TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Ислоҳоти хоҷагии қишлоқ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МУНОСИБАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ИНКИШОФИ КОМПЛЕКСИ АГРАРИЮ САНОАТӢ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Ислоҳоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аз қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.10.1993 оғоз ёфта, тибқи тақозои Кодекси замин ва "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дигаргунсозиҳои иқти-содии КАС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000 ва то давраи соли 2008 ва ғайра инкишоф ва таҳаввул меёбад.
"Ислоҳоти кишоварзӣ кори осону тумтароқ нест, - қайд мекунад Э.Раҳмон - татбиқи он меҳнатталаб аст. Он на танҳо муносибатҳои некхо-ҳонаро нисбат ба замин ва воситаҳои истеҳсолот, балки дигаргун кардани ақидаву ҷаҳонфаҳмии деҳқон, психологияи он, ҳаллу фасли муносибатҳои нави бозориро тақозо менамояд" (Раҳмонов Э.Ш. Ислоҳоти иқтисодӣ - тақозои замон. - Душанбе, 1998).
Зарурати дигаргунсозии ҳавзаи кишоварзӣ аз он ҷиҳат зарур аст, ки дар ҳудуди қишлоқ 73,3% аҳолии мамлакат истиқомат дорад, дараҷа ва сатҳи зиндагонии на танҳо аҳолии деҳот, балки ҳамаи аҳолӣ аз дараҷаи инкишоф ва болоравии ин соҳа вобастагӣ дорад. Ин соҳа вобаста ба шароитҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таърихӣ, иқлим ва ғайра аз 30 то 40 фоизи маҳсулоти умумии дохилӣ ва 70-75 фоизи ашёҳои истеъмолиро таъмин менамояд.
Тақдири бисёре аз соҳаҳои саноат (саноати сабук, хӯрокворӣ, пахта, мева...) ба ҳамин соҳа алоқаманд мебошад. Маблағҳое, ки ба ин соҳа масраф карда мешаванд, нисбат ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба зудӣ подош хоҳанд гашт. Аз сатҳ ва дараҷаи инкишофи бисёре аз соҳаҳои кишоварзӣ, ба монанди пахтакорӣ, тамокупарварӣ, пиллапарварӣ, меваю сабзавот аз андӯхти асъори давлат вобастагӣ дорад. Дар доираи ин соҳа имконияти шуғли аҳолӣ нисбат ба дигар соҳаҳо васеътар мебошад.
Аз ин нигоҳ, зарурияти ба миён овардани шаклҳои мусоид ва самара-бахши механизми хоҷагидорӣ ба миён гузошта мешавад. Ислоҳоти кишо-варзӣ маҳз дар чорчӯбаи ташкил гардидану ба дараҷаи баланд таҳаввул ёфтани шаклҳои пешқадамтарини хоҷагидорӣ (ташкил ёфтани КАС, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳо, ассотсиатсияҳои деқконӣ, ширкатҳои саҳҳомӣ, эҳёи корхонаҳои хурди коркардабарории маҳсулоти кишоварзӣ) имконпазир мебошад.
Охирон, аз сабаби маҳдуд будани имконияти хурди ин ҳавза, номуто-биқати нархи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқу нархи хариди воситаҳои истеҳсолот имконияти дар амал татбиқ шудан ва дар як мӯҳлати кӯтоҳ таъмин кардани талаботи аҳолии мамлакатро бо неъматҳои кишоварзӣ надорад. Аз ин ҷиҳат ёрӣ ва дастгирии деҳот аз ҷониби давлат зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар баъзе солҳои сипаришуда кӯмаки беғаразонаи баъзе аз давлатҳо ба сифати сармоягузории мустақим ё ғайримустақим аз 50 то 80 фоизи арзиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил медод. Дар шароити Тоҷикистон дастгирии давлат бештар дар соҳаи комплекси киштукор ва коркарди пахта, меваю сабзавот, равғанкашӣ қулай мебошад.
Дар ин ҷанба, истифода кардани таҷрибаи дигар давлатҳо: Чин, Япо-ния, мамлакатҳои Шарқу Ғарб, ки ба иқлим ва табиати Тоҷикистон монандӣ доранд, аз аҳамият холӣ буда наметавонад. Дар аксарияти давлатҳо соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ба сифати ҳавзаи якуминдараҷа эътироф карда шуда, ҳамчун сарчашмаи таъминкунандаи аҳолӣ бо озуқа ва беҳтаркунандаи дараҷаи зиндагонии мардум аз ҳисоби буҷети давлат (дар Япония - 70%, Канада - 40%, ШМА - 25%), яъне аз 25 то 70 фоиз ёрдами беғаразона ҷудо карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ин шакли ёрдам ҳамчун ба КАС аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок сурат мегирад.
