TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Пул ва марҳалаҳои инкишофи он (СИЁСАТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Пул, марҳилаҳои инкишоф ва низоми кунунии он. Ақидаҳои К.Маркс ва дигарон оиди пул. Низоми пулӣ. Воҳидҳои пул. Миқёси нарх. Тамғаҳои пулӣ. Чиптаҳои хазинавӣ. Тангаҳо. Низоми интишори пул. Танзими пул. Хусусиятҳои пул дар шароити бозор. Массаи пул. Муомилоти пул. Назарияи К.Маркс оиди миқдори пули барои муомилот зарур. Воҳиди фоизи қарз. Тақозои пул. барои иҷрои амалиётҳои харидуфурӯш. Мувозинии тақозо ва арза дар бозори пул. Қарз (кредит). Қарз ҳамчун зуҳуроти муносибатҳои истеҳсолӣ. Мазмуни иқтисодии қарз. Имконият ва зарурати пайдоишу инкишофи қарз. Институтҳо ва муассисаҳои қарзӣ. Вазифа, услуб, шакл ва намудҳои қарз. Принсипҳои адои қарз. Қарзҳои бонки тиҷоратӣ, гаравӣ, давлатӣ, кишоварзӣ, истеъмолӣ, коммуналӣ ва байналхалқӣ. Қарз дар асоси гарав. Бонкҳо, вазифа, шакл ва низоми онҳо. Амалиётҳои фаъоли бонкӣ. Хадамоти бонкӣ. Низоми бонкӣ. Сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ.

Пул баробари муносибатҳои бозорӣ эҳё ва инкишоф ёфтааст. Он неъмат ё худ мӯъҷизаест, ки инсон барои худ ихтироъ кардааст ва минбаъд маъмулу машҳур гаштааст. Пул мӯъҷизаест, ки инсонро ба худ ҷалбу мафтун намуда, барои дастрас ва дарёб намудан онро саргардон ва ба азобу шиканҷа гирифтор намуда, маҷбур месозад, ки тарзу услуб ва санъати нав ба навро ба даст овардан, истифода ва масраф намуданашро ёд гирад. Парастиш ва фавқулситоиши пул заминаи сарнахусти ташаккули тафаккури иқтисодии инсон, ба ҳам пайваст ва сарҷамъкунандаи кулли муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.
Тибқи ақидаи К.Маркс, пул муносибати байни молу чиз ва ҳукмронии онро бар инсон ифода мекунад. Парастишу саҷда кардан дар назди пул (фетишизми пулӣ) фақат хислати хоси ҷомеаи капиталистӣ мебошад.
Тибқи назарияи М.Фридман - маънидодкунии пул на дар асоси моҳият (principle), балки чорчӯбаи манфиатнокии он муайян карда мешавад. Пул дорои мазмуни муайяни моддӣ буда, барои подош намудани ҳаққи меҳнат, маҳсулот, хадамот ва адои қарз истифода карда мешавад.
Пул ҳамчун натиҷаи амиқ гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнат, муста-қилӣ ва тахсиси тавлидгарони молу хадамот таҳсис ёфта, давра ва марҳа-лаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Кунун, аз ҷониби аксарият эътироф шудааст, ки пул сароғоз дар шакли мубодилаи молӣ (пулҳои молӣ – мӯина, устухони фил, тамоку, моҳӣ..) ба вуҷуд омада, минбаъд ҳамчун пудҳои маталлӣ (фулузӣ) - тилло, нуқра, биринҷӣ, мис, дар шакли рехта ё ба қолиб дароварда (сикка зада) - шуда, пулҳои қоғазӣ (бонкнот, пулҳои хазинавӣ..), пулҳои қарзӣ (вексел, чек, варақаҳои қарзӣ..) ва пулҳои пластикию электронӣ таҳсис ва густариш ёфтааст.
Ба ҳар як давлат низоми махсуси пулӣ хос мебошад. Низоми пулӣ шак-ли муташаккили муомилоти пулие мебошад, ки бо воситаи қонунгузориҳои миллӣ ташкил ва мустаҳкам гардонда шудааст. Асосан, чунин унсурҳои онро ҷудо мекунанд:
Воҳидҳои пулӣ ва номгузории онҳо;
Миқёси нарх;
Намуд ва тамға (аломат)-ҳои пулӣ;
Интишор (эмиссия)-и пулӣ;
Танзими муомилоти пул.
