TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Бонкҳо, вазифа, шакл ва низоми онҳо (СИЁСАТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Бонкҳо аз давраи қадим пайдо шуда, ҳамчун идораҳои махсуси пулмайдакунӣ ва иҷро кардани амалиётҳои на чандон мушкилу мураккаби пулию қарзӣ фаъолият менамуданд.
Бонк аз воҷаи немисии «die Bank» ё худ италянии «Banko» гирифта шуда, маънои ҷои нишаст ё худ «курсӣ»-ро мефаҳмонад.
Тибқи маълумотҳои таърихӣ бонкҳои аввалин 2300 сол пеш аз солшу-мории мо дар шакли савдои рафиқона (шарикона) бунёд гардида, вазифаи оддии пулгузаронӣ ё худ қарз додану қарз гирифтанро иҷро мекард. Якумин бонки расмӣ дар Британияи Кабир дар соли 1694 дар шакли бонки давлатии марказӣ таъсис ёфта, минбаъд тафриқашавию махсусгардонии он амиқ гаштааст. Аз ҳамон давра сар карда фаъолияти бонкҳо барои интишори пулҳои қарзӣ, ҷамъоварии пулҳои нақду озоди аҳолӣ, корхона, давлатӣ ва дигар воҳидҳои ҳуқуқию воқеӣ нигаронида шудаанд. Мавқеи бонкҳо дар низоми қарзӣ ҳамчун воситаи миёнарав (яъне субъекти мута-вассит) мустаҳкам мегардад.
Бонкҳо дар асоси ҳама гуна шаклҳои моликият ташкил шуда, фаъо-лияти худро дар чорчӯбаи ҳисоби тиҷорат ба роҳ монда метавонанд. Амали-ётҳои бонкиро тибқи қонуну қонунгузориҳои мавҷуда ба се гурӯҳ: актив (фаъол), пассив (ғайрифаъол) ва хизматрасониҳои бонкӣ ҷудо мекунанд.
Амалиётҳои ғайрифаъолии бонкиро бо таври зайл чунин баён кардан мумкин аст: 1) Амалиётҳои депозитивӣ; 2) Пулгузориҳои амонатӣ; 3)Инти-шори облигатсияҳо; 4.Маблағҷалбкуниҳо бо воситаи қарз (қарзгирӣ аз бонкҳои дигар) ва ғайра.
Амалиётҳои фаъоли бонкӣ амалиётҳое мебошанд, ки аз ҷониби бонкҳо барои ташкил кардани захираҳои молиявӣ ва ба мақсади ба даст овардани фоида истифода карда мешаванд.
Муайян карда шудааст, ки бонкҳои ҳозира зиёда аз 100 амалиётҳои хизматрасониро ба сомон мерасонанд.
Низоми бонкӣ ҳамчун унсури асосии низоми қарзӣ баромад мекунад. Он ҳамчун сарҷамъи бонкҳо ва муассисаҳои бонкию қарзӣ сурат мегирад. Одатан, бонкҳо чун низоми як ё худ дузинагӣ ташкил мешаванд. Ба сифати звено (халқа)-и аввал бонкҳои марказӣ ва звенои дуввум – бонкҳои тиҷо-ратӣ ё худ бонкҳои мустақилу махсусгардондашуда тавсия карда мешаванд.
Бонкҳоро аз нигоҳи нақш ва мақом дар раванди такрористеҳсоли васеи ҷамъиятӣ чунин тамсилабандӣ мекунанд:
1.Тибқи моликият - бонкҳои давлатӣ, хусусӣ, саҳҳомӣ, кооперативӣ, мунисипиалӣ, мухталат (шакли омехтаи бонкҳои давлатию хусусӣ, байни-давлатӣ) ва ғайра.
2.Тибқи фаъолият (амалиёт) – бонкҳои эмиссионӣ, тиҷоратӣ, сармоя-гузор, гаравӣ (кафолат), суғурта (бима)-вӣ, истеъмолӣ (матлуботӣ), соҳавӣ, бонкҳои аграрӣ (замин), бонкҳои депозитивӣ ва ғайра.
Унсури асосии низоми бонкиро бонки марказӣ ташкил медиҳад. Вазифаи асосии он дар таъмин намудани муомилоти муозини пул, амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи қарз, муомилоти пул, ҳисобу китоби муносибатҳои қарзӣ зуҳур мегардад.
Бонкҳои марказӣ аз нуқтаи назари мансубият (моликият) ба сармоя ба бонкҳои:
Давлатӣ, ки сармояашон, асосан, ба давлат тааллуқ дорад (Франсия, Германия, Россия);
Бонкҳои саҳҳомӣ (ИМА);
Мухталат (омехта)-и саҳҳомӣ, ки қисми сармояашон ба давлат ва қисми бақиямондааш ба сармояи хусусӣ тааллуқ дорад (Япония, Белгия) ҷудо мешаванд.
Бонкҳои тиҷоратӣ корхонаҳое мебошанд, ки ҳаракати сармояи қарзиро ба мақсади ба даст овардани фоида таъмин намуда, қисми асосии захираҳои қарзиро нигоҳ дошта, ба мизоҷони худ хизматрасонии комплексиро (додани қарз, қабули депозитҳо, ҳисобу китоби қабул ва фурӯши қоғазҳои қимматнок, асъор..) анҷом медиҳанд.
Бонкҳои тиҷоратӣ чунин вазифаҳоро иҷро менамоянд:
Ҷамъоварӣ ва ҷалб намудани сармояи пулӣ;
Миёнаравӣ оид ба гирифтани қарз;
Ба вуҷуд овардани пулҳои қарзӣ (депозитивҳо):
Анҷом додани ҳисобу китобҳо дар хоҷагиҳо;
Ташкил ва интишори қоғазҳои қимматнок;
Хизматрасонӣ дар шакли мусоҳиба.
Фаъолияти бонкҳои тиҷорат бо воситаи амалиётҳои пассив (ғайри-фаъол)-и он сурат мегирад. Охирон имкон медиҳад, ки захираҳои пуливу қарзии бонкҳо сари вақт ташкил, пулгузарониҳо ва адои маблағҳо таъмин ва интишори қоғазҳои қимматнок амалӣ гардонда шавад. Ба сифати амали-ётҳои ғайрифаъоли бонкҳои тиҷорат, одатан, инҳоро номбар менамоянд:
Ташкил кардани сармояи худии бонк;
Қабули маблағҳои пулӣ;
Барои мизоҷони худӣ кушодани счётҳои махсус;
Аз дигар бонкҳо, алалхусус бонкҳои марказӣ гирифтани қарз;
Интишори қоғазҳои қимматноки худӣ;
Ба амал баровардани муносибатҳои асъорӣ.

Дидан карданд: 42

Реклама

Загрузка...