TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Вазифа ва мақсади тадқиқоти макроиқтисодӣ (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Вазифа, мақсад ва услубҳои тадқиқоти макроиқтисодӣ. Маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ. Алоқамандии микро ва макроиқтисод. Асоси субъективии эҳё ва ташаккули назарияи макроиқтисод. Иқтисоди миллӣ, омилҳо ва мақсади инкишофи он. Тамсилаҳои макроиқтисодӣ, нақш ва мақоми онҳо дар иқтисоди миллӣ. Тамсилаи анбӯҳи даромад ва хароҷот дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ. Моҳият ва андозагирии маҳсулоти умумии миллӣ. Андозагирӣ аз нигоҳи хароҷот ва даромад. Маҳсулоти умумии дохилӣ. Даромади миллӣ. Маҳсулоти холисӣ ва умумии миллӣ. Иқтисоди ниҳонӣ ва хусусиятҳои он. Марҳилаҳои инкишоф, мақсад, вазифа ва тафриқабандии ҳисобҳои миллӣ.

Макроиктисод давом ва ҷузъи таркибии назарияи иқтисод (иқтисоди сиёсӣ, экономикс) буда, чӣ гуна, бо кадом роҳ, мақсад ва тарзу услуби низоми иқтисодӣ (иқтисоди миллӣ)-ро инъикос менамояд. Он инчунин ҳодиса ва равандҳои умумию гуногунҷанбавии истеҳсолоти ҷомеавиро оиди тавлиди неъмату хадамот дар доираи соҳаҳои хоҷагии халқ ва сарзамини алоҳида ифода мекунад.
Маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии (муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳову хадамот) субъектҳо (фард, коллектив, корхона...) ва агентҳо (намояндаҳо)-и иқтисодӣ дар алоқамандӣ ва ҳамгироии байни ҳамдигарӣ дар як давраи муайян муносибатҳои макроиқтисодиро ташкил медиҳад.
Аз ин ҷиҳат, микро ва макроиқтисод дар алоқамандии диалектикӣ қарор дошта, дар асоси тарзу услубҳои ягонаи таҳлилу тадқиқот сурат мегиранд. Вале, ҳамчун фасли мустақили илми иқтисод - макроиқтисод дар чорчӯбаи мақсаду вазифа, таҳлилу таҳқиқ, низому тамсила, натиҷаҳои ниҳоии мушаххас, роҳҳои татбиқу инкишоф ва таҳаввули хосаи худ қарор мегиранд (ниг.нақшаи 9.1)
Макроиқтисод ҳамчун фасли махсуси илми умумииқтисод, перомуни низоми хоҷагидории муайян, равобити мутақобилаи равандҳои мустақили иқтисодӣ, таҳлилу тадқиқи қонуну қонуниятҳои ҳодисаҳои кулли ҷамъият ва дарёб кардани механизми қулайтарину муносибтарини танзими иқтисоди миллӣ сурат мегирад.
Ҷудошавии назарияи иқтисодӣ ба ду қисми мустақил - микро ва макроиқтисод, ба худ хос сабабу шароитҳои айнӣ ва субъективӣ дорад. Шароитҳои айнӣ вобаста ба вазъу равиши ташаккули худи раванди иқтисодиёт ба вуқӯъ мепайванданд.
Дар нимаи аввали асри 20 иқтисоди бозорӣ пурра раванди худтан-зимкунию худистиқроршавиро аз даст дод. Динамикаи инкишоф (пешравӣ), ки дар мояи хусусиятҳои анъанавии бозор сурат мегирифт, аз сарҳад ва меъёри худ баромада, аз имконияти динамикаи тақозо пеш гузашт.
Асоси субъективии эҳё ва ташаккули назарияи макроиқтисодиро ҳамчун савти алоҳидаи илм - ангеза ва ҳавасмандии худи тадқиқотчиён тақозо менамояд. Аз ҷониби ҳамагон эътироф карда шудааст, ки макроиқ-тисод, ҳамчун соҳаи алоҳидаю мустақили тафаккури иқтисодӣ, дар солҳои 30-юм таҳсис ёфтааст. Бунёд ва ташаккули он, асосан таҳти дигаргунсо-зиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва таъсири бӯҳронҳои иқтисодие, ки (сс.1929-1933) дар аксарияти давлатҳои инкишофёфтаи ғарб ба вуҷуд омадаанд ба вуқӯъ пайвастааст.
Аз дигар тараф, ҷаҳони сотсиализм, ки мақсади тамоман нест ва решакан кардани капитализмро дошт, тибқи нақшаҳои панҷсола бо суръат пеш мерафт. Аз ин нигоҳ, барои капитализм “табиби ҳозиқ”- ё зарур буд, ки онро на танҳо “ташхис”, балки “сиҳату солим” гардонда, аз вартаи ҳалокшавӣ эмин нигоҳ дорад. Ба сифати ҳамин гуна наҷотдиҳандаи капита-лизм, бе мулоҳиза, метавон ба чоп омода гаштани китоби иқтисоддони англис Ҷ. Кейнсро бо номи “Назарияи умумии шуғл, қарз ва пул”(с.1936) номбар кард.
Тибқи ақидаи Ҷ.Кейнс, бозор ва фишангҳои он (нарх, тақозо, арза, рақобат) худ аз худ иқтисодро аз вартаи даҳшат ва ҳалокати бӯҳронҳои иқтисодӣ бароварда наметавонанд. Барои он дахолати давлат ба иқтисодиёт ва танзими он зарур аст. Ба ин мақсад Ҷ.Кейнс таклиф пешниҳод менамояд, ки дар навбати аввал ҳаҷми тавлидоти неъматҳову хадамот зиёд карда шавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки тақозои кулл боло бурда шуда, ҳаҷми тавлидот зиёд ва иқтисод ба ҳаракат дароварда шавад. Ҳамин тариқ, Ҷ.Кейнс барои эҳёи макроиқтисод ба таҳлили қонуният ва услубҳои ташаккули он замина гузошт
Эътироф гардидааст, ки вазифаи асосии сиёсати макроиқтисодӣ – баланд бардоштани самаранокӣ ва мазмуни иҷтимоии иқтисоди бозорӣ мебошад, ки бо сиёсати макроиқтисодии давлат ба мақсади: таъмин кардани рушди устувор ва самараноктарини иқтисодӣ; шуғли пурраи аҳолӣ, эътидолӣ ва истиқрори умумии дараҷаи нарх; таъмин кардани адолати иҷтимоӣ ва таъмини шахсони ғайри қобили меҳнат дошта, пардозҳои устувори савдою тарози мамлакат ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дидан карданд: 22

Реклама

Загрузка...