TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Иқтисоди ноҳиявӣ, моҳият, хусусият ва марҳилаҳои инкишофи он (ИҚТИСОДИ НОҲИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Ноҳия, ҳамчун зернизоми иқтисодӣ. Мавриди таҳқиқ ва тадқиқи иқтисоди қарор гирифтани масоили ноҳия дар адабиёти муосир. Иқтисоди ноҳиявӣ, моҳият, хусусият ва марҳилаҳои инкишофи он. Ноҳия, ҳамчун узви асосии субъекти иқтисодӣ. Вазифаҳо (функсияҳо)-и ноҳия. Татбиқи вазифаҳои ноҳия дар асоси услубҳо (принсип)-и имконпазир. Давраҳои тақсимбандии ноҳия дар ҳавзаҳои иқтисод, иҷтимоиёт ва ҳифзи муҳити зист. Масоили идораи тарҳрезии комплексӣ ва дургироии ноҳия. Дурбини (прогноз)-и ноҳия. Сиёсати ноҳиявӣ ва ташкили он. Масоил ва хусусиятҳои рушди ноҳия дар Тоҷикистон.

Илми муосири иқтисодӣ ба қатори таҳлили масоили микро - макро ва мезоиқтисод ба таҳлили сохтори махсуси хоҷагидорӣ, иқтисоди ноҳия ҳамчун узви таркибии мезоиқтисод ва макроиқтисод аҳамияти махсус медиҳад.
Ноҳия (регион) аз воҷаи лотинӣ regio (ҳавза, соҳа, вилоят, мамлакат, район) гирифта шуда, ҳамчун воҳиди бузурги территориявӣ, табиию ҷуғрофӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию сиёсӣ тасаввур карда мешавад.
Бавуҷудомадани ноҳия, ҳамчун зернизоми иқтисодӣ, давраи дурударози таърихии инкишоф ва таҳаввули ассотсиатсияҳои хоҷагидории маҳаллӣ ва ворид гаштани онҳоро ба фазои ягонаи иқтисодӣ дар бар мегирад.
Далелу рақамои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ноҳияҳои алоҳидаю пароканда ва ба ҳам муттаҳиду созиш накарда дар рафти задухӯрд, шӯриш ва ҷангҳо ба зудӣ шикаст хӯрда, нест ё худ таслим мешуданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аз давраҳои қадим то кунун, дар аксарият давлатҳо зарурият ба ташкил ва мустаҳкам гардонидани ноҳияҳои маъмурӣ ва иқти-содӣ ба миён меояд.
Ба ин раванд густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои молию пулӣ ва дар мояи он ривоҷу равнақ додани шаклу намудҳои бозор, имконияти тавлид ва тафриқасозии маҳсулотро дар байни ноҳияҳо минбаъд амиқ гардонданд.
Таркиби такрористеҳсол дар ҳар як ноҳияҳои иқтисодӣ, тибқи хусуси-ятҳои мавҷудаи табиию иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат дар хар як ноҳия тавлид нисбат ба истеъмол (ё худ баръакс) бартарӣ дошта, таркиби хароҷот, тақозо, арза, нарх низ ҳархела суръат гирифта метавонад.
Агар дар соҳаи истеҳсолот хароҷот нисбат ба даромад зиёд бошад, дар ин ҳолат ин ноҳия ҳамчун ноҳияи эҳтиёҷманд ба маблағ (дотатсияталаб) ва агар хароҷоту даромад ба ҳам баробар бошанд, он гоҳ талаби ноҳия ҳамчун эътидолӣ дониста мешавад. Агар маблағи умумии даромад нисбат ба хароҷот ва сармоягузорӣ бештар бошад, он гоҳ ин ноҳия ҳамчун ноҳияи даромаднок буда, на танҳо ноҳияи худ, ҳатто ноҳияҳои дигарро низ бо сармоя имкони-яти таъмин кардан пайдо мекунад.
Ноҳия ҳамчун унсури миёнарав байни микро ва макроиқтисод амал карда, он бештар ба доираи маҳдуди таҳсис ва доманадори комплекси истеъмолӣ хос мебошад, барои ҳамин ҳам чи қадаре ки доираи таҳсис ва тақсими меҳнат дар ноҳия маҳдуд шудан гирад, ҳамон қадар доираи тақозо ба ашёҳои истеъмолӣ зиёд мегардад
Ноҳия ҳамчун узви асосии субъекти иқтисодӣ дар худ маҷмӯи муноси-батҳои истеҳсолиро таҷассум менамояд. Аз ин ҷиҳат, дар адабиёти иқтисо-дии муосир чунии вазифаҳои (функсияҳо)-и ноҳия номбар карда мешаванд:
- дар ҳавзаи тавлидот: истеҳсоли маҳсулот ва адои хадамот тибқи бар-номаҳои ноҳиявӣ, барои бозори дохилӣ ва бурунмарзӣ; тавлиди молҳои ҷамъиятӣ (сохтмони фурудгоҳҳо, роҳҳои оҳану автомобилгард, иншоотҳои кабудизоркунӣ); хизматрасонии ҷамъиятӣ (туризм, маориф, тандурустӣ, манзил ), тадбирҳои маданӣ;
- дар ҳавзаи тақсимот: ба роҳ мондани тақсими оқилонаи соҳаҳои хадамот ва минбаъда такмил додани он дар доираи ноҳия ва ғайра.
- дар ҳавзаи муомилот: ҳавасмандгардонии фурӯш, хизматрасонӣ пас аз фурӯш, ташкили таблиғ (реклама), ташаккули низоми ҷамъиятии иттилоот, низоми садо ва симои ноҳиявӣ, базаи оморӣ ва ғайра.
- дар ҳавзаи истеъмол: таъмин кардани дараҷаи оқилонаи истеъмоли эахираҳо ва неъматҳову хадамоти тавлидгардида ва ғайра.
- дар ҳавзаи нархгузорӣ: танзими нарх ва тарифҳо, коркардабароии ин меъёрҳои гуэориши имтиёз ва ҷарима, муайян кардани сиёсати андоз, суғурта, қарз  ва ғайра.
Татбиқи ин вазифаҳо дар асоси услуб (принсип)-ҳои зерин имконпазир мегардад:
1) ба ҳисоб гирифтани талаботи ҳамаҷонибаи аҳолии ноҳия, вазъ ва динамикаи ташаккули бозор, манфиати субъектҳои иқтисодӣ: корхона, соҳа, ноҳия, давлат ва ғайра;
2) ба вуҷуд овардани шароит барои бо таври ҳадди аксар мутобиқ гардонии сохтори иқтисодии ноҳия ба омилҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ;
3) бо таври фаъол дар амал татбиқгардонии манфиатҳои иқтисодӣ, алалхусус, манфиати ноҳияҳо.

Дидан карданд: 51

Реклама

Загрузка...