TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2018-10-20

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Яъне, имсол дар кишвар барномаҳои мушаххасе ҷиҳати тавсеъаи ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти сайёҳӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Тасмим гирифтем барои муаррифии навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва таърихи мухтасари онҳо саҳим бошем ва силсиламақолаҳоеро аз фарҳангномаҳо интишор диҳем. Гӯшаи нави мо бо муаррифии ҳунари дӯзандагӣ шуруъ мешавад.

Дўзандагӣ, пеша, ҳунари дўзанда, хайётӣ, дарзӣ. Дўзандагӣ аз қадимтарин касбу ҳунарҳои мардумӣ буда, инсонҳои ҷамоаи ибтидоӣ пас аз шикори ҳайвоноти ваҳшӣ аз пўсти онҳо барои пўшиши бадани хеш навъе «либос медўхтанд». Минбаъд ин пеша бо мурури замон вобаста ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҷамоаи инсонӣ рушд ёфт ва ба ҳунармандиҳои гуногуни ҳамин соҳа тақсим шуд. Дар хилқати мардумӣ ва бахусус мардуми мо расм шудааст, ки маъмулан духтарбача аз синни 8-9 солагӣ бояд аз бибӣ, модар, апа ё ҳеҷ набошад аз ҳамсояҳояш дўхтанро ёд гирад. Ҳоло ин масъала бо пайдо шудани мактабҳои тахассусӣ ва коргоҳхои дўзандагӣ ҳал гардидааст. Дўзандагӣ пешаи хеле муҳим ва мураккаби мардумӣ буда, иборат аз тарзу усули махсуси дўхт ва гуногуннавъии ба ҳам пайвастани матоъҳои дўхташаванда мебошад. Биноан тариқи дўхт равандест, ки истилоҳҳои  фаровонӣ касбӣ дорад. Ҷойи  ба ҳам дўхта шудани ду пораи матоъ дарз ва як ҳаракати ин дўхт кўк ном дорад. Кўкзанӣ анвои гуногун дорад: агар кўкҳо аз ҳам дар фосилаи як кўк зада шуда бошад, он пешсўзан (пешкўк) ва агар  пайиҳам кўкзанӣ шуда бошанд, пассўзан (ё паскўк) ном дорад. Хамчунин кўкҳо якрада ё дурада (мокак) мешаванд. Барои аз ҳам нарехтани тору пуди матоъ дар ҷои буридашуда ва ба хотири мустаҳкамии дарзҳо ҷои буридашударо давродавр кўк мезананд.

ШАРҲ: Ин мақола аз китоби  “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум), ки соли  2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст, иқтибос шуд.  Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд. 

Таҳияи  Нигина Маҳмудова,
м
утахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 1257

Реклама

Загрузка...