TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Сиёсати ноҳиявӣ ва хусусиятҳои ташкили он (ИҚТИСОДИ НОҲИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Иқтисоди ноҳиявӣ аксар вақт ҳамчун қисматкуниҳои иқтисод тибқи аломатҳои территориявӣ тасаввур карда мешавад. Он ҳамчун кулли объектҳои иқтисодие, ки дар доираи территорияҳои муайян (маъмурӣ) ҷоӣ гирифтааст, ташкил меёбад.
Мафҳуми ноҳия ва мавзеъ (территория)-и маъмуриро бояд аз ҳамдигар фарқ кард. Тақсими территориявию маъмурӣ нисбат ба тақсими иқтисодӣ доманадор ва зуд тағйирёбанда буда, таҳти ҳолат ва вазъиятҳои гуногун тағйир меёбад. Меъёр ва ҳаҷми нишондиҳандаҳои иқтисод дар доираи территорияи мушаххас ҳангоми аз як шакл ба шакли дигар гузаштан бетағйир боқӣ мемонанд. То ҳатто ҷойгиршавии объектҳои иқтисодӣ, ҳангоми дигар шудани ном ва сарҳад, ба ҳамон андоза бетағйир боқӣ хоҳанд монд.
Иқтисоди ноҳия, ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, хеле ҳам мураккаб буда, муносибатҳои пурпечутоб ва бисёр ҷанбаи микроиқтисодиро дар худ таҷассум мекунад. Онро фақат бо тақсими территориявӣ алоқаманд кардан ва ҳадду ҳудуди онро бо нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории ноҳия муносиб донистан дуруст нест.
Ҳар як ноҳия дар асоси таърих ва анъанаҳои хоси миллӣ, истифодаи захираҳои маҳдуди табиии меҳнатӣ, сарват ва ғайра қарор мегирад.
Дар ин ҷода низоми муайяни алоқамандии байни давлату ноҳия, ҳамчун воситаи амалӣ гардондани стратегияи иқтисод (сиёсати иқтисоди)-и давлат, ташаккул меёбад. Аз ин нуқтаи назар иқтисоди ноҳияро на фақат аз нигоҳи сарзамину чуғрофӣ, балки мазмуни давлатию миллӣ ва табиӣ низ баҳо медиҳанд.
Дар шароити бозор новобаста аз он, ки ҳар як ноҳия дар асоси ҳисоби тиҷорат амал мекунад, он бидуни алоқамандӣ бо марказ, идораи тарҳрезӣ, сармоягузорию амалӣ гардонидани сиёсати техникӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ғайра вуҷуд дошта наметавонад. Ноҳия марказе мебошад, ки бо воситаи он алоқамандии ҳамаи ҳалқаҳои хоҷагии халқ (микроиқтисод) ва хоҷагии миллӣ (макроиқтисод) ба ҳам пайваст карда мешаванд.

Дидан карданд: 64

Реклама

Загрузка...