Воҳидҳои пулӣ - аломатҳои қонунан муқарраргардидаи давлат мебо-шанд, ки барои андоза (чен) кардан ва ифода намудани нархи молҳо истифода карда мешаванд. Он, одатан, бо воситаи қисматкуниҳо (1 доллар ба 100 сент, 1 рубл ба 100 копеек, 1 сомонӣ ба 100 дирам..) тасвир карда мешавад.
Миқёси нарх – ифодаи пулии арзиши мол буда, ба сифати вазифаи «техникии» пул хизмат мекунад. Дар шароити дар муомилот ҳузур доштани пулҳои металлӣ моли пулӣ (тилло, нуқра) ҳамаи вазифаҳои пулро иҷро мекунад. Миқдор, ҳаҷм ва вазни онро давлат (бонкҳо) муайян мекунад.
Тамғаҳои пулӣ – шакл ва намуди онҳо аз ҷониби давлат муайян карда мешавад. Кунун, аз сабаби аз муомилот гирифтани металлҳои қимматнок (тилло, нуқра), дар муомилот, асосан, билетҳои бонкӣ (бонкнот-р.)-ҳо иштирок мекунанд. Бонкнотҳо ҳамчун тамға (аломат)-ҳои махсуси пулӣ ва воситаи қонунии пардохт аз номи бонкҳо (марказӣ, миллӣ, тиҷоратӣ) махсус интишор карда мешаванд. Ҳаҷм ва меъёри онҳо гуногунанд. Масалан, дар ИМА бонкнотҳо ба андозаи 1, 5, 10, 20, 50, 100 доллар, дар Россия 5, 10, 50, 100, 500, 1000 рубл, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва ғайра интишор карда шудаанд.
Барои ба ҳам қиёс кардани сарфи меҳнат ва осон гардидани раванди муомилот аксар вақт билетҳои хазинавӣ ва тангаҳо истифода карда мешаванд.
Низоми интишори пул - тартибу меъёри интишор ва муомилоти пулҳои қарзӣ, пулҳои металлӣ (тилло, нуқра, танга) ва пулҳои қарзию қоғазиро дар бар гирифта, аз ҷониби бонкҳои интишори пул (бонкҳои эмиссионӣ), вазорати молия ва ҳукумат ба роҳ монда мешавад. Он ҳамчун кулли гардиши пулҳои нақд (билетҳои бонкӣ (бонкнотҳо) ва тангаҳои ивазша-ванда) ва ғайринақдӣ (воситаҳои пулии дар счётҳои бонкӣ мавқуфгузошта-шуда, векселҳо ва чекҳо) дар муомилот сурат мегирад.
Танзими пул – ҳамчун кулли тадбир ва андешаҳои давлат (ҳукумат, вазорат, бонкҳо) перомуни танзими воҳидҳои пулӣ, миқёси нарх, муомилоти пул, суръати гардиши пул, ҳаҷми пул, бозори пул, тақозою арзаи пул ва таъсири онҳо ба раванди истиқрори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу дараҷаи зиндагии оммаи меҳнаткашон баромад мекунад.
Аз нигоҳи ташаккул ва таҳаввули таърихӣ низоми пул ду давра – давраи монометализм ва биметаллизмро аз сар гузаронидааст. Монометализм- низоми пулие мебошад, ки ба муомилот ба сифати эквивалент 1 металл (тилло ё нуқра) бароварда мешавад. Ба қатори онҳо дар мубодила дигар тамғаҳои арзиш (бонкнотҳо, билетҳои хазинавӣ..) боқӣ монда, иваз кардани онҳо ба тилло давом дода мешавад. Биметаллизм- низоми пулие мебошад, ки дар он давлат ба таври расмӣ нақши эквиваленти умумиро ба ду металл (тилло ва нуқра) мустаҳкам намуда, барои сикка задан иҷозат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки монометаллизми нуқрагӣ дар Россия дар солҳои 1843-1852, дар Ҳиндустон 1852-1893, дар Ҳоланд – 1847- 1875 ва монометаллизми тилло дар Британия дар соли 1816, Олмон - 1871, Фаронса - 1878, Россия – 1897, ва Амрико – 1873 ҷорӣ карда шуда, дар шакли стандарти тиллоӣ то солҳои 1914-1918 давом ва минбаъд аз байн рафтааст. Дар ин давра иваз кардани пулҳои қоғазӣ ба тилло қатъ гардида, тилло ба хазина гирифта шуд.
