TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Аз таҳлили саволҳои пештара бармеояд, ки ҳар як давлат тибқи сират ва давраҳои рушди низомҳои иқтисодӣ дорои низоми пулӣ, қарзӣ ва бонкӣ буда, таҳти омилҳои гуногуни субъективию объективӣ - табиӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ қарор дошта, тамоюл ва самту равиши кунунӣ ва дурнамои онро муайян мекунад.
Сиёсати пулиро, рамзан ҳамчун 365 рагу пайванди хунгузарии ҷомеа тасаввур  кардан мумкин аст, ки бо воситаи он тамоми узвҳои дигар «бо хун таъмин» ва ба ҳаракат дароварда мешаванд. Вазъ ва ҳолати он дараҷаи конъюнктураи иқтисод (дараҷаи рушд, эътидолӣ, чандирӣ, муозинӣ, амиқию устувории фаъолияти бурунмарзӣ..) истиқрору танзими онро, чи барои давраи ҳозира ва чи давраи оянда ва дурнамои он муайян менамояд.
Сиёсати пулию қарзӣ ҷузъи муҳимтарини сиёсати макроиқтисодӣ буда, майл ба он дорад, ки сектор (бахш)-и воқеии иқтисод на танҳо дар мояи истифодаи усули танзими монетарӣ (пулгароӣ), балки истифодаи фишанг-ҳои муҳимтарини танзим ва истиқрори он низ қарор гирад.
Аз ин нуқтаи назар, таҳти сиёсати пулию қарзӣ кулли тадбир ва амалиётҳое, ки дар ҳавзаи муносибатҳои пулию қарзӣ оид ба танзиму истиқрор ва ба эътидол овардани иқтисод (аз ҷониби бонкҳо, муассисаҳои қарзию молиявӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва дигар институтҳои қарзию бонкӣ) андешида мешаванд, фаҳмида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки бонкҳои марказӣ (миллӣ) бо воситаи фишангҳои номбар карда шуда вазифа ва мақсади сиёсати пулию қарзии давлатро дар шакли: якум – сиёсати қатъии монетарӣ (пулгароӣ)-(нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар сатҳи якхела) – ва дуввум – сиёсати чандири пулгароӣ (бо таври собит дар як сатҳ ва дараҷа нигоҳ доштани воҳидҳои фоиз) ба анҷом мерасонад.
Дар анҷоми таҳлил ва тадқиқи илмию назариявӣ андаке нисбати хусу-сиятҳои ташаккули муносибатҳои пулию қарзӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намудан аз аҳамият холӣ нест.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 1994-2000 се маротиба исло-ҳотҳои пулӣ гузаронида шуд. Давраи якум-дар аввалҳои соли 1994 ба муомилот тамғаҳои пулии руссиягии солҳои 1993 бароварда шуданд. Ин ислоҳот ба умеди минбаъд нигоҳ доштани алоқаҳои хоҷагидории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия анҷом дода шуда буд.
Ба ғайр аз ин, аз сабаби канда шудани алоқаҳои байнидавлатӣ ва муносибатҳои хоҷагидории сотсиалистӣ, ки аксарияти корхонаҳо аз фаъо-лият боздошта шуда буданд ва пардохтҳо (ҳисоббаробаркуниҳо)-и байнидав-латӣ вуҷуд надоштанд, соҳибкорон ва корчалонон ба Россия ва дигар мамлакатҳо бештар пули (асъори) нақд бароварда ба ивази он воситаҳои истеҳсолот ва чизҳои истеъмолӣ меоварданд, ки он низ, бешубҳа, захираҳои пулии дохилии мамлакатро кам менамуд. Ин дар навбати худ водор мена-муд, ки бонкҳо бо таври илова пулҳои нақдиро аз нав интишор намоянд.
Дар натиҷа талабот ба пулҳои нақдӣ нисбат ба пулҳои ғайринақдӣ афзудан гирифта, таносуби он дар аввали соли 1994 1:2 ва дар охири сол ба 1:20 расид, яъне ба ҳар воҳиди 20 сӯми ғайринақдӣ 1 сӯми нақдӣ ҳақ дода мешуд. Ин ба он оварда расонд, ки кормандони бонк ба ивази пулҳои ғайринақдиро ба пулҳои нақдӣ табдил додан (барои манфиати шахсии худ) аз миҷозон бо таври илова 15 - 20 % -и илова ҳақ меситонданд.
