TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ зарурияти дар амалия истифода кардани назарияи классикӣ оиди мувозинии макроиқтисодӣ қариб, ки боқӣ намондааст. Он фақат барои таҳлили назариявӣ, муайян кардани манобеи пайдоиш ва ташаккули ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ ва муқоиса ба ҷараёнҳои рушду таҳаввули кунунӣ ва дурнамои иқтисоди миллӣ, рамзан мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор дода мешавад.
Имрӯз аз ҷониби муҳаққиқони иқтисод исбот шудааст, ки ягон нафар аз намояндагони мактаби классикӣ (А.Смит, Д.Рикардо, Ҷ.Милл, Б.Сэй, А.Маршалл, А.Лигу) расман ба тадқиқ ва тамсиласозии мувозинатии макро-иқтисодӣ шуғл наварзидаанд. Аксарияти онҳо ба таҳлил ва тафсири раванд-ҳои микро ва макроиқтисодӣ банд буданд. Вале аз падида ва гуфтаҳои беғаразу беинтиҳои онҳо маълум мегардад, ки равандҳои микро ва макро ба ҳам алоқаманд буда, яке бе дигаре шуда наметавонад. Макроиқтисод ҳамчун тамсилаи бозорӣ рақобати комил дар шакли том гумон карда мешавад.
Тибқи назардошти онҳо иқтисоди бозорӣ худ аз босамар тақсим ва истифода кардани захираҳо мебарояд. Қобилияти иқтисоди бозорӣ оиди худтаъминкунию худтанзимкунӣ дараҷаи кофии тавлид ва шуғлро бо таври автоматӣ таъмин менамояд. Аз ин нигаҳ, бо кор пурра банд сохтани аҳолӣ яке аз меъёрҳои муҳимтарини иқтисоди бозорӣ ва сиёсати беҳтарини иқтисодии давлат - дахолат накардан ба иқтисодиёт қадр карда мешавад.
Мувофиқи ақидаи иқтисодшиноси франсуз Сэй дараҷаи хароҷот ҳаме-ша барои харидани маҳсулот дар ҳолати мавҷуд будани шуғли пурраи аҳолӣ басанда мебошад. Худи раванди тавлиди маҳсулот даромадро ба вуҷуд меоварад, ки он ба арзиши молҳои тавлидгардида баробар мебошад, яъне арзаи молҳо тақозои худро ба миён меоварад. Охирон дар адабиёти иқти-содӣ бештар ба номи қонуни Сэй машҳур аст.
Қонуни Сэй талаб мекунад, ки ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида худ ба худ (ба таври автоматӣ) даромадро таъмин хоҳад намуд. Он ба қиммати ҳамаи молҳои истеҳсол карда шуда баробар буда, бояд пурра фурӯхта шавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳадафи соҳиби даромад на ба даст овардани пул, балки дар харидани неъматҳои гуногун зуҳур мегардад. Ба ибораи дигар, даромади ба даст оварда шуда пурра сарф карда шавад. Дар ин асно пул соф ба сифати вазифаи техникӣ баромад карда, раванди мубодилаи молҳоро осон мегардонад.
Агар ба асли воқеа назар афканем, ҳеҷ гоҳ даромади соҳибкор ҳамеша ва пурра ба истеҳсолот ҷалб карда намешавад. Хоҳ нохоҳ як қисми он пасандоз ва андӯхта мешаванд ва он ба ҳисоби тақозо дохил намегардад. Ин ҳолат сабаби вайрон шудани анбӯҳи даромад (хароҷот) гашта, доираи тақозоро маҳдуд мегардонад. Дар ниҳояти кор теъдоди молҳои фурӯхта-нашуда зиёд, доираи истеҳсолот фишурда, сурати таваррум баланд, бекорӣ афзуда, дараҷаи даромад кам мешавад. Аз ин сабаб масоили мувозинии макроиқтисодиро мушкилтар мегардонад.
Ин норасоӣ ва камбудии қонуни Сэй минбаъд аз ҷониби тарафдорони он дастгирӣ ёфта, ҳамчун ақида оиди таҳлили истифодаи фоизи қарз, музди кор, дараҷаи нарх ва таъсири онҳо ба раванди мувозинии иқтисод ва таъмини пурраи шуғли аҳолӣ пурра гардонда шудааст. Ин нишондоди онҳо мувозиниро чи дар бозори молҳо ва чи бозори меҳнатию пулӣ ҳамчун андозаи “чандирӣ” бояд таъмин намояд.
Воҳиди фоиз тақозо ва арзаи воситаҳои сармоягузориро ба ҳама баро-бар кунад; музди кори чандирӣ тақозо ва арзаро дар бозори меҳнат ба эътидол медарорад, аз ин нигаҳ ягон хел бекории маҷбурӣ дар ин миён ба вуҷуд нахоҳад омад; нархҳои чандирӣ то ба андозае бозорро “тоза” менамояд, ки зарурат ва имконият барои ба вуҷуд омадани барзиёд ё камис-теҳсолкунӣ дигар боқӣ намемонад; зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот анбӯҳи молу хадамотро дигар карда наметавонад, он фақат ба андозаҳои исмӣ (МУД-и исмӣ, музди кори исмӣ, дараҷаи мутлақи нарх дар мамлакат) таъсир хоҳад расонд.
Ҳамин тавр, бозор бо воситаи калобишҳои воҳиди фоиз, чандирии нарху музди кор, хароҷот ва даромадҳоро ба ҳам баробар намуда, ҳаҷми зарурии истеҳсол ва шуғли пурраро дар иқтисод таъмин менамояд

Дидан карданд: 45

Реклама

Загрузка...