маблағҳо инвеститсияи онҳо ба саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок, инчунин гузоштани маблағҳо дар ҳисобҳои депозитӣ бо мақсади ба даст овардани фоизҳои мутобиқ мебошад. Ширкатҳои суғуртавӣ саҳмияҳои дигар ширкатҳои суғуртавӣ, бонкҳо, ширкатҳои саноатӣ ва ғайраро харида, дар бисёр мавридҳо барои худ ма ҷмўи саҳмияҳои назоратиро таъмин менамоянд. Дар нати ҷа системаи мураккаби пайвастшавии робитаҳои молиявии инҳисорияҳои суғуртавӣ бо сармояи бонкӣ ва саноатӣ ба ву ҷуд меояд.
Фаъолияти инвеститсионии ширкатҳои суғуртавӣ дар хори ҷа хеле вусъат ёфтааст, ки бисёр ширкатҳои суғуртавӣ шўъбаҳои махсуси ба сармоягузории нав ва идоракунии саҳмияҳои харидашуда машғулро доранд. Ҳамин тариқ фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ аз доираи фаъолияти суғуртавӣ хеле берунтар мебаромадагӣ шуд.
Дар шароити рақобати шадиди байни ширкатҳои суғуртавӣ даромади фаъолияти ғайрисуғуртавӣ имкон медиҳад, бо мақсади  ҷалб намудани муштариён, меъёри ҳаққи суғуртаро оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта кам кунанд ва нати ҷаҳои эҳтимолии манфии онҳоро аз ҳисоби даромад аз сармоягузориҳо пўшонанд.
Ширкати суғуртавӣ ба ғайр аз пардохтҳои суғуртавӣ ва даромад аз фаъолияти сармоягузорӣ метавонад, инчунин аз расонидани ҳар гуна хизмат, ки пеш аз ҳама бо хавфу хатар, мене ҷмент, маслиҳатҳо, таълими кадрҳо ва ғайра (даромади дуюмдара ҷа) алоқаманд аст, даромад дошта бошад.
Фоида, тавре маълум аст, барзиёдии даромад аз фурўши молҳо ва хизмат нисбат ба харо ҷоти истеҳсол ва фурўши ин молҳо мебошад. Фоида, ҳамчун фарқи байни даромади аз фурўши маҳсулот бадастомада ва маблағи харо ҷоти омилҳои истеҳсолот дар фаъолияти хо ҷагӣ бо ифодаи пулӣ ҳисоб карда мешавад.
Таркиб ва сохтори харо ҷот дар раванди фаъолияти суғуртавӣ ду раванди бо ҳам алоқаманди иқтисодиро муайян менамояд - адо кардани ўҳдадорӣ дар назди суғуртакунандагон ва бо маблағ таъмин намудани фаъолияти ширкати суғуртавӣ. Бинобар ин, дар кори суғурта таснифи зерини харо ҷот қабул шудааст:
- харо ҷоти пардохтҳои суғуртавӣ;
- ҳисса ҷудокунӣ бо фондҳои эҳтиётӣ ва захираи суғуртавӣ;
- ҳисса ҷудокунӣ барои чораҳои пешгирикунанда;
- харо ҷоти коргузорӣ.
Ин харо ҷот дар ма ҷмўъ арзиши аслии амалиёти суғуртавиро ташкил медиҳанд. Дар ин маврид арзиши аслӣ дар кори суғурта ба ду маънӣ фаҳмида мешавад:
1. Ба маънии васеъ-ма ҷмўи ҳамаи харо ҷоти ширкати суғуртавӣ барои расонидани хизмати ҳам бевосита (пардохти  ҷуброни суғуртавӣ ё таъминоти суғуртавӣ), ва ҳам харо ҷоти таъмини устувории молиявии амалиёти суғуртавӣ (ташаккули фондҳои эҳтиётӣ ва захиравӣ).
2. Ба маънии танг – харо ҷоти ширкати суғуртавӣ барои коргузорӣ.
Бояд қайд кард, ки ба арзиши суғуртавии амалиёт танҳо ҳамон қисми харо ҷоти музди меҳнат, ки барои пардохти подоши агентҳои суғурта бевосита равона карда мешавад, дохил мегардад. Тамоми харо ҷоти боқимондаи музди меҳнат (кормандони штатӣ) аз ҳисоби даромади андозбандишаванда ан ҷом дода мешавад. Бо ву ҷуди ин, харо ҷоти музди меҳнат бо табиати иқтисодии худ унсури арзиши аслӣ мебошанд.
Ҳисса ҷудокунӣ ба фондҳои эҳтиётӣ ё захираи ҳаққи узвият варианти ба худ хоси харо ҷоти давраҳои оянда дар кори суғурта аст. Вай ҳамчун фарқи байни бузургии меъёрӣ ва амалии пардохти маблағҳои суғурта ва  ҷуброни суғуртавӣ муайян карда мешавад. Мисли унсурҳои боқимондаи харо ҷоти ширкати суғуртавӣ, ҳисса  ҷудокунӣбарои чораҳои пешгирикунанда бо сохтори меъёри тарифӣ муайян карда мешавад. То соли 1991 маблағҳои барои чораҳои пешгирикунӣ таъиншуда ба бу ҷет гузаронида мешуданд. Акнун ин маблағҳо дар ихтиёри ширкатҳои суғуртавӣ боқӣ мемонанд.