Яке аз омилҳои муайянкунандаи рушду нумӯи корхонаҳои кишоварзӣ андоз мебошад. Дар шароити ҳозира барои соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 8 намуди андоз (андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, андоз аз фурӯши чакана, андози иҷтимоӣ, андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифода-барандагони роҳҳои автомобилгард, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, андоз аз коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва дар ҳолати коркарди маҳсулот андоз аз арзиши иловашуда) муқаррар карда мешавад.
Аз сабаби баланд будани воҳидҳои андоз баъзе аз корхонаҳои хоҷагии қишлоқ онро пардохта наметавонанд, чунки он аз ҳаҷми умумии даромади хоҷагиҳо зиёд мебошад. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ воҳиди баъзе аз намудҳои андозро паст намудааст, ки он ба як андоза дараҷаи даромаднокии онҳоро таъмин карда метавонад.
Масалан, воҳиди андоз аз фоида аз 40 фоиз то ба 30 фоиз, пардохти иҷтимоӣ аз 37 то 26 фоиз, андоз барои истифодаи роҳҳои мошингард аз 2 фоиз маҳсулоти умумӣ то ба 2 фоизи арзиши илова, аз нахи пахта - аз 25 то ба 10 фоиз ва ғайра паст карда шудааст.
Баъди ислоҳоти иқтисодӣ (1990-2000) дар бештари давлатҳои шӯравӣ нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва воситаҳои истеҳсолот хеле ҳам боло рафт. Дар давоми солҳои 1991-1998 нисбат ба соли 1990 нархҳои харид ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва хадамот дар Россия ба 8850 маротиба баланд шудааст. Нарх ба маҳсулоти фурӯхташудаи хоҷагии қишлоқ бошад, 2000 маротиба боло рафтааст. Фарқи онҳо 4 маротибаро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар натиҷаи деноминатсия (дигар кардани арзиши пулҳои қоғазӣ) аз хоҷагии қишлоқ зиёда аз 200 млрд.рубл кашида гирифта шудааст (Семенов З. Новқй курс аграрной реформқ. //Экономист, 1999, N1.с.17).
Албатта, истифода ва ҷорӣ кардани ин гуна сиёсат дар шароити ҳамон-вақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори гарон буд, вале бо пайдо шудани замина-ҳои айнӣ, махсусан, моддию молиявӣ онро амалӣ гардондан имконпазир гардид.
Барои беҳтар намудани фаъолияти комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ, алалхусус вилояти Суғд ба назари мо бояд:
1. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба кодекси андози ҶТ" доир ба ягонагии андоз барои хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) бениҳоят нишотангез буд, ҳарчанд аз 16 андозҳои ҷумҳуриявӣ ва 4 андози маҳаллии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) ҳамагӣ аз якчанд намуди андозҳо озод карда шудаанду халос. (Дар амал давлатҳое, ки ба андози ягона гузаштаанд, қисман аз андоз озод карда нашуда, балки пурра озод карда мешаванд, масалан, дар баъзе ноҳияҳои давлати Чин, ки на танҳо дар соҳаҳои агросаноатӣ, балки дар дигар соҳаҳои хадамот низ андози ягона амал карда, аз ҳамаи намудҳои андоз, ба ғайр аз андози даромад аз шахсони воқеӣ озод карда мешавад.
2. То ба имрӯз дар ҷумҳурии мо ба миқдори 27631 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва, умуман, дар якҷоягӣ бо дигар намудхои хоҷагиҳои кишоварзӣ 29269 ба ҳисоб гирифта шудааст. Вилояти Суғд доир ба истеҳсоли маҳсулоти агросаноатӣ 1/3 ҳиссаи ҳамаи истеҳсоли маҳсулоти ҷумҳуриро дар бар мегирад, ҳарчанд миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоҷагиҳои соҳаи агросаноатӣ мувофиқи маълумоти омор ва сохтори хоҷагии қишлоқи вилоят ҳамагӣ 6282 ба ҳисоб гирифта шудаасту халос.
