TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

 Бозори суғуртаи Шветсария бо сатҳи баланди рушди кори суғурта фарқ мекунад. Дар охири солҳои 90-ўм дар мамлакат 117 ширкати суғуртавӣ, аз  ҷумла - 23 ширкати суғуртавии шахсӣ, 82 ширкати суғуртавии умумӣ ва 12  ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ мав ҷуд буданд.
Барои бозори суғуртаи Шветсария пайвастшавии зичи сармояи миллӣ ва хори ҷӣ хос аст. Ширкатҳои суғуртавӣ аксар вақт корпоратсияҳои дорои манфиатҳои зиёди трансмиллӣ мебошанд.
«Сюрих ферзихс-рунгсгезелышафт» калонтарин ширкати суғуратвии умумӣ ба шумор меравад. Ширкат ба гурўҳи муқтадири суғуртавӣ сарварӣ менамояд, ки дар навбати худ ба он 34 ширкати фаръии дохили мамлакат ва хори ҷӣ дохил мешаванд. Ба гурўҳи «Сюрих» «Вита»- сеюмин ширкати калонтарини Шветсария оид ба суғуртаи шахсӣ, ду ширкати суғуртаи умумӣ - «Албина» ва «Турегум» ва дигарон таалуқ доранд.
Консерн дар ИМА манфиатҳои зиёде дошта, дар он  ҷо 6 ширкати фаръӣ амал мекунад ва тамоми соҳаҳои суғуртаро дар бар мегирад. Дар байни онҳо «Сюрих америкоӣ» мебошад, ки аз  ҷиҳати маблағи суғурта ба қатори 40 ширкати калонтарини суғуртаи ИМА дохил мешавад. Дар Олмон манфиати «Сюрих»-ро 7 ширкати фаръии суғуртавӣ ифода менамоянд, ба ғайр аз ин, ширкатҳои фаръӣ дар Канада, Британияи Кабир, Франсия, Италия ва дигар мамлактҳо мав ҷуданд.
Ширкатҳои Шветсария дар бозори  ҷаҳонии суғурта дар соҳаи аз нав суғуртакунӣ мавқеъи мустаҳкамро ишғол мекунанд. Ба зиммаи он бештар аз нисфи ҳамаи маблағҳои хори ҷ аз кишвар воридшавандаи суғурта рост меояд. Дар дохили мамлакат аз ним бештари ҳа ҷми умумии мабалғи суғуртаро суғуртаи шахсӣ ташкил медиҳад.
Дар Шветсария ба сатҳи нишондиҳандаи баландтарини  ҷамъоварии маблағи суғурта ба ҳар сари аҳолӣ ноил гардидаанд. Дар Шветсария шартномаҳои суғурта то 15%-и бу ҷети миёнаи оиларо фаро мегиранд ва моддаи аз ҳама калони харо ҷот мебошанд. Оилаи миёнаи Шветсария барои суғурта назар ба хўрокворӣ бештар маблағ сарф мекунад.
Суғуртаи соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ низ инкишоф ёфтааст. Ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, ти ҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар корхонаҳои мамлакат муштариён мебошанд.
Яке аз шартҳои фаъолияти бомуваффақияти ширкатҳои суғуртавии Шветсария фаъолияти сармоягузории онҳо дар бозори сармоя мебошад. Бештар аз нисфи ҳамаи дороиҳои ширкатҳои суғуртавӣ дар шакли қарз ва сармоягузорӣ ба облигатсияҳо  ҷойгир карда шудааст.
Бозори суғуртаи Италия дар иқтисодиёти мамлакат мисли дигар мамлакатҳо чандон нақши муҳим намебозад. Аломатҳои суғуртаи замони ҳозира дар Италия консерватизми системаи суғурта, суст  ҷорӣ шудани навигариҳо, набудани диверсификатсияи фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ дар соҳаи му ҷовири системаи милиявию кредитӣ, танзими қатъиии давлатии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ мебошад.
