TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Масоил ва хусусиятҳои рушди ноҳия дар Тоҷикистон (ИҚТИСОДИ НОҲИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Аксарияти ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи комплекси аграрию саноатӣ қарор мегирад. Охирон, на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки аксарияти соҳаҳои саноатӣ, махсусан саноати коркардабароӣ, истеҳсолоти кишоварзиро дар бар мегирад. Ин алоқамандӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳои истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот дар асоси ҳамгироии кишоварзию саноат сурат мегирад.
Дар шароити бозор ҳар як ноҳия фаъолияти худро дар асоси ҳисоби тиҷорат (худидоранамоӣ, худтаъминкунӣ, худтанзимкунӣ, мустақилият) ба роҳ мемонад.
Дар ташаккули ноҳия ба ҳисоб гирифтани омилҳои иҷтимоию иқти-содӣ аҳмияти калон дорад. Масалан, ҳаҷми ҳақиқии маҳсулоти тавлид-гардида, дараҷаи инкишофи ноҳия, ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба ҳар сар аҳолӣ, суръати тараққиёти соҳаҳои истеҳсолоти моддию ғайри моддӣ, вазъи соҳаҳои зерсохт (инфраструктура)-и иҷтимоию иқтисодӣ, самту равиши инкишофи махсусгардонӣ, миқдори аҳолӣ ва таркиби он (аҳолии қобилияти корӣ дошта, миқдори одамони ба кор банд буда ва бекорон, мутахассисон) сатҳ ва дараҷаи пешрафти илмию техникӣ, иттилоот ва ғайра.
Омилҳои табиӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба сифати омилҳои иқтисодӣ баромад мекунанд (замин, об, хок, гармӣ, нур, ҳаво) на танҳо ҳадду ҳудуди густариши ин ё он намуди ҳайвону наботот, балки хусусиятҳои техникию истеҳсолии ноҳияҳоро низ муайян мекунад. Вобаста ба хусусиятҳои омил-ҳои табиӣ, шакл ва намуди чорво, ғалладона, ему хошок, тухмӣ ва низоми агротехникии коркарди онро ташаккул додан имконпазир мебошад. Иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар давоми сол 2-3 маротиба аз замин ҳосил ба даст оварда шавад.
Вобаста ба мавзеъ ва ҷойгиршавии қитъаҳои замин (заминҳои ҳамвор, дар пастӣ, нишебӣ, баландкӯҳ, миёнакӯҳ ҷойгирифта) намудҳои мувофиқи меваю сабзавот ва набототро киштукор кардан мумкин аст. Барои ин, аз таҷрибаи тайи солҳои охир ташаккулёфтаи ноҳияҳо ва вилоятҳо ба таври васеъ бояд истифода намуд.
Масалан, дар вилояти Суғд ва Бадахшони Кӯҳӣ минбаъд инкишоф додани ноҳияҳои махсуси мевапарвар, меваҳои донакдори зардолуи ширин ва дар мояи онҳо густариш додани саноати консервабарорӣ, мевахушккунӣ, дар қисми ҷанубии вилояти Хатлон (Қубодиён, Шаҳритуз) ташкил намудани марказҳои махсусгардондашудаи тавлиди анор, анҷир, лимӯ, хурмо, бодом, писта ва дигар растаниҳои субтропикӣ: дар ноҳияҳои нимбиёбони Тоҷи-кистони ҷанубӣ ташкил кардани хочагиҳои иҷоравӣ, деҳқонӣ, ассотси-атсияҳо (ширкатҳо)-и рафиқона оиди шинондани навъҳои маданию серҳо-сили писта, бодом, долона ва дигар меваю растаниҳои фоиданоку хислати табобатӣ дошта; дар водии Қаротегин - меваҳои серғизою навъҳои беҳта-рини себ, нок, анор, чормағз ва дар асоси онҳо ташкил кардани корхонаҳои хурду миёнаи махсусгардонидашудаи хусусӣ оиди коркардабароӣ, нигоҳ-дорӣ, хушккунӣ; дар қаторкӯҳҳо ва назди кӯҳии ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Фархор, Ҳисор – парвариши анор, ангурҳои лалмӣ ва пайваста ба ин, навъ ва намудҳои маҳсулноктарини зироат, чорво, тибқи хусусиятҳои минтақаҳои номбар кардашударо истифода кардан аз баҳра холӣ нахоҳад буд.
Аз ин лиҳоз, дар ноҳияҳои алоҳида ривоҷу равнақ додани таҳсиси соҳавӣ ё худ дохили соҳавӣ, яъне соҳаи чормағзпарварӣ, писта, бодом, меваҳои субтропикӣ, асалпарварӣ, асппарварӣ, бузу гӯсфандпарварӣ, боғу токдорӣ, мурғу мурғобипарварӣ, моҳидорӣ, хоҷагиҳои тухмпарварӣ ва ғайра барои шароити ҳозираи Ҷумхурии Тоҷикистон яке аз воситаҳои серда-ромад шуда метавонад.
Аз нуқтаи назар, мавзеъ ва заминҳои корношоям, водии дарёҳову сой-ҳо, нишебию доманаҳои кӯҳӣ, ҷангалзорҳо, теппаҳо ва ғайра барои исти-фода ҳамчун иҷора ё худ моликияти фардӣ дода шуданашон мумкин аст.
Ҳамаҷониба инкишоф ёфтани ноҳияҳои иқтисодӣ дар асоси маҳсулгар-донӣ, таксими ҷамъиятии меҳнат, кооператсия, комбинатсиякунонӣ, ривоҷу равнақ додани комплексҳои аграрию саноатӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, зироат-корӣ ва махсусгардонии дохили соҳавӣ, байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагӣ яке аз сабабҳои рушду нумӯи ноҳия ва ҳамгироии байни ноҳияҳову кишварҳо гардида метавонад.

Саволҳо барои худсанҷӣ:
1.Регион чӣ маънӣ дорад?
2.Кадом ноҳияҳо дотатсияталаб ва эҳтиёҷманд шуморида мешаванд?
3.Вазифаҳои ноҳияро номбар кунед.
4.Татбиқи вазифаи ноҳияҳо бо кадом услубҳо имконпазир аст?
5.Аз тарафи кӣ воҷаи «регион» ҷорӣ карда шудааст?
6.Вазифа ва мақсади ноҳияҳои иқтисодӣ кадомҳоанд?
7.Ба раванди ташаккули ноҳия кадом омилҳо таъсир мерасонанд?
8.Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ноҳия чӣ гуна вазифаҳоро иҷро хоҳад кард?
9.Мӯҳлати хизмати фондҳои асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10.Сиёсати ноҳиявӣ чист?

Дидан карданд: 141

Реклама

Загрузка...