TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Таъмини иҷтимоӣ ва ёрии иҷтимоӣ (ҲАВЗАИ ИҶТИМОИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Дар шароити бозор сохти иҷтимоии аҳолӣ чунон тақсимбандӣ шудааст, ки яке аз ҳисоби қобилияти меҳнатию ақлонӣ даромад ба даст оварда, пурра ё қисман аз ҳисоби он талаби худро бо воситаҳои ҳаётии зарурӣ қонеъ мегардонад ва дигаре қобилияти меҳнатӣ дошта, манбаи муайяни фаъолият наёфта, гушнаю ташна бекор мегардад.
Қисми боқимонда – хурду ҷавон ё худ пиру нотавон ба кӯмаки дигаре интизор асту худ онро дастарс карда наметавонад. Аз ин ҷо сарчашмаи таъминоти яке аз ҳисоби бозор ва дигаре давлат сурат мегирад. Дар навбати худ дастгирии аҳолӣ аз ҷониби давлат хислати муваққатӣ ё худ доимӣ дошта метавонад. Он соҳа ё худ фаъолияти давлат, ки нисбат ба гурӯҳи муайяни одамон ҳамчун ёрдам ва дастгирии доимӣ амал мекунад, соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ном дорад.
Яке аз шаклҳои ба ҳамагон маълуму машҳури таъминоти иҷтимоӣ – таъминот бо нафақа (нафақаи иҷтимоӣ) мебошад. Ҳадду ҳудуд, меъёр ва синну соли ба нафақа баромадан тибқи қонуну қонуниятҳои давлатӣ муайян карда мешавад. Масалан, тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳо аз синни 58 ва мардҳо аз синни 63 - солагӣ ҳаққу ҳуқуқи ба нафақа бароадан доранд. Дар баъзе давлатҳо ҳадди ақалли он нисбатан пасттар (50-60) ё худ баландтар (65-70 сол) муайян карда мешавад.
Нафақа дар ду шакл: нафақа тибқи синну сол, яъне нафақаи меҳнатӣ ва нафақа аз рӯи дараҷаи маъюбӣ муайян карда мешавад. Нафақа аз рӯи синну сол мувофиқи синну соли ба нафақа мувофиқат намудан, дараҷаи музди кор, собиқи корӣ таъин карда мешавад. Ҳадди ақалл ва аксари он тибқи қонунгузориҳои давлатӣ муайян карда мешавад. Нафақа аз рӯи маъюбӣ (инвалидӣ) аз собиқаи корӣ, дараҷаи даромад ва музди кор вобастагӣ надорад. Меъёри асосии муайянкунандаи он – бад будани ҳолати саломатӣ, қобилияти корӣ надоштан ё худ маҳдуд будани қобилияти меҳнатии инсон ба шумор меравад.
Сарчашмаи подоши он дар шароити низомҳои гуногуни иқтисоди ҳархела суръат мегирад. Дар шароити сотсиализм нафақа, асосан, аз ҳисоби буҷети давлат ба роҳ монда мешавад. Дар шароити бозор бошад, имконияти давлат оиди ин масъала нисбатан маҳдуд мебошад. Нафақа, асосан, аз ҳисоби фонди нафақа ҷудо карда мешавад. Сарчашмаи онро ҳиссаҷудо-куниҳои корхона ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби даромад (фоида) ба буҷет ташкил медиҳад.
Дар аксарияти давлатҳои инкишофёфтаи низоми бозорӣ он аз ҳисоби фонди нафақаи дар ҳудуди худи корхона ташкил карда шуда подош карда мешавад. Ба ғайр аз ин ҳар як коргар ва хизматчӣ метавонад ихтиёран, аз рӯи салоҳдиди худ ба фонди инфиродии нафақа фоизи муайяни музди кори худро интиқол намояд. Ин тарзи ҳиссагузорӣ ба фонди нафақа имкон медиҳад, ки ҳангоми ба синну соли нафақа расидан шахс нафақаи худро аз ҳисоби саҳмгузориҳои пештараи худ гирад.
Ба ғайр аз нафақа ба баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ ёриҳои пулии яквақта, имтиёзҳо барои истифодаи газ, гармӣ, қувваи барқ, манзил, хондан, табобат ва ғайра таъин карда мешавад. Ин гуна пардохту ёрдампулиҳо шакли доимӣ, муваққатӣ ё худ яквақтаро дошта метавонад ва бештар барои дастгирӣ барои кӯдакон, беморон, пиронсолон, бекорон ва шахсони аз воситаҳои ҳаёт маҳрум ҷудо карда мешавад.
Ёрии иҷтимоии давлатро ҳангоми бино кардани хонаҳои кӯдакон, интернатҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Ёрии иҷтимоӣ баъзан барои оила ва шахсони алоҳида барои сохтмони хонаю ҷой, асбобу анҷоми рӯзғор дар шакли қарз (кредит) ҷудо карда мешавад.
Яке аз намудҳои ёрии пулии давлат ба донишҷӯён идрор (стипендия-р) мебошад. Ҳамчун шакли ёрии иҷтимоӣ – ёрии тиббӣ бо таври васеъ истифода карда мешавад. Хароҷоти он аз ҳисоби фонди иҷтимоии корхо-наю муассиса, буҷети маҳаллаву ноҳиявӣ, штату губерния ё худ буҷети давлатӣ подош карда мешавад. Дар баъзе давлатҳои мутараққӣ фонди тиббӣ аз ҳисоби  маблағгузориҳои коргарон ва хизматчиён ташкил карда мешавад. Ин шакли ёрии иҷтимоӣ ҳамчун суғуртаи тиббӣ бештар машҳур буда, иштирокчиёни он дар ҳолатҳои зарурӣ хизматҳои бепул гирифта мета-вонанд.
Ёрии иҷтимоӣ дар шакли кӯмакпулӣ ба бекорон низ ташкил карда мешавад. Он аз ҳисоби корхона ё худ буҷети маҳаллию федералӣ, тибқи қоидаҳои қабулшуда муайян карда мешавад. Кӯмакпулӣ ҳангоми аз кор пеш кардани коргар, кор наёфтану дар бирҷаҳои меҳнатӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудан таъин карда мешавад. Ҳаҷми он барои моҳҳои аввал ба ҳаҷми музди кор наздик ва бо мурури гузаштани вақт (3-4 моҳ) он ботадриҷ рӯ ба поён оварда минбаъд қатъ гардонда мешавад.

Дидан карданд: 29

Реклама

Загрузка...