TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Масоили идораи тарҳрезии комплексӣ ва дургироии ноҳия (ИҚТИСОДИ НОҲИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Вазифа ва мақсади ниҳоии ҳар як ноҳияи иқтисодӣ дар асоси истифодаи захираҳои иқтисодӣ, таъмин кардани тараққиёти ҳамаҷонибаи (комплексии) ноҳия мебошад. Инкишофи комплексӣ яке аз воситаҳои амалӣ гардонидани стратегияи ноҳия оиди муҳайё намудани шароити баланди дараҷаи зиндагонии аҳолии ноҳия дониста мешавад.
Ноҳия ҳамчун звенои (халқаи) ибтидоии идораи маъмурӣ ё худ идора территориявӣ баромад мекунад. Он на фақат маҷмӯи ҳиссаи территориявии мамлакат, ки ба он хусусиятҳои табиӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, таърихӣ ва ғайра хос мебошад, балки чун халқаи мустақили ба низомдароварандаю худинкишофёбандаи зернизоми территориявӣ хизмат мекунад. Маҳз, бо воситаи ҳамин зернизом унсурҳои дохилии инсонҷомеа – табиат – техника – илм – иқтисод - сиёсат бо муҳити берунии он иттилоот, захираҳои моддӣ, энергетика, ашё, меҳнат, техника, ва ғайра ба ҳам пайваст карда мешаванд.
Дурбини (прогноз)-и ноҳия, гарчанде ба мушкилию бетарафӣ дучор гардад ҳам, тайи солҳои охир ҷонибдорони он торафт меафзоянд. Охирон, ақида ба он доранд, ки нақш ва мақоми дурбинӣ дар шароити гузаштани ноҳия ба муносибатҳои бозорӣ, яъне аниқ гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ мустақилият, худидоракунӣ, худтаъминкунӣ, худтанзимкунӣ дар муайян намудани вазъи ҳозира ва ояндаи ноҳия хеле ҳам баланд мегардад. Ноҳия торафт ба ҷараён ва туғёни пуршиддати муносибатҳои молию пулӣ (бозорӣ), яъне чорчӯбаи механизми тақозо, арза, рақобат, нарх кашида мешавад.
Дурбинӣ дар асоси таҳияи илмии тарҳрезии ҷорӣ ва ояндабинии фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бурунмарзии ноҳия ва услубҳои бо таври умум қабулшудаи низомнокӣ (ба ҳам мувофиқгардонӣ), вариантнокӣ, ботафсилӣ ва асоснокӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҷанбаъҳои иҷтимоии ноҳия чунин лаҳзаҳоро дар бар мегирад:
- таъмин кардани ҳуқуқи баробарӣ оид ба даст овардани маълумот, рушди маънавӣ, ёрии тиббӣ, интихоби озодонаи касбу ҳунар ва фаъолият-ҳои гуногуни соҳибкорию корчаллонӣ;
- таъмин намудани ҳадди ақалли буҷети истеъмолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз таваррум ва болоравии худсаронаи нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молу хадамотҳои зарурати аввалдошта;
- гузариш ба сиёсати нави шуғли аҳолӣ, гузаронидани ислоҳотҳои иқти-содӣ, алалхусус, ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмони манзил, молики-яту хоҷагидорӣ ва ғайра.
- ҷорӣ кардани ҷубронпулӣ, танзими даромад ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ;
- густариши ҳуқуқи шаҳрвандон ва имконияти иштироки онҳо дар ташкилотҳои низоми худидоракунии маҳаллии ноҳия;
- ба вуҷуд овардани фондҳои захиравӣ ба мақсади подош кардани ҳоди-саҳои ғайричашмдошти давраи дурбинии ноҳия ва ғайра.
