TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Пуштибонии иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ҲАВЗАИ ИҶТИМОИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Таърих гувоҳи он аст, ки бӯҳронҳои иқтисодӣ, муозин ҳамчун силсилаҳои муайяни иқтисодӣ (3-5, 10-15 сол) такрор шуда, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро рӯ ба поён мебаранд (дар ин ҷо ҷангҳо низ истисно буда наметавонад). Дар шароити рӯ ба касодӣ овардани иқтисод миқдори маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ кам шуда, имконияти давлат оиди пулҷудокуниҳои иловагӣ барои дастгириҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ маҳдуд мегардад.
Барои подоши масрафи буҷа ҳукумат ба баланд бардоштани меъёри андозаҳо даст мезанад, ки он мутаносибан ба камшавии даромади корхо-наҳою коргарон ва минбаъд шиддатнокшавии ҳаёти иҷтимоӣ оварда мера-сонад. Давлат ҳеҷ гоҳ тақозои аҳолиро бо «неъматҳои иҷтимоӣ» қонеъ гардонда наметавонад ва бинобар ин шиддатпазирии иҷтимоӣ низ тамоман решакан карда намешавад ва он ҳамчун манобеи таҳрикдиҳандаи иҷтимоии иқтисод боқӣ мемонад.
Набояд фаромӯш кард, ки маблағгузориҳои давлат бо мақсади ҳифз ва пуштибонии иҷтимоӣ, тақозои пурраи аҳолиро қонеъ гардонда наметавонад ва давлат ин гуна ӯҳдадориро низ дар ягон давра ба ӯҳда гирифта наметавонад. Тадбирҳои давлат фақат барои қисми аҳолӣ (соҳаҳои иҷтимоӣ) ва чандир сохтани тарзи ҳаёти зист нигаронида мешавад.
Аз ин нигоҳ барои беҳдошти ҳаёти зиндагӣ дар навбати аввал бояд ба ҳалли масъалаи асосии бозор (чӣ истеҳсол кард?..) аҳамият дод. Маҳз дар асоси бунёд ва рушди иқтисод талаби инсонро бо неъматҳои моддӣ ва хадамот қонеъ гардонидан мумкин аст, аз ин лиҳоз давлат (тибқи қонунҳову қарорҳо, кодексҳо..) имкон медиҳад, ки субъектҳои иқтисодӣ аз ашколи моликият истифода карда, шаклҳои мухталифи хоҷагидориро ташкил намоянд ва бо ҳамин талаби худро ба даромад, талаби аҳолиро бо неъматҳои моддӣ ва талаби давлатро бо андоз қонеъ гардонад, то ки охирон аз нав барои қонеъ гардонидани тақозои иҷтимоӣ истифода карда шавад. Ин анбӯҳи гирдгардиш (ҳаракати даромад: корхона-давлат-аҳолӣ) дар равобити диалектикӣ ҳамчун «двигатели» таҳрикдиҳандаи сиёсати иқтисодию иҷти-моӣ хизмат мекунад.
Зиддияти асосии иқтисодӣ (зиддияти байни захираҳои маҳдуд ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои инсон), ки боиси тафриқасозии ҷамъият ба гурӯҳҳои бою сарватдор – соҳиби молу мулк, замин, корхона, ҳавлию ҷой ва камбағалу бенаво бидуни моликият мегардад, вазъу ҳолат ва шиддатпазирии иҷтимоиро боз ҳам амиқ мегардонад.
Чи тавре ки таҷрибаи давраҳои рушди иқтисод (иқтисоди суннатӣ, амрӣ, бозорӣ, мухталат) нишон медиҳад, шиддатпазирии иҷтимоӣ дар мояи норозигӣ нисбат ба сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат, вазъ ва ҳолати ҳаёти иҷтимоӣ, таъмини нафақа, тақсими даромад, баланд рафтани сатҳи нарх ба молҳои ҳаётан зарур, таваррум, қонеъ нагаштани талабот ба молҳои истеъмолӣ, ифлос будани обу ҳаво, баланд будани нархи таълим (хониш), муолиҷа, риоя накардани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон, надоштани ҷои кор, кам будани музди кор, авҷ гирифтани соҳаи иқтисоди ниҳон – порахурӣ, вазифафурӯшӣ, бетарафии иттифоқи касаба ба масъалаҳои зикршуда, нобоварӣ нисбат ба ташкилотҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ, ғайримуозинии тарақ-қиёти ноҳияҳо, табъиз (дискриминатсия-р.) дар қабули кор, адои ҳаққи меҳнат, таъмин кардан бо манзил, қабул ба мактабу донишгоҳҳо ва ҳоказо зуҳур меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити бозор ягон кас барои таъмини пурраи амнияти иҷтимоӣ кафолат дода наметавонад. Ҳама раванд ва ҳодисаҳои иҷтимоиро ба меъёри ягона даровардан, талаботи мураккабу бисёрҷонибаи ҷомеаро қонеъ гардондан, ба роҳ мондани тақсимоти баробар тибқи меҳнати баробар, таъмин кардани адолати иҷтимоӣ, пурра ба кор банд сохтани аҳолӣ ва ғайра номумкин аст ва бозор низ барои татбиқи онҳо кафолат дода наметавонад.
