TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикнома ба 8 март

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Пешномнависӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-02-08

Барои осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақт довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Ин хизматрасонӣ мустақиман тавассути пайванди http://prereg.ntc.tj ё дар бахши “Пешномнависӣ”-и саҳифаи асосии сомонаи Марказ дастрас мегардад.
Низоми «Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷойи истиқомат, рақамҳои телефон, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад.
Шарти асосӣ барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” доштани почтаи электронӣ аст, зеро барои истифода аз ин хизматрасонӣ аз довталаб нишон додани нишонии почтаи электронӣ талаб карда мешавад. Пас аз пешниҳоди нишонии почтаи электронӣ низом ба довталаб рамзи ба таври худкор сохтаро барои истифода аз хизматрасонӣ ва ворид кардани маълумот мефиристад. Бо истифода аз рамзи ба ӯ фиристодашуда довталаб ба низом ворид гардида, маълумоти барои бақайдгирӣ заруриро дохил карда метавонад. Баъди бомуваффақият дохил кардани маълумоти пешномнависӣ ва сабти он хизматрасонии номбурда барои довталаб рақами инфиродӣ (он муваққатӣ аст) сохта, онро ба почтаи электронии ӯ мефиристад.
Баъдан довталабро зарур аст, ки барои худро расман номнавис карданаш ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии дилхоҳаш ҳозир шуда, рақами инфиродии дар пешномнависӣ дастраскардаашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд. Бақайдгиранда дурустии маълумоти тавассути ин хизматрасонӣ воридкардаи довталабро дар муқоиса бо нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаб санҷида, агар зарур бошад, онро дар мувофиқат бо довталаб тағйир медиҳад. Амалҳои минбаъда (расм ва изи ангушти довталабро гирифтан ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардидаи бақайдгирии довталабон сурат мегирад.
Таъкид месозем, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад. Барои расман аз қайд гузаштани довталаб ҷиҳати иштирок дар ИМД шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шудани ӯ ҳатмист.
Пешномнависӣ ҳатмӣ набуда, он танҳо барои осон кардани раванди бақайдгирии довталабон ва сарфа кардани вақти онҳо пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, новобаста аз истифода кардан ва ё накардани хизматрасонии «Пешномнависӣ”, ҳозир шудани довталаб ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ зарур аст.

Дидан карданд: 1373

Реклама