TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-06-01

Имрӯз соати 11.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Марказии исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи 5-уми июн рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Иди саиди Рамазон дар кишварамон рўзи 5-уми июн муайян карда шавад.
  2. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06:00 баргузор карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Дидан карданд: 743

Реклама