Дар ин давра барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, (дар соли 1995, 10 май) ба муомилот пулҳои нав – «рубли тоҷикӣ» бароварда шуд. Тибқи дархости ислоҳоти мазкур пулҳои ғайринақдии пештара ҳамчун таносуби 1 ба 1000 ё 1 ба 1200 ва пулҳои нақдӣ 1 ба 100 иваз карда шуданд.
Ин ислоҳот барои аз ҳудуди Тоҷикистон баровардани пулҳои нақд ва ба каср (дефисит) - и пулҳои нақд хотима бахшид. Қисмати бозори пул оиди мубодила намудани пулҳои ғайринақдӣ, ки сабаби якхела муайян кардани «нархи» ягона ба онҳо хизмат менамуд, аз байн бурда шуд.
Ин ислоҳоти пулӣ дере нагузашта баъзе масоилҳои ҳалталаби иқтисодӣ ва иҷтимоиро низ ба миён овард. Ба амсоли ислоҳоти аввала (пулҳои рубли россиягӣ) он ба амиқ гаштани қашшоқи (камбизоати)-и аҳолӣ, таварруми дараҷаи хеле ҳам баланд (таварруми шадид), беқадр шудани пулҳои дар кассаҳои амонатӣ будаи аҳолӣ ва дар сарҳисоб будаи корхонаҳову муассисаҳо оварда расонд.
Дар давраи ҳар ду ислоҳот қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ торафт паст мешуд. Таносуби он дар давраи ислоҳоти якум 1:55-ро ташкил карда бошад, пас он дар давраи ислоҳоти  дуввум 1:2200-ро ташкил намуд, яъне дар давраи панҷ сол пули миллӣ нисбат ба доллар 40 маротиба беқадр шуд.
Ислоҳотҳои пулии гузаронидашуда, бояд истиқрори молиявии мамла-катро таъмин менамуданд, вале он на дар сатҳи нархӣ ва сатҳи пулӣ вазифаи худро иҷро карда натавонист.
Ба ин мақсад ислоҳоти пулии давраи саввум (ноябри соли 2000) гузаронида шуд. Рубли тоҷикӣ ба тамғаи пулии нави «сомонӣ» иваз карда шуд. Таносуби он 1:1000- ро ташкил намуд. пулҳои қимматашон аз 1000 рубли тоҷикӣ пасттар ба дирам ба таносубии 1 ба 10 иваз карда шуданд. Дар охири соли 2000-ум 1 доллари амрикоӣ 1:2,20 баробар буд, яъне 1 доллар ба 2 сомонию 20 дирам иваз карда мешуд. Ин таносуби дар шароити ҳозира зиёда аз 1:3,40-ро ташкил медиҳад.
Бояд иқрор шуд, ки ислоҳоти 3-юми пулӣ нисбатан оқилона, бо ислоҳи камбудию хатогиҳои мавҷуда сурат гирифт. Дараҷаи баланди таваррум истиқрор гардид ва он аз 2230% с. 1993 то ба 20-30% (ба ҳисоби миёна дар як сол) дар соли 2001 омада расид.
Ба сатҳи мавҷудаи таваррум дараҷаи воридоти сармояи пулӣ аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик (то 150 млн. доллар дар ҳар як моҳ - ҳисобкуниҳои тахминии ба ҳақиқат наздик) таъсири калон мерасонад.
Дар Тоҷикистон роҳи асосии паст кардани таваррум ва ноил гаштан ба дараҷаи муайяни истиқрори нархию пулӣ дар асоси гузаронидани сиёсати буҷавию андоз ба сиёсати пулию қарзӣ анҷом пазируфта шуд. Мақсади асосии Бонки Миллии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар кам кардани миқдо-ри пули нақд дар муомилот буд. Ин тарзи рафтор дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун истиқрори молиявии иқтисод ва усули таъминкунии рушди иқтисод қадр карда мешавад. Вале ҳангоми гузаронидани ислоҳотҳои пуливу қарзӣ бонкҳо омили асосии таҳрикдиҳандаи истеҳсолот ва таъминкунандаи истиқ-рори молиявӣ – афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро аз мадди назар дур карда буданд.

Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:
1.Пул чист?
2.Оиди марҳалаҳои инкишофи пул
3.Унсурҳои пул
4.Тамғаҳои пулӣ
5.Танзими пул.
6.Муомилоти пул.
7.Роҳҳои муайян кардани суръати гардиши пул.
8.Намудҳои арзаи пул.
9.Оиди қарз ва таърихи он маълумот диҳед.
10.Сарчашмаҳои қарз кадомҳоянд?
11.Низоми қарзӣ чист?
12.Вазифа, шакл ва намудҳои қарзро номбар кунед.

Дидан карданд: 38

Реклама

Загрузка...