Дар аввали солҳои 90-ўм дар Италия 211  ҷамъияти суғуртавӣ амал мекарданд. Аз онҳо 6 адад пурра бо амалиёти азнавсуғуртакунӣ, 25 - танҳо бо суғуртаи ҳаёт, 27 - бо суғуртаи ҳаёт ва амвол, боқимонда 135 адад - танҳо бо суғуртаи амвол машғул буданд. Аз шумораи умумии  ҷамъиятҳо 48-тои онҳо ба сармояи хори ҷӣ таалуқ доранд.
Қариб 58%-и  ҷамъоварии умумии пули суғурта ба суғуртаи хавфу хатарҳое рост меояд, ки бо соҳибони автомобил алоқаманданд. Аксарияти ширкатҳои суғуртавӣ  ҷамъиятҳои хусусии саҳомӣ мебошанд.
Ширкати калонтарини суғуртаи Италия «Ассикуратсиони  ҷенерали» мебошад. Вай ба қатори даҳ  ҷамъияти пешбари суғуртавии  ҷаҳон дохил мешавад. Сармояи он тақрибан ба 52 ҳазор обуначиёни хусусӣ таалуқ дорад. Ширкати суғуртавӣ ба тамоми намудҳои суғурта, аз  ҷумла суғуртаи амвол, ҳаёт азнавсуғуртакунӣ машғул буда, на камтар аз 12%-и бозори суғуртаи ҳаёт ва на камтар аз 8%-и бозори суғуртаи амволро дар Италия назорат мекунад. Шабакаи васеи шўъбаҳои хори ҷиро дорост.
Бозори суғуртаи Франсия бо рушди фавқулода босуръат дар давраи баъди ҷангӣ маълум аст. Аз мобайни солҳои 50-ў то аввали солҳои 80 –ўм гардиши он 25 баробар афзуд, ҳол он ки маҳсулоти умумии дохилии мамлакат 15 баробар афзуд.
Намудҳои асосии суғурта дар Франсия - суғуртаи автомобил ва суғуртаи ҳаёт мебошанд. Дар солҳои 1983-1984, бинобар парвози доимии спутникҳои маснўъи замин ба коинот бо ёрии ракетаои «Ариан», соҳаи нави суғурта-суғуртаи хавфу хатарҳои коинотӣ ба миён омад. Барои афзоиши имконияти бозор дар соли 1983 пули суғуртаи хавфу хатарҳои коинотӣ таъсис ёфт. Бозори азнавсуғуртакунии Франсия дар  ҷаҳон  ҷои 5-ўмро ишғол менамояд.
Дар Франсия, масалан, назар ба Британия Кабир гурўҳҳои саноатӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ амалан иштирок намекунанд. Саҳмиядорони ширкатҳои суғуртавӣ гурўҳҳои маҳаллӣ ва хори ҷии бонкӣ ва молиявӣ, шахсони алоҳида ва давлат мебошанд. Дар навбати худ ширкатҳои суғуртавӣ ба пайвастшавии бизнеси суғурта ва бонк мусоидат намуда, дар сармояи гурўҳҳои бонкӣ иштирок мекунанд.
Фаъолияти хори ҷӣ барои  ҷамъиятҳои суғуртавии Франсия нисбатан самти нави фаъолият мебошад. Франсия аз рўи ин нишондиҳанда дар  ҷаҳон, баъди Британияи Кабир ва Шветсария,  ҷои 3-ўмро ишғол менамояд. Ширкатҳои калонтарини суғуртавии Франсия дар зиёда аз 60 мамлакати  ҷаҳон бахшу шўъбаҳо дорад. Ширкатҳои суғуртавии Франсия дар бозорҳои Шарқи миёна ва дур бо муваффақият амал мекунанд.