Таносубан тамоюл ба боздоштани ташкилёбии корхонаҳои кишоварзӣ ба намуди хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) ва кооперативҳои кишоварзӣ рафта истодааст. Ба фикри мо, хоҷагиҳои хурд дар минтақаи мо бояд ба миқдори тахминан 9-10 ҳазор ташкил карда шуданаш лозим буд. Сабаби асосии бозмонии ташкилёбии хоҷагиҳои хурди соҳаи кишоварзӣ ин, пеш аз ҳама, аз тарафи роҳбарони ноҳияҳо нафаҳмидани ин равияи рушди иқтисодӣ мебошад.
3. Ҳамаи хоҷагиҳои хурди ташкил карда шудаи соҳаи кишоварзӣ то ба имрӯз ҳисоботҳои муҳосибии худро ба ягон мақомотҳои дахлдор, ба ғайр аз кумитаи замини ноҳия, пешниҳод ва қариб ягон намуди андозро пардохт накардаанд, ки ин боиси таҷзияи чунин хоҷагиҳо мегардад ва бояд тазаккур дод, ки ҳамаи маблағгузориҳои имтиёзнок, ки аз тарафи бонкҳои ҷумҳурӣ ва шӯбаъҳои онҳо, ки шахсан бо фармоиши Президенти ҷумҳур, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст, маҳз ба ташкилёбию равнақёбии чунин хоҷагиҳои майда сафарбар карда шудаанд.
Вобаста ба ин, аз сабаби набудани ҳисоботҳои муҳосибӣ нобоварӣ ва беэътимодии коркунони бонкӣ ба чунин хоҷагиҳо ба амал меояд. Умуман, набудани ҳисоботҳои муҳосибӣ дар ҳамаи намуди хоҷагиҳои майдаи соҳаи кишоварзӣ боиси ақибмонӣ ва дар оянда аз тарафи давлат рӯйпӯш карда натавонистани зарари табиии хоҷагиҳои ин соҳа (дотатсияи буҷетӣ, ки аз соли 2009 сар карда, дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда мешавад) гардида, боздории ташаккули фаъолияти комплекси агросаноатӣ мегардад.
4. Гарчанде ки аз соли 1996 сар карда, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба ном сармоягузорон пайдо шуда бошанд ҳам, дар шароити гузариши иқтисодӣ ба муносибатҳои бозорӣ инро сармоягузорӣ ҳисобидан мумкин набуд, чунки сармоягузориро барои воситахои асосии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ бояд кард, на балки барои муваққатан таъмин намудан бо маблағи гардон, чунончи, дар асоси шартномаҳои басташудаи фючерӣ байни хоҷагиву сармоягузор ин амалия ба кор бурда мешуд.
Ба ғайр аз он, ҳисоби фоизӣ аз маблағи вогузор карда шуда, ба тариқи ҷамъ намудани миқдори фоиз ба фоизи пештара ҳисоб карда мешуд. Қарз-ҳои бавуҷудомадаи истеҳсолоти хоҷагии кишоварзиро дар ин минтақаҳо, ки дар асоси ҳисоботҳои тавозуни муҳосибӣ тақрибан ба 450-500 млн. доллари амрикоӣ расида буд, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба назардошти набудани роҳи дигар ба зиммаи худ гирифта, асосан, тавозуни хоҷагиҳои деҳкони (фермери)- ро дар навбати худ, ба ин миқдор кам карда. ба сифр баробар кард. Гарчанде, ки бо назардошти мо фақат бо роҳи фурӯши миқдори муайяни замин ба солҳои муайян ба ивази қарз ислоҳ кардан мумкин буд.
Бояд гуфт, ки заминҳои ба ҳисоби қарз дода шуда аз тарафи сармоя-гузорон гирифта рафта намешуд, дар ҳамин масоҳати гирифташудаи замин боз ҳамон колхозчиёни мо кор мекарданду фақат намуди моликиятдорӣ дар фосилаи муайян дигар мешуд. Албатта, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар чунин хоҷагиҳои кишоварзии хурд ба ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсол-гардидаи ин ё он хоҷагӣ, ноҳия ва умуман вилоят ҷамъбаст карда ме-шаванд.
