TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), тамоюл ва хусусиятҳои ташкили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МУНОСИБАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ИНКИШОФИ КОМПЛЕКСИ АГРАРИЮ САНОАТӢ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Хоҷагиҳои фермерӣ(деҳқонӣ), ҳамчун субъекти муносибатҳои бозорӣ, ҳамеша дар ҳавзаи рақобати озод ҷойгиранд. Ҳамчун фурӯшандаи маҳсулот, онҳо гарчанде миқдоран зиёд бошанд ҳам, дар алоҳидагӣ ба нархи бозор таъсир расонда, вазъи онро тағйир дода наметавонанд. Дар бозори захираҳои нархӣ на чандон чандирӣ ҳукмрон мебошад. Дар соҳаҳои саноат бошад, КАС ҳамчун ягонагии монополия (инҳисорот) ва олигополия (инҳисори чандқутба) сурат гирифта, сиёсати нархии худро пеш мебарад. Ҳавзаи кишоварзӣ ба доираи ин бозор дучор омада, ба нархи бозорие, ки аз ҷониби онҳо гузошта мешавад, ноилоҷ розӣ мешавад.
Ҳочагии деҳқонӣ (фермерӣ) хоҷагиҳое мебошанд, ки мустақил хоҷаги-ҳои худро ташкил намуда, маҳсулот истеҳсол карда, ба нархи дилхоҳи бозорӣ онро мубодила менамояд. Он дар асоси принсипҳои ҳисоби тиҷорат (мустақилият, худидоракунӣ, худмаблағгузорӣ, худтаъминкунӣ...), ба иҷора гирифтани замини давлатӣ ё худ моликияти шахсии каси дигар ва дар ин асос ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шахсӣ, оилавӣ (коллективӣ) ба роҳ монда мешавад.
Фаъолияти хоҷагидории хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди мамлакат тибқи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад. Он ҳамчун шакли соҳибкории озод, баробари дигар корхонаҳо, ташкилотҳо, кооперативҳову ассотсиатсияҳо звенои (ҳалқаи) баробарҳуқуқи низоми иқтисодӣ дониста шуда, ба мақсади ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ нигаронида мешавад.
Мисол: Як фермер дар Канада зиёда аз 400 тонна ғалла, дар Британия 80 тонна, дар ШМА 70 тонна, дар Олмон 40 тонна, дар Фаронса 30 тонна ғалла истеҳсол мекунанд. Ҳосилнокии гандум дар ин мамлакатҳо аз ҳисоби истифодаи самарабахши нуриҳои минералӣ ва механиконидани равандҳои киштукор то ба 90-100 сентнер аз ҳар як гектар расидааст. Маҳсулоти як фермер дастархони 100-120 нафарро обод ва зебо мегардонад. Дар Тоҷи-кистон бошад, ин рақам базӯр ба 10-12 мерасад (Носиров Ю. Фалсафаи кишоварзӣ. Душанбе, 2000, с.33).
Тибқи маълумотҳои Вазорати хоҷагии қишлоқ дар соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳазор, дар соли 2000 - 13 ҳазор хоҷагиҳои деҳ-қонӣ, 95 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои фермерӣ, 8 ассотсияҳои байнихоҷагӣ, 171 хоҷагиҳои иҷоравӣ, 61 хоҷагиҳои саҳҳомӣ, 118 кооперативҳои хоҷагии қишлоқ амал мекард, мувофиқи нақшаи пешбинӣ дар соли 2002 зиёда аз 19 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) ташкил шуд. Ба ихтиёри фермерҳо 154 ҳазор гектар замин, аз ҷумла, 511,8 га боғдорию токпарварӣ ҷудо карда шудааст (А.Эргашев, Х.Муҳадбердиев. «Курси Назарияи иктисодӣ» (Китоби дарсӣ), Душанбе, 2001).
Ҳоло бошад, тибқи маълумотҳои омори ҷумҳуриявӣ ва Вазорати хоҷа-гии қишлоқ дар аввали соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27631 хоҷаги-ҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 60 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 63 кооперативҳои истеҳсолии кишоварзӣ, 228 хоҷагиҳои ёрирасон, 108 хоҷагиҳои давлатӣ, 38 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 1010 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ, 14 колхозҳо, 3 корхонаҳои иҷоравӣ, 21 фабрикаҳои парранда-парварӣ, 59 заводҳои пахтатозакунӣ ва 34 корхонаҳои пиллапарварӣ фаъолият карда истодаанд.
Адади корхона ва ташкилотҳои комплекси агросаноатии вилояти Суғд дар аввали соли 2009 барои тақозо ва таҳлили рушди хоҷагии қишлоқ оварда мешавад.

Дидан карданд: 39

Реклама

Загрузка...