TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Маҳсулоти умумии дохилӣ. Даромади миллӣ (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Маҳсулоти холиси миллӣ (МХМ) ё худ маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) як қисми маҳсулоти умумии миллӣ буда, мустақиман барои ифодаи раванди рушди иқтисоди миллӣ истифода карда мешавад.
Нишондиҳандаи МУМ имконияти бо пуррагӣ ҳисобу китоб кардани маҳсулоти дар давоми сол баровардашударо надоранд, чунки он бидуни назардошти ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ андозагирӣ карда мешавад, Барои пурра ва ҳамаҷониба ҳисобу китоб кардани фаъолияти хоҷагидорӣ дар доираи иқтисоди миллӣ нишондиҳандаи маҳсулоти хосили миллӣ истифода карда мешавад.
Даромади миллӣ (ДМ) андозаи даромадҳои онҳое, ки тавлидгаронро бо заҳира таъмин намуда, маҳсулоти ҳолиси миллиро ба вуҷуд меоваранд, ифода мекунанд.
Даромади миллӣ аз нигаҳи аҳолӣ ҳамчун маҷмӯи даромадҳое, ки таъми-нотчиёни захираҳо аз саноат ба даст меоранд, баромад мекунанд. Даромад аз пешниҳоди захираҳои иқтисодӣ, масалан аз омили меҳнат дар шакли музди кор; омили сармоя – фойда; омили замин – рента ва ғайра ташкил меёбад. Ба ифодаи дигар даромади миллӣ.
Ба сифати даромад – музди кор, рента, фоида, фоиз, иҷорапулӣ, даромад аз маблағгузориҳои шахсӣ, андоз аз фоидаи ширкатҳо, дивиденд, амортизатсия ва ғаӣра номбар карда мешавад. Бо ибораи дигар, хангоми андозагирии МУМ аз нигаҳи даромад, ҳамаи намудҳои даромади омилӣ ва нишондиҳандаҳое, ки ҳамчун даромад эътироф карда намешаванд, хиссаҷудокуниҳои амортизат-сионӣ ва андози ғаӣримустақим ба тиxорат, яъне андоз тарҳи пулҷудокуниҳои бебозгашт (имдодҳо, субсидияҳо) ба назар гирифта мешаванд
МУМ, асосан, чунин унсурҳои даромади миллиро дар бар мегирад:

  • подошти меҳнати коргарони кироя (музди кор, ҳаққи меҳнат, муко-фотпулиҳо) ;
  • даромад аз шаклҳои моликият (даромади моликон, даромади корхо-наҳои ғайриширкатӣ (ғайрикорпоративӣ), мағозаҳои хурд, фирмаҳо, шир-катҳои рафиқона);
  • даромади рентавӣ (даромад аз ҳама гуна шаклҳои рента: тафриқавӣ, иқтисодӣ, инҳисорӣ, мутлақ, соҳаҳои истихроҷ, коркардабароӣ ва ғайра). Иҷорапулӣ ҳам инчунин.

Фоидаи ширкатҳо (фоидаи баъди адои музди кор ва фоизҳои қарзи боқимонда); дар он даромадҳоро дар шакли дивиденд, ки ба даромади саҳми-яҳо дода мешавад, қисми фоидаи тақсимнашудаи корхона, ки барои инкишоф додани сармояи фирма истифода бурда мешавад (ба ғайр аз андозе, ки аз фоидаи ширкатҳо, ки ба буҷет гирифта мешавад), ҷудо мекунанд ва фоизи холис (соф) – ҳамчун фарқи байни пардохти фоизе, ки корхона аз бахшҳои дигари иқтисод мегирад ва пардохти фоизе, ки ба дигар корхонаҳо медиҳад, яъне бахшҳои хоҷагиҳои хонагӣ ва давлатӣ, ташкил меёбанд.

Дидан карданд: 21

Реклама

Загрузка...