5. Воҷиб ва зарурият ба додани қарзи дарозмуддат (дар тӯли 3-5 сол) бо фоизе, ки ба фоиз ҷамъ карда намешавад, ба мизоҷон, яъне ба корхонаҳои хурди кишоварзие, ки бо бонкҳои ипотекӣ (бонкҳои гаравӣ) сарукор доранд ва ё аз маблағҳои мавҷудаи бонкҳои ҷумҳуриямон бо гарав мондани мулку амволи ғайриманқул (алалхусус, замин ва иншоот), ки ба маблағдиҳанда дода намешавад, балки дар баланси корхонаи кишоварзие, ки қарз гирифтааст, боқӣ мемонад, барои кадоме захираҳои бонки миллӣ ва шӯъба-ҳои онҳоро истифода бурда, дар навбати худ барои баровардани коғазҳои қиматнок ва онро дар дигар бонкҳои ҷаҳонӣ гардиш кунонидан мумкин аст.
6. Соҳаи кишоварзӣ гарчанде соҳаи нахуст дар ҳалқаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмингари асосии рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор равад ҳам, солҳои охир коҳиш ёфтани ин соҳа ба назар намоён аст, аз ин лиҳоз:
бисёр вақт соҳаи хоҷагии қишлоқ дар танҳоӣ ба табаддулотҳои таваррумии солҳои охир, алалхусус таварруми имрӯза ва ҷараёнҳои стихия-вионаи табиат (обхезӣ, сел, хушксолӣ, сармо ва дигар омилҳои табиат, ба монанди пайдо шудани малахҳои зараррасон ба маҳаллаҳои киштукорӣ) мубориза бурда наметавонад. Қусурбардорӣ (конпенсаӣия-р.) кардани ин ҳодисаҳои ғайричашмдошту ғайритарҳрезӣ фақат бо дастгирии дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ бартараф карда мешаванду халос.
дастгирии дараҷаи нарх ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва дар ҳолати паст шудани нархи он дар мавсими фурӯш бисёр муаммои калон аст. Онро хуб мешуд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси тарҳрезии пешинаи фурӯши тайёрмешудаи маҳсулоти соли оянда муайян месохт ва нархи фурӯши онро то охири соли пешина муайян мекард, то ки коркунони хоҷагии қишлоқ арзиши аслии маҳсулотро, ки аз солҳои пешина хуб медонанд, дар навбати худ донанд, ки соли оянда кадом намуди маҳсулотро бисёртар кишт намоянд. Боварӣ доштанашон лозим аст, ки фарқи нархи поёнрафтаи маҳсулоти тайёршударо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ дар соли оянда қусурбардорӣ аз ҳисоби андози супоридамешуда менамоянд.
дахолати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дар натиҷа қабулкардаи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба кодекси андоз доир ба ягонагии андоз барои соҳаи хоҷагии қишлоқ аҳамияти мусбии худро надод, ҳарчанд бо фаҳмишу мутолиаи баъзе мутахассисони ин соҳа аз 16 андозҳои ҷумҳуриявӣ ва 4 андози маҳаллии амалкунанда хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва, умуман, соҳаи кишоварзӣ, асосан, бо андози ягонаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ кор мекунанд.
бо ақоиди муаллифон, вақти он расидааст, ки барои истеҳсолкунан-дагони маҳсулоти кишоварзӣ андози яккаву ягона ба ҷои андози ягонаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар андозҳо (андоз аз фурӯши чакана, андози иҷтимоӣ, андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомо-билгард, андоз аз коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва дар ҳолати коркарди маҳсулот - андоз аз арзиши иловашуда) муқаррар карда шавад. Бо таҳлилҳои якчандсолаи муаллифон меъёри ин намуди андозро нисбати тафриқабандии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ аз 15% то 18% аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил хоҳад кард.

Саволҳо барои худсанҷӣ:
1.Ба КАС (комплекси аграрию саноатӣ) кадом соҳаҳо дохил мешаванд?
2.Муносибатҳои кишоварзии капиталистӣ кадом хислатҳоро дар бар мегирад?
3.Моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти кишоварзӣ аз чӣ иборат аст?
4.Роҳҳои ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ ба замин аз чӣ вобаста аст?
5.Ҳолати муносибатҳои моликиятдорӣ ба замин дар давраи ҳукмронии Сомониён.
6.Адади корхона ва ташкилотҳои кишоварзии ноҳияи худро номбар кунед
7.Тамоюл ва хусусиятҳои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои кишоварзӣ, корхонаҳои хурдро номбар кунед
8.Ислоҳоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр гузаронида шуда истодааст?
9.Роҳҳои рушди соҳаи кишоварзӣ кадомҳоанд?
10.Роли КАС дар тараққиёти имрӯзаи ҷумҳурӣ

Дидан карданд: 141

Реклама

Загрузка...