Дар солҳои 30-юм сикка задан ё худ ба қолиб даровардани тилло дар шакли рехтаҳои тилло (12,5кг) ба роҳ монда шуда, низоми ба тилло ивазна-шавандаи пулҳои қоғазӣ ва қарзӣ ҷорӣ гардид.
Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон (с.1944) низоми пулӣ бо номи Бреттон-Вудс таҳсис ёфт. Вазифаи пулҳои ҷаҳонӣ ба тилло, фақат барои ҳисобу китоби байни давлатҳо, ҳамчун ифодаи сарват боқӣ монд. Ба сифати воситаи пардохт ва асъори байналхалқӣ дар гардиши байналмиллалӣ воҳиди пулии ИМА (доллар) ва Англия (фунт стерлинг)истифода карда мешуд.
Дар солҳои 70-ум низоми нави бо номи асъори Ямайка  қабул карда шуда, ба сифати асъор (пул)-и ҷаҳонӣ пули қарзии СДР (SDR - Special Drawing Reghts) - ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ қабул гардид. Доллари ИМА, фунт стерлинги Англия, маркаи Олмон, франки Фаронса ва ғайра ба сифати асъори захиравӣ дар ҳисобу китоби байналхалқӣ ҳуқуқи иштирок кардан доштанд. Аз ҳаҷми гардиши пул пулҳои қоғазӣ маҳдуд карда шуда, ба сифати он пулҳои ивазшаванда (квазиденги-р.) ба монанди чекҳо, бонк-нотҳо, вексел, варақаҳои қарзӣ, счётҳои бонкӣ ҳарчи бештар истифода карда мешуданд.
Минбаъд, бо мурури байналмиллалишавии ҳаёти хоҷагӣ ва копютер-кунонии иқтисод пулҳои миллӣ бештар ба пулҳои коллективӣ (экю, евро) ва пулҳои электронӣ иваз карда шуданд. Вазни қиёсии пулҳои электронӣ дар ҳаҷми умумии гардиши пул 80-90% -ро ташкил медиҳад.
Дар асоси гуфтаҳои боло чунин хусусиятҳо (нақш)-и пулро, ки дар шароити бозор аҳамияти беназир доранд, қайд кардан мумкин аст:
Пул ҳамчун шарти умумитарини таъмини истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва ба ҳам сарҷамъу пайвасткунандаи ҳалқа (звено)-ҳои молистеҳсолкунандагон баромад мекунанд;
Пул воситаи ҳисобу китоби стихиявонаи меҳнати ҷамъиятӣ (дар хоҷа-гиҳои молӣ) ва фишанги ба ҳам алоқамандгардонии молистеҳсолкунанда-гони алоҳидаю мустақил (дар хоҷагиҳои бозорӣ) мебошад;
Дар натиҷаи ботадриҷ амиқ гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнат ва мустақилияту тахсиси молистеҳсолкунандагон ба сармоя табдил ёфта, ҳамчун олот (яроқ)-и истисмор сурат мегирад;
Моҳияти пул бо воситаи вазифаҳояш (миқёси нарх, воситаи муоми-лот, воситаи пардохт, воситаи андӯхт, пулҳои ҷаҳонӣ) ва низомҳои мушах-хасу муайян зоҳир мегардад;
Бо воситаи пул тақсиму азнавтақсимкунии сарват, захираҳои иқти-содӣ, маҳсулоти умумии миллӣ, даромади миллиро бо воситаи фишангҳои қарзию молиявӣ – буҷет, андоз, молия, суғурта, таваррум ва ғайра ба роҳ мемонад;
Пул аз ҷониби давлат (ҳукумат, вазорат, бонкҳо) ҳамчун усули танзи-ми иқтисод ва амалӣ гаштани сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ истифода карда мешавад.
Дар шароити байналмиллалӣ гаштани ҳаёти иқтисодӣ (хоҷагидорӣ) пул ҳамчун воситаи хизматрасонӣ ва таъминкунандаи ҷараёни муозини мутаносиби анбӯҳи молу хадамот, сармоя, қувваи коргарӣ ва асъор хизмат мекунад.

Дидан карданд: 32

Реклама

Загрузка...