TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он. Назарияи мувозинии макроиқтисодӣ, тақозои кулл ва омилҳои муайянкунандаи он. Тамсилаи классикӣ ва кейнсгароии арзаи кулл. Назарияи классикии муво-зинии макроиқтисодӣ. Тамсилаи мувозинии О.Леонтйев. Назарияи инсти-тутсионалии мувозинии макроиқтисодӣ. Назарияи кейнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ. Хусусиятҳои кунунии назарияи силсила. Инкишофи силсилавии иқтисод. Назарияи марксистӣ ва психологии силсила. Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он. Бӯҳронҳо. Тамоюли ташаккули силсилаҳои иқтисо-дӣ. Мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёнаи давраҳои силсила. Назарияи Н.Д. Кондратйев оиди калобишҳои дарозмӯҳлат ё худ силсилаҳои калони конъюктурӣ. Таҳлили давраҳои тарзи технологии истеҳсолот. Бузургиҳои силсилавӣ, ғайрисилсилавӣ, равоӣ, қасодӣ ва тавфиқӣ. Сиёсати зиддисилсилавии давлат. Силсила ҳамчун қонунияти умумии бозор.

Ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ ҳамеша дар асоси муносибатҳои ба ҳам муқобил (истеҳсол - истеъмол, харид - фурӯш, содирот - воридот, пул - мол ва ғайра), яъне тавозуни баробарии муайян ташкил ва густариш меёбанд.
Мувозинӣ яке аз усулҳои маъмули тадқиқ ва таҳлили илми иқтисод мебошад. Вобаста ба мавқеи онҳо дар ҳавзаи микроиқтисод, он ҳамчун та-носубии байни тақозо ва арзаи бозори алоҳида ва бозори омилҳои истеҳсолот дар сатҳи бозорҳои молӣ, меҳнатӣ, сармоя, молия ташкил меёбад.
Дар миқёси иқтисоди миллӣ (макроиқтисод) мувозинии байни даромад ва хароҷот, яъне мувозинии макроиқтисодӣ аҳамияти бебаҳо пайдо мекунад. Мувозинӣ ҳамчун масоили марказии илми макроиқтисод ва сиёсати иқтисо-дӣ баромад карда, равандҳои ташаккули мунтазамӣ ва мутаносибии иқтисод, истеҳсол ва истеъмол, тақозо ва арза, масрифоти моддӣ ва натиҷагирии он, анбӯҳи чизию моддию воситаҳои молиявӣ ва ғайраро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Таҳти мувозинии макроиқтисодӣ, вазъ ва ҳолати иқтисоди миллиро тасаввур мекунад, ки дар он таносуби мусоидтарини байни захираҳои маҳ-дуди истеҳсолӣ ба мақсади тавлиди неъматҳову хадамоти истифодашаванда ба тақсими он дар байни аъзоёни ҷамъият вуҷуд дошта бошад, фаҳмида мешавад. Бо ибораи дигар, дар доираи иқтисоди миллӣ, ҳолати доимию устувори истиқрор ва эътидолӣ, яъне мутаносубии бйни захираҳои маҳдуди ҷамъият, яъне таносубии оқилонаи қобилияти фардҳо ва имконияти дар амал татбиқ гардонидани онҳо дар доираи ҳавзаҳои гуногуни ҷамъият вуҷуд дошта бошад.
Мувозинӣ, мувофиқи ақидаи иқтисоддони Венгрия Я.Корнай, ҳолати мӯътадилие мебошад, ки дар он механизми танзим қодир бошад, дар ҳолати ҷунбишҳои мавҷуда, низомро гаштаю баргашта ба нуқтаи ибтидоӣ пас гардонад.
Ин тарз аз ҳолати тавозунии иқтисод ҳамчун фарзия ё худ ҳолати идеа-лӣ, яъне иқтисоди бояду шояд, бидуни муфлису касодӣ, бӯҳрону таваррум, харобиҳою задухӯрдҳо ва ҳаводисҳои баларзаоварандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва бурунмарзӣ, яъне тамсилаи он “сотсиализми хаёлӣ” тасаввур карда мешавад. Дар ҳаёти воқеӣ сари ҳар як қадам қонун ва қоидаҳои ин тамсилаи идеалӣ вайрон карда мешавад. Вале бо тарзи назариявӣ донистан ва фаҳмида гирифтани ин тамсилаҳо имкон медиҳад, ки ҷомеа сабабу шароитҳои амиқу мушаххаси ин калобишҳоро сари вақт дарк намуда, роҳҳои пешгирӣ, инкишоф ва истиқрори онро андешад.
Аз ин нигаҳ дар илми макроиқтисод ду шакли мувозинӣ: идеалӣ (дилхоҳ) ва воқеиро фарқ мекунанд.
Мувозинии идеалӣ вазъ ва ҳолате мебошад, ки тавозунии иқтисод тибқи дархосту эҳтиёҷи субъектҳои иқтисодӣ ва дар амал татбиқ гаштани ангеза ва ҳавасмандии онҳо дар кулли низом ва ҳалқаи хоҷагии халқ - хоҷагиҳои хонавода, фирма, соҳа, ноҳия ва ғайра таъмин карда шавад.
Мувозинии идеалӣ ҳамчун лаҳзаи мӯътадил дар асоси меъёрҳои махсуси мантиқӣ, нишондиҳандаҳои сифатию миқдорӣ ва тарзу услуби барқарор кардани мувозинии устувор дар байни захираҳои дар ихтиёри ҷамъият буда ва роҳу воситаҳои ба он расидан ташкил меёбад.
Аз нигоҳи зоҳирӣ мувозинии идеалӣ ба шароитҳои бозори рақобати комил мувофиқат менамояд. Вале дар асл, чи тавре ки аз таҷрибаи хоҷагидории ҷаҳонӣ бармеояд, бозори соф ва озод, рақобати комил қариб, ки вуҷуд надорад. Фаъолити соҳибкорӣ ва иштирокчиёни муносибатҳои истеҳсолӣ, хоҳ нохоҳ таҳти таъсири омилҳои дохилию берунӣ тағйир ёфта, раванди мувозинӣ ва мутаносибии иқтисодро вайрон мекунад: бӯҳронҳои иқтисодӣ, бекорӣ, таваррум ва ғайра.
Мувозинии воқеӣ – ҳолати мувозиние дар иқтисод дониста мешавад, ки дар шароити ҳукмрон будани муносиатҳои рақобати комил сурат мегирад. Он на фақат таҳти таъсири омилҳои дохилӣ, балки омилҳои беруна низ ташкил меёбад.
Мувозинии идеалӣ ва воқеӣ ҳамчун мувозинии ҷузъ ва кулл ташкил меёбанд.
Мувозинии ҷузъ - мувозинатие мебошад, ки байни ҳодиса ва равандҳои алоҳида - бозорҳои алоҳида, субъект ва намояндаони ҷудогонии иқтисодӣ ва ғайра ташкил ва ташаккул меёбад.
Мувуозинии кулл - вазъ ва ҳолати воқеии макроиқтисоие дар назар дошта мешавад, ки дар он таносубии муайяни байни бозорҳои алоҳида, бозори омилҳо, хусусияти низом дар шакли том ифода ёфтааст.

Дидан карданд: 52

Реклама

Загрузка...