TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Маҳсулоти умумии миллӣ: моҳият ва андозагирии он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Аз таҳлили саволҳои пештара бармеояд, ки иқтисоди миллӣ ҳамчун кулли муносибатҳои иқтисодӣ – субъект ва агентҳои бешумор сурат мегирад. Фаъолияти онҳо дар асоси гирдгардиши анбӯҳи даромад ва хараҷоти маҳсулоти ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад. Аз ин нигоҳ, барои муайян ва андозагирии фаъолияти ниҳоии иштирокчиёни анбӯҳи иқтисодӣ дар миқёси иқтисоди миллӣ, нишондиҳандаҳои мушаххас истифода карда мешавад. Одатан, чи аз диди назария ва чи амалияи хоҷагидорӣ чунин нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бештар истифода мегарданд: маҳсулоти умумии миллӣ; маҳсулоти умумии дохилӣ; маҳсулоти холиси миллӣ; маҳсулоти ниҳоии миллӣ; даромади миллӣ; даромади шахсӣ; андӯхт; истеъмол; пасандоз ва ғайра.
Таҷрибаи хоҷагидорӣ тайи 70-80 соли охир нишон медиҳад, ки низоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ба хусусиятҳои низоми иқтисодӣ (бозорӣ, амрӣ.) ҳархела ба роҳ монда мешавад. Дар иқтисодиёти низоми амрӣ (сотсиалистӣ), ки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар давраи он бунёд ва ташаккул ёфтааст, асосан, нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ, маҳсулоти холиси ҷамъиятӣ, маҳсулоти ниҳоии ҷамъиятӣ. даромади миллӣ, фонди андӯхт, фонди истеъмол ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бо таври васеъ истифода карда мешудаанд. Андозагирии он, асосан, дар мояи назарияи марксистӣ - тақсим кардани истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба ду қисмат - истеҳсолоти моддию ғайримоддӣ ва таносубан меҳнати ҷамъиятӣ ба меҳнати маҳсулнок ва ғайримаҳсулнок қарор мегирифт.
Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ (ММҶ) ҳамчун кулли неъматҳои моддии аз ҷониби соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ (саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо...) истеҳсолкардашуда ҳисобу китоб карда мешуд. Ба он ҳамаи намудҳои молу маҳсулоти тавлидгардида (фурӯхта шудааст ё не) ҳамроҳ карда мешуд.
Маҳсулоти умумии миллӣ (МУМ) - арзиши бозории ниҳоии мол ва хадамоте мебошад, ки дар доираи иқтисоди миллӣ дар як давраи муайян (1сол) ба вуҷуд оварда мешавад. Ба он арзиши чизҳои истеъмолӣ ва воситаҳои истеҳсолоте, ки бо ёрии омилҳои истеҳсолот, аз ҷониби субъект ва агентҳои иқтисодӣ, ки дар давраи муайяни ба онҳо молик будан ба вуҷуд оварда шудаанд, дохил карда мешавад. Ба МУМ қисми даромаде, ки пас аз адои андоз ва пардохтҳои ҳатмии дигар, аз ҳисоби омилҳои истеҳсолот аз ҷониби намояндаҳои иқтисодӣ, берун аз марзи мамлакат (корхона, ширкат, ба филиал ё худ корхонаҳои дар хориҷа буда) ба вуҷуд оварда мешаванд, низ дохил карда мешавад.
Таҷрибаи мамлакатҳои Ғарб нишон медиҳад, ки МУМ дар асоси ду усул андозагирӣ карда мешавад: андозагирӣ аз нигаҳи хароҷот (масраф) ва даромад.
1. Андозагирӣ аз нигаҳи хароҷот. Барои муайян кардани ҳаҷми солонаи МУМ ҳамаи намудҳои хароҷотро ба ҳам зам мекунанд: хароҷотҳои истеъмоли аҳолӣ(C), сармоягузорӣ(Lg), харидкунии давлатии молу хадамот(G), содироти соф(Xn)- ҳамчун фарқи содирот ва воридот.
Аз ин ҷо МУМ-ро чунин тасвир кардан мумкин мебошад:
МУМ=C+Lg+G+Xn;    дар ин ҷо:
С - хароҷотҳои истеъмолии шахсии аҳолие мебошад, ки дар худ масрифоти хоҷагиҳои хонагиро оиди молҳои дуру дароз хизматкунанда (радио, телевизор, яхдон, мошин, компютер...) ва молҳои истеъмолӣ (нон, равған, сарулибос, пойафзол...) бидуни харидани манзил дар бар мегиранд. Ба он хароҷотҳо оиди нигаҳ доштани ҳаммом, ҳавзҳо, сартарошхонаю ҷомашӯйхо-наҳо низ ҳамроҳ карда мешавад.
Lg - сармоягузориҳои умумӣ, ҳамчун маблағтузориҳои истеҳсолии фирма, ки барои харидани сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ) азнавтаҷҳизонӣ, навсозӣ (иноватсия); сохтмони навсармоягузорӣ барои бунёд кардани фонди эҳтиётӣ ва ғайра ҷудо карда мешавад, баромад мекунад: сармоягузории умумӣ ҳамчун сарҷамъи сармоягузории холис (соф) ва истеҳлок (амортизатсия) ба роҳ монда мешавад.
G - харидкунии давлатии молу хадамот - хароҷотҳое мебошад, ки барои нигоҳ доштани мактаб, роҳ, артиши миллӣ, идораи мамлакат (яъне соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бидуни соҳаҳои иҷтимоиёт ва пардохтҳои трансфертӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд, дохил карда мешаванд;
Xn - содироти холиси мол ва хадамот барои хориҷа ҳамчун фарқи содирот ва воридоти молу маҳсулот ҳисобу китоб карда мешавад. Афзалият ва камбудии он аксар вақт бо аломати (+) ва (-) нишон дода мешавад. Ҳодисаҳое кам нестанд, ки хароҷоти молҳои аз мамлакат берун баровардашаванда аз молҳои воридшаванда баланд ҳастанд ё худ баръакс - хароҷоти молҳои воридотӣ аз молҳои дохилӣ зиёдтар мебошад.
Усули эътироф гардида дар мамлакатҳои Ғарб бо таври маъмул истифода карда мешавад. Барои ҳисобу китоб ҷамъи даромадҳое, ки ҷомеа дар давоми сол аз ҷониби бошандагони мамлакат (бидуни шахсони хориҷӣ, ки камтар аз як сол истиқомат доранд) ба вуҷуд оварда мешавад, ба назар гирифта мешавад.

Дидан карданд: 19

Реклама

Загрузка...