Аз ин нуқтаи назар, дар шароити бозор давлат на ба масъалаи пурра қонеъ гардонидани ҳамаи аъзоёни ҷамъият, балки дастгирии қисми он табақаҳое, ки худро мустақилона ҳифз ва таъмин карда наметавонад, яъне табақаҳои иҷтимоии камбизоат (коҳида, коста) бештар кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ба табақаҳои камбизоат он гурӯҳи одамонро ҳамроҳ мекунанд, ки ҳаҷми даромади онҳо аз ҳадди ақалли зист (ки аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад) бо назардошти даромади пулӣ, пасандозу андӯхт камтар бошад.
Дар дафтарҳои омори Ғарб ба табақаҳои иҷтимоии камбизоат инҳо дохил карда мешаванд: оилаҳои серфарзанд, оилаҳои бепарастор, модарони якка ё худ яккафарзанддошта, маҷрӯҳон, пиронсолон, нафақахӯрон, дониш-ҷӯён, ки фақат аз ҳисоби стипендия зиндагӣ мекунанд, бекорон, гурезаҳо ва ғайра. Азбаски ҳисобу китоби сарват ва пасандози аҳолӣ кори басо мураккаб буда, оиди ин маълумот пурра ба даст овардан мумкин нест, бино-бар ин ба сифати нишондиҳандаи асосии сатҳи ақалли зист даромади пулии аҳолӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба гурӯҳи камбизоати аҳолӣ аксар вақт кӯдаконро низ ҳамроҳ мекунанд ва онҳо аз ҷониби давлат пуштибонӣ ва дастгирӣ карда мешаванд. Пуштибонии давлат дар шаклҳои гуногун: ёрдамҳои пулӣ, пешниҳод карда-ни молу чиз, хӯроки бепул, хонаю ҷой, паноҳгоҳ, доруворӣ, хизматҳои бепу-ли ҳуқуқӣ, рӯҳӣ, нигоҳ доштан дар хона – интернатҳо, хонаҳои бачагона ва ғайра зуҳур мегардад.
Бо ибораи дигар, давлат бо роҳи баланд бардоштани сатҳи ақалли зист ва музди кор, баланд бардоштани музди кори кормандони ғайриистеҳсолӣ, нафақа, стипендия ва ғайра ба як андоза ҳадди шиддатпазирии иҷтимоиро паст ё худ маҳдуд гардонда, бо ҳамин адолати иҷтимоиро бо як андоза таъмин карда метавонад.
Индексатсияи даромади аҳолӣ - маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ оиди подоши даромаде, ки дар натиҷаи афзоиши арзиши ҳаёт ба вуҷуд меояд, баромад мекунад. Он барои ашхосоне, ки даромади собит мегиранд, равона карда шуда, дар асоси ҳисобу китоби афзоиши нархи (арзиши) воситаҳои ҳаётии зарурӣ (арзиши ҳаёт) муайян карда мешавад. Баҳодиҳии арзиши ҳаёт ҳамчун интихоби тағйироти шохиси (индекси-р.) нархҳо ва тарифҳои неъматҳову хадамот, ки дар маҷмӯъ сабати истеъмолиро ташкил медиҳад, сурат мегирад.
Сабати истеъмолӣ ҳаҷми оқилонаи хароҷотҳои оиларо дар як давраи муайян ифода мекунад, аз ин ҷиҳат аз нигоҳи даромад ҳархела (ҳадди ақалл (минималӣ), миёна) тақсимбандӣ карда мешавад. Азбаски суръати рушди қарордоштаи тавлидот зери таъсири кашфиётҳои илму техника бозорро бо хелҳои ҳархелаи чизҳои истеъмолӣ ва дурудароз хизматкунанда сероб мегардонанд, бинобар ин таркиби сабати истеъмолӣ низ ба зудӣ тағйир ёфта меистад.
Аз ин сабаб ҳаҷм ва таркиби он дигар шуда, бо номгӯҳои навтарини молу маҳсулот ва хадамот аз нав пурра карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи меъёрҳои байналхалқӣ ба сифати баҳодиҳии индекси ҳаёт ба сабаби истеъмолӣ - 850 намуди маснуот ва 2000 маҳсулоти саноатӣ, 50 хоҷагии қишлоқ ва 100 намуди хадамот, яъне 3000 намуд ҳамроҳ карда мешавад.

Заминаи подоши индексатсияи даромадро фишангҳои азнавтақсим-кунии даромади миллӣ, захираҳои молиявӣ ва азнавтақсимкунии онҳо ба манфиати истеъмолкунандагон, хусусан, бо воситаи танзими андоз, муқар-рар намудани имтиёзҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра ташкил медиҳад.

Дидан карданд: 26

Реклама

Загрузка...