TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Тақсимбандии ноҳия, мазмун ва мундариҷаи он (ИҚТИСОДИ НОҲИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Ноҳия ва тақсимбандии он ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ аз солҳои 20-ум оғоз ёфта, баъди солҳои 30-юм аз байн рафта, баъди солҳои 60-ум эҳё гардида, ҳамчун субъекти иқтисодӣ, мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифтааст.
Дар адабиёти илмии шуравӣ якумин маротиба воҷаи регион (ноҳия) дар солҳои 60-ум аз ҷониби академик Н.Н.Некрасов ҷорӣ ва истифода карда шудааст.
А.Е.Пробст андеша дорад, ки иқтисоди ноҳиявӣ ҳамчун ҷузъи ҷудона-шавандаи ҷуғрофӣ буда, бештар бо аломатҳои табиию ҷоӣгиршавии он дар мавзеъҳои муайян алоқаманд мебошад.
Аз рӯи адолат бояд қайд намуд, ки тӯли 30-40 соли охир  дар мамла-катҳои собиқ шӯравӣ, алалхусус дар Тоҷикистон, тадбирҳои зиёде оиди тафриқасозии территориявӣ ва соҳавии иқтисод анҷом дода шудаанд. Ноҳиябандӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ба таври мутамарказ ташкил, идора ва маблағгузорӣ карда мешуданд.
Аз ин нигоҳ, мазмун ва мундариҷаи ноҳия дар адабиёти муосири иқтисодӣ чунин тавсиф карда мешавад:
- якум, иқтисоди ноҳия соҳаи махсуси илми иқтисод буда, бунёд ва ташкили территориявии истеҳсолотро инъикос менамояд;
- дуввум, ноҳия ҳавзаи махсуси иҷтимоӣ ва иқтисодие мебошад, ки ба он сохтори муайяни истеҳсолот, моликият, мутамаркази аҳолӣ, шуғли аҳолӣ, шароитҳои маънавиёти ҳаёти инсон ва тарҳрезии территориявӣ хос мебошад.
Ноҳияҳои иқтисодӣ ҳамчун зернизоми иқтисоди миллӣ барои амалӣ гардонидани мақсади ниҳоии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ин ҷиҳат дар назди онҳо ҳаллу фасли чунин вазифаҳо бармеояд:
дар ҳавзаи иқтисод;
- оқилона истифода намудани захираҳои иқтисодӣ ва дар ин асос баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ;
- иштирок ва ҳиссагузорӣ намудан дар раванди эҳё ва аз худ кардани ноҳияҳои нав ва ривоҷу равнақ додани онҳо;
- дастгирии тағйиротҳои таркибии пешқадам дар ноҳияҳои қадимаи саноатӣ;
- бартараф кардани ҳолати бӯҳронӣ ва касодӣ дар ноҳияҳо.
дар ҳавзаи иҷтимоиёт;
- таъмин кардани шароити мӯътадили ҳадди ақалли зисти аҳолии ҳамаи ноҳияҳо;
- ба қадри имкон дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани таваррум, шуғли аҳолӣ ва роҳ надодан ба афзоиши бекорӣ;
-дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳиссагузорӣ ба фонди мутамаркази иҷтимоии умумидавлатӣ.
дар ҳавзаи ҳифзи муҳити зист:
- тоза нигоҳ доштани табиат - боду ҳаво, замин аз ифлосшавии парто-вҳо, ахлот, газу нафт ва дигар воситаҳои зараррасон;
- бартараф кардани карозияҳо (хӯрдашави)-и замин, оқибатҳои табиӣ сел, хушкӣ, сармо, яъне садама (катастрофа)-и экологӣ.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки ноҳия ҳамчун ҳалқа (звено)-и муҳимта-рини хоҷагии халқ дар ташаккул ва густариши иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Иқтисоди миллӣ бидуни ноҳия ва охирон бидуни иқтисо-ди миллӣ буда наметавонад. Иқтисоди миллӣ ҳамчун кулли муносибатҳои субъект ва объекти иқтисоди ноҳия ташкил меёбад.
Фаромӯш набояд кард, ки ноҳияҳои кунунии иқтисодӣ оғози фаъолият ва рушди худро дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, маҳз аз ҳамин сатҳ ва дараҷаи пасти аз иқтисоди амрӣ мерос монда сар мекунанд.
Ноҳияҳои инкишофёфта, ноҳияҳое ба шумор мераванд, ки дар доираи онҳо шаҳрҳо ё худ марказҳои индустриалӣ вуҷуд дошта, аз ҷиҳати истеҳ-соли маҳсулоти ҷамъиятӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо бартарӣ дошта бошанд.
Ба ҷумлаи ноҳияҳои нисбатан инкишофёфта дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем ноҳияҳои дар доираи шаҳри Душанбе (ноҳияи Марказӣ, Фрунзе, Октябр) ва шаҳри Хуҷандро номбар намоем. Ин ноҳияҳо, дар муқоиса бо ноҳияҳои дигари дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, тараққикарда дониста мешаванд, вале дар асл ба ноҳияҳои марказии дигар Давлатҳои Муштаракулманофеъ ё худ давлатҳои қитъаҳои Аврупою Амрика, ҳамчун ноҳияҳои ақибмонда ё худ суст тараққикардатарин мебошанд, чунки дара-ҷаи мутамарказу марказият ва тахассусу кооперативонии истеҳсолот дар ин ноҳияҳо хеле ва хеле ҳам паст мебошад.
Бояд махсус қайд намуд, ки аксарияти ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нигоҳи қисмат, ҳамчун натиҷаи тақсимоти умумииттифоқии меҳнат дар давраи Шӯравӣ, эҳё ва ташаккул ёфта, соф сирати кишоварзӣ доранд. Новобаста аз хусусиятҳои умумӣ, дар байнашон фарқият низ вуҷуд дорад. Қисме аз онҳо ҳамчун ноҳияҳои пахтакор, тамокупарвар, токпарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтаанд, қисми дигаре бидуни тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва таҳсис боқӣ монда, аз сатҳ ва дараҷаи саноатигардонӣ тамоман дур гаштаанд. Дар ин ноҳияҳо дараҷаи нисбатан пасти истеҳсолот, ҳосилнокии меҳнат, даромад, дараҷаи пасти зиндагӣ, дараҷаи баланди бекорӣ ва бӯҳрони таркибии кишоварзӣ хукмрон мебошад.

Дидан карданд: 74

Реклама

Загрузка...