Аз ин ҷо, хулоса бармеояд, ки ноҳия бо воситаи танзими низоми худ-идоракунӣ, имконияти бо таври васеъ таъсиррасонии худро ба раванди бозор ва ташаккули қонуниятҳои он ва дар ин асос қонеъ гардонидани эҳтиёҷи иҷтимоиро бештар доро мебошад:
1.Шароитҳои табиию иқтисодӣ. Аз нигоҳи шароитҳои табиӣ ё худ иқтисодӣ, омилҳои зиёдеро метавон номбар намуд, ки ба сифати субъект ё худ объект баромад карда, ба раванди ташаккули беинтиҳо ва бисёрҷанбаи ноҳия таъсир мерасонад. Масалан, омили ҷойгиршавии ҷуғрофӣ - пастӣ, ҳамворӣ, нишебӣ, кӯҳсор, биёбон, ботлоқ метавонад ба ҳосилхезии замин, навъи ему хошок, наботот, сабзавот, мева, ҳайвонот ва ғайра таъсир расо-над. Фаслҳои сол, хунукию гармӣ, барфу борон, серобию беобӣ низ чунин таъсир расонида метавонад.
Ҷумҳурии мо мамлакати кӯҳсор аст, ки баландии мутлақи кӯҳҳои он аз 300 то ба 7495 метр мерасад. Аз сатҳи умумӣ 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Иқлимаш континенталӣ буда, тобистон ҳаво то 50 дараҷа гарм буда ва зимистон то 50 дараҷа хунук мешавад.
Аз ҷиҳати захираи об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ (баъди Руссия) ҷои дуввумро ишғол менамояд. Дар ин ҷо 15 қатор-кӯҳҳои бузургтарин, 6 дарёи калонтарин, 22 кӯл, 5 пиряхҳои машҳур арзи вуҷуд дорад.
2.Базаи (таҳкурсии) комили таҷдид (такрористеҳсол) Ҳар як ноҳияи иқтисодӣ тибқи омилҳои табиӣ, таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ташаккул ёфта, дорои захираҳои маҳдуди худ мебошад. Ин захираҳо ҳамчун захираҳои дар қаъри замин ҷоӣ дошта, захираҳои табиат, замин, канданиҳои фоиданоки истифода шуда истода, захираҳои воситаҳои истеҳсолот, ашёҳои истеъмолӣ, захираҳои меҳнатӣ, неъматҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, маҳ-сули ақлонию иттилоотӣ ва ҳоказо арзи вуҷуд доранд.
Дар шароити бозор масъалаи асосӣ ба миён меояд. Оё ин захираҳо барои мустақилона ташкил кардани раванди такрористеҳсолии ноҳия кофӣ мебошанд? Аз ин нуқтаи назар сифати пурра ба роҳ монда шудани раванди такрористеҳсол, нерӯи истеҳсолии ноҳия ва қобилияти он, ки тавонад аз ҳисоби худ ва бозорҳои захираҳо (моддӣ, меҳнатӣ, сармоя, молия) дараҷаи зарурии такрористеҳсолро дар доираи ноҳияи мушаххас таъмин намояд, пешниҳод карда мешавад
Ноҳияшиносон ҳисобу китоб кардаанд, ки барои мустақилона таъмин карда тавонистани тараққиёт, ба ноҳия зарур аст, ки он дар сатҳи стандарти иҷтимоӣ як ҳиссаи муайяни восита ва захираҳои моддӣ дошта бошад. Охирон, мустақиман ба сатҳ ва дараҷаи ташаккули бозорҳои захира, сармоя, меҳнат, молия ва молҳои саноатию истеъмолӣ вобаста мебошад.
Аз ин нигоҳ, ҳар ноҳия дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ вазифадор мебошад, ки: таркиби фондҳои асосӣ - бино, иншоот, таҷҳизот, мошину механизмҳо, қисми фаъолу пассивӣ онҳоро тибқи хусусияти соҳаҳо, алалхусус гуруҳи «А» ва «Б» саноат такмил диҳад. Таносуб байни зариби (коэффисенти) навкунӣ, нобудсозӣ, аз навтаҷҳизонии фондҳои асосиро дар манфиати рушди ноҳия истифода барад, мӯҳлати хизмати фондҳои асосии худро ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ наздик намояд.