Харо ҷоти коргузорӣ ба сарбории вазни ғайрихолис - меъёр гузошта мешаванд ва унсури муҳими арзиши аслии амалиёти суғуртавӣ мебошанд. Тибқи таснифи қабулшуда, онҳо харо ҷоти музди кори агентҳо, харо ҷоти хо ҷагӣ ва канселярӣ, харо ҷоти сафарҳои хизматӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Дар та ҷрибаи  ҷаҳонии суғурта харо ҷоти коргузорӣ ба харо ҷоти аквизатсионӣ, инкассавӣ, барҳамдиҳӣ ва идоракунӣ тақсим мешавад, ки маънии онҳоро мухтассар шарҳ медиҳем.
Харо ҷоти аквизатсионӣ бо мақсади бастани шартномаҳои нави суғурта ан ҷом дода мешаванд.
Харо ҷоти инкассавӣ - харо ҷоти пардохти музди меҳнати кормандони ширкати суғуртавӣ барои  ҷамъоварии пардохтҳои суғурта ва хизматрасонӣ ба суғуртакунандагон мебошанд.
Харо ҷоти барҳамдиҳӣ одатан бевосита мебошанд ва баъди рўй додани ҳолати суғуртавӣ ан ҷом дода мешаванд. Онҳо ба намуди мушаххаси суғурта дахл доранд.
Ба таркиби ин харо ҷот, инчунин харо ҷоти ба  ҷои ҳодисаи суғуртавӣ омадани коршиносон (мумайизон), подошпулии онҳо, харо ҷоти суд, харо ҷоти муросилот ва ғ. дохил мешавад.
Харо ҷоти идоракунӣ - харо ҷоти маъмурию хо ҷагӣ ва дигар харо ҷотҳоро дар бар мегиранд.
Бо роҳи муқоисаи даромаду харо ҷоти ширкати суғуртавӣ нати ҷаи молиявии амалиёти суғуртавӣ муайян карда мешавад. Таҳти мафҳуми нати ҷаи молиявии амалиёти суғуртавӣ - арзёбии арзишии  ҷамъбасти фаъолияти хо ҷагии ширкати суғуртавӣ фаҳмида мешавад. Нати ҷаи молиявӣ ду унсур, яъне фоидаи (зараре) ширкати суғуртавӣ ва афзоиши (камшавии) захираи ҳаққи узвиятро дар бар мегирад. Афзоиши захираҳои ҳаққи узвият таъиноти мақсаднок дорад, вале дар давраи нигаҳдорӣ дар ҳисоби ширкати суғуртавӣ мумкин аст ба сифати манбаи амалиёти сармоягузорӣ истифода бурда шавад.
Фоидаи амалиёти суғуртавӣ - фарқияти байни нархи хизмати суғуртавии расондашуда ва арзиши аслии он мебошад. Манбаи асосии ташкили фоидаи амалиёти суғуртавӣ «фоидаи тарифҳо» мебошад, ки ҳангоми калкулятсияи сарборӣ ба меъёри тарифӣ, чун унсури мустақили нархи хизмати суғуртавӣ илова карда мешавад. Фоида, ҳамчун унсури тариф, дар танзими талабот ва пешниҳодот аз  ҷониби  ҷамъият оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта нақши мўҳим мебозад, зеро ҳамаи унсурони боқимондаи тариф асоси объективӣ доранд.
Фоидаи ҳақиқӣ аз амалиёти суғуртавӣ бо таъсири сабабҳои объективӣ метавонад аз ҳисоби ҳар як унсури тариф, аз  ҷумла холис-меъёр ташаккул ёбад. Барои он, ки имконияти гирифтани фоида аз ҳисоби вазни холис-меъёр истисно карда шуда, ташаккули фондҳои эҳтиётӣ ба миқдори кофӣ таъмин гардад, дар айни замон тартиби тақсими фонди пардохтҳои  ҷорӣ истифода бурда мешавад, ки тибқи он оид ба ҳар намуди суғурта ба фонди эҳтиётӣ маблағи фарқияти байни ҳа ҷми маблағҳои меъёрӣ ва амалии пардохт гузаронда мешавад. Вобаста ба ин, маблағи фоидаи ҳақиқии амалиёти суғуртавӣ маблағи фоидаро дар тарифҳо ва маблағи аз харо ҷоти коргузорӣ сарфшударо - асосан сарфаи харо ҷоти идоракуниро дар бар мегирад.
Нишондиҳандаи дара ҷаи даромаднокии амалиёти суғуртавӣ - ин нисбати маблағи солонаи фоида бар маблағи солонаи пардохт оид ба ягон намуди суғурта ё ма ҷмўи амалиёти суғуртавӣ, ки бо фоиз ифода карда мешавад, мебошад.
Ба ғайр аз амалиёти суғуртавӣ, ширкати суғуртавӣ, инчунин, аз фаъолияти сармоягузорӣ низ метавонад фоида ба даст орад. Фоида аз сармоягузорӣ - ин фоидаи ширкати суғуртавӣ аз пешбурдӣ фаъолияти хо ҷагии дорои хусусияти ғайрисуғуртавӣ мебошад. Ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ вазифаи асосии ширкати суғуртавӣ намебошад, вале маҳз дарёфти ҳамин фоида барои васеъ кардани масъулияти суғуртавӣ ва кам намудани тарифҳо оид ба намудҳои алоҳидаи суғурта, мустаҳкам гардонидани базаи моддию техники ширкати суғуртавӣ ва инкишофи дигар самтҳои кори суғурта имкониятҳои зиёд медиҳад.

Дидан карданд: 1364

Реклама