Бозори суғуртаи  Ҷопон як қатор хусусиятҳои хос дорад. Яке аз онҳо дар кори суғурта афзалият доштани ширкатҳои суғуртавии ҳаёт мебошад. Ширкатҳои суғуртаивии ҳаёт соҳибони калонтарини саҳмияҳо ва облигатсияҳои ширкатҳои хусусӣ, инчунин корпоратсияҳои давлатӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар масъалаҳои қарздиҳӣ нақши мўҳим мебозанд. Дар солҳои охир онҳо ба бозори суғуртаи ИМА, Канада ва дигар мамлакатҳо фаъолона ворид мегарданд. Шумораи онҳо 23 ададро ташкил медиҳад. Аз рўи ҳамаи нишондиҳандаҳо онҳо аз ширкатҳои суғуртавии умумӣ пеш гузаштаанд.
Маблағе, ки онҳо аз пули суғурта мегиранд, аз маблағи мегирифтаи ширкатҳои суғуртавии умумӣ бештар аз 2 баробар зиёд аст. Сабаби бартарӣ доштани ширкатҳои суғуртавии ҳаёт аз он иборат, ки муддати тўлонӣ системаи суғуртаи и ҷтимоӣ ва таъминоти он дар  Ҷопон ву ҷуд надошт, бинобар ин, аксари аҳолӣ ма ҷбур буд аз хизмати ширкатҳои суғуртавӣ истифода барад.
Ширкатҳое, ки суғуртаи умумиро ан ҷом медиҳанд, инчунин, ҳам дар иқтисодиёти мамлакат ва ҳам дар робитаҳои иқтисодии хори ҷии  Ҷопон, нақши мўҳим мебозанд. Бисёрии онҳо ба гурўҳҳои дахлдори инҳисорӣ дохил шуда, вазифаи ширкатҳоро оид ба суғуртаи ҳаёт пурра мегардонанд. Онҳо хавфу хатарҳои гуногунро суғурта мекунанд, ки бо фаъолияти байналхалқии ширкатҳои байналмиллии  Ҷопон алоқаманд мебошанд. Калонтарини ин ширкатҳои суғуртавӣ ба сифати сармоягузорон ва қарздиҳандагони байналмиллалӣ фаъолият менамоянд.
Давлат фаъолияти ширкатҳои суғуртавиро қатъиян танзим мекунад. Бидуни розигии вазорати молия меъёри ҳаққи суғуртаро тағйир додан мумкин нест. Рақобат байни ширкатҳои суғуртавӣ ба туфайли набудани брокерҳои суғурта маҳдуд аст. Системаи суғурта аз шумораи зиёди шўъбаҳо ва намояндагии онҳо, ки дар ширкатҳои калонтарин даҳҳо ҳазор мебошад, иборат аст.
Таҳлили кўтоҳи бозори суғуртаи мамлакатҳои хори ҷӣ нишон медиҳад, ки системаи суғурати ҳар кадоми онҳо қисми таркибии бозори байналхалқии суғурта мебошад.
Дар баробари ин, аз 8 то 12%-и ма ҷмўи маҳсулоти миллиро аз нав тақсим карда, вай чун бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ амал мекунад. Маблағҳои ғункардаи ширкатҳои суғуртавӣ чун манбаи сармоягузориҳои калон хизмат мекунанд. Танзими давлатии фаъолияти суғуратвӣ дар хори ҷа асосан ба назорат аз болои фаъолияти молиявии ширкатҳои суғуртавӣ равона гардидааст.
Ба ширкатҳои суғуртавии То ҷикистон зарур аст, ки дар асоси та ҷрибаи ширкатҳои хори ҷии суғуртавӣ барои барпо кардани бозори суғурта дар  ҷумҳурӣ кўшиш намоянд, зеро он то ҳол пурра барпо нашудааст ва фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ комилан бо манфиатҳои идоравии онҳо маҳдуд мебошад.

Дидан карданд: 1443

Реклама