Бояд тазаккур дод, ки мӯҳлати хизматҳои фондҳои асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20-25 солро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба нишондиҳандаи мамлакатҳои иқтисоди бозорӣ 4-5 маротиба зиёд аст. Аз ин ҷиҳат ноҳия нигоҳ на ба нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ, балки ба ҷаҳони тамаддуни имрӯза дошта бошад: дар таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ вазни қиёсии автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва истифодаи иттилоот бартарӣ пайдо кунад.
Аз ин ҷиҳат стратегияи илман асоснок карда шудаи тарҳрезию идора ва дурнамоии ноҳия перомуни ривоҷу равнақ додани муносибатҳои бозорӣ, ташаккули бозори ғайрикомил (мавҷуд будани корхонаҳое, ки қодир бошанд раванди тавлид ва тиҷоратро назорат кунанд), аниқ гардондани раванди тахассус ва мутамаркази истеҳсолот, истифодаи шаклҳои прогрес-сивии моликият ва хоҷагидорӣ ва дар ин асос анҷом додани нуқтаҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ (алалхусус, ислоҳоти кишоварзӣ) имкон меди-ҳад, ки ноҳия аз ҳолати касодӣ эмин нигоҳ дошта, ба марраи равнақ рӯ оварад ва минбаъд инкишофу таҳаввул ёбад.
Самаранокии рушди ноҳия мустақиман аз сатҳ ва дараҷаи такмил ва боло бурдани чунин унсурҳои зернизоми бозор вобаста мебошад:
- зернизоми бозори молӣ (савдои яклухт, чакана, марказҳои савдо, хоҷагиҳои нақлиётӣ, барнигоҳдорӣ, музоидаҳо, фирмаҳои таъинотӣ, (диле-рӣ, брокерӣ), ширкатҳои матлуботӣ);
- зернизоми ташкилот ва муассисаҳои бирҷавӣ (бирҷаҳои фондӣ, молӣ, асъорӣ, меҳнатӣ ва дигар муассисоти онҳо, ки ба бозори қоғазҳои киммат-нок, бозори молӣ, бозори асъор ва қувваи коргарӣ хизмат мерасонанд);
- зернизоми ҳавзаи соҳибкорӣ (ширкатҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои хурд, ассотсиатсияҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои холдингӣ, консерн ва дигар шаклҳои корхонаҳо);
- зернизоми кредити (қарзи)-ю бонкӣ (бонкҳои тиҷоратӣ, суғурта, бир-ҷавӣ, фондҳои нафақавӣ, ширкатҳои сармоягузорию молиявӣ, назорати бонкӣ);
- зернизоми илмию иттилоотӣ (марказҳои иттилоотии тиҷоратӣ, шир-катҳои тахассуси машваратӣ, ширкатҳои маркетингӣ, таблиғотӣ, хизматра-сонии ғайритиҷоратӣ, фирмаҳои тиҷоратие, ки барои тайёр кардани мута-хассисон ва баланд бардоштани дониши онҳо омода гаштаанд).
Ба ибораи дигар, баҳо додани фаъолияти ниҳоии ноҳия дар шароити бозор дар ҳаллу фасли масоили муҳими он: бозор барои ноҳия чӣ дод? Кадом тадбирҳои андешидаи он, ҳолат ва вазъи ҳозираи онро беҳтар намуд ва барои рушди он чӣ замина гузошт?, Оё дар шароити ҳисоби пурраи тиҷорат мустақилона ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, идораю тарҳрезӣ имконпазир буда, минбаъд дар арсаи рушди умумииқтисод озодона арзи вуҷуд кардан ва даромаду фоида гирифта, дараҷаи некӯаҳ-волии ноҳияро қудрати баланд бардоштан дорад? Дигар масъалаҳо низ аҳамияти беҳамто пайдо мекунад.

Дидан карданд: 47

Реклама

Загрузка...