TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он
Буҷет яке аз фишангҳои асосии азнавтақсимкунии дармад, олоти қулайтарини танзими давлатии иқтисод дар амал татбиқгардонии сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Он ҳамчун унсури асосии низоми қарзию молиявӣ баромад карда, муносибатҳои байни субъектҳои макроиқтисоди (сохтори давлатӣ, сектори соҳибкорӣ, сектори хоҷагиҳои хонавода ва бурунмарзӣ)-ро оид ба ташкил, тақсим ва истифода бурдани захираҳои молиявӣ (пулӣ) ифода мекунад.
Дар адабиёти иқтисодии муосир баъзан истилоҳи буҷет ва андозро дар як қатор гузошта, оиди сиёсати буҷету андоз ё худ ҳамрадифи он сиёсати хазинадори (фискали-р.)-ро истифода мекунанд.
Баъзан ба ҷои буҷет ё худ андоз мафҳуми «молияи давлатӣ», «молияи мамлакат», «системаи буҷетию андоз ва пулию қарзӣ» низ истифода карда мешавад. Аксар вақт дар шакли умум, яъне хулоса, фақат мафҳуми молия истифода карда мешавад.
Одатан буҷет аз ду нуқтаи назар: 1)ташкили ҳаҷми захираҳои пулию молиявии дар ихтиёрдоштаи воҳидҳои (субъект, агентҳои) иқтисодӣ ва 2) таносуби даромад ва хароҷотҳои субъектҳои иқтисодӣ, баланс (тароз)-и воситаҳои пулӣ, ки дараҷаи воридот ва истифодаи онро нишон медиҳад, мавриди таҳлил қарор дода мешавад.
Буҷет аз давраҳои қадим бунёд гашта, тибқи давру замон, яъне хислат-ҳои низомҳои иқтисодӣ (суннатӣ, бозорӣ, амрӣ...) ҳархела ташкил ва истифода (харҷ) карда мешавад. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳои ташаккул, тар-киб, тарзу услуби истифода ва мақсаду мароми он дар ҳар як форматсияи иқтисодӣ, хусусан капиталистию коммунистӣ ҳархела сурат мегирифт.
Дар шароити бозор таъсир ва дахолати давлат оиди ташкил ва исти-фодаи буҷет нисбат ба давраи сотсиализм сусттар мебошад. Ин ҳаргиз маънои бетараф будан ё худ хунукназарона рафтор карданро оиди буҷет надорад. Давлат дар кадом низоме ки набошад, он ҳамчун фишанги баҳара-катдароварандаи иқтисод, танзими фаъолияти молиявию қарзӣ, пулию бон-кӣ, андоз, таъмини истиқрори фаъолияти хоҷагидорӣ, рушди муозину мутаносубии иқтисодиёт, ҷустуҷӯи тадбирҳо перомуни аз бӯҳронҳои иқтисодӣ баромадан, бартараф намудани вазъ ва ҳолати таваррумӣ ва касо-дии иқтисод, назорат ва ғайра боқӣ мемонад.
Буҷет ягона «зарфест», ки дар он воситаҳои пулию молиявии давлат дар шакли мутамарказ андӯхта мешаванд. Охирон имкон медиҳад, ки воситаҳои молиявӣ ба мақсади муайян - ҳалли масъалаҳои асосии иқти-содию иҷтимоӣ, сари вақт анҷом додани барномаҳои ҳукуматӣ ва гузарони-дани ислоҳотҳои иқтисодӣ истифода када шаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои сохтори буҷет ва протсесси буҷетӣ» буҷет ҳамчун «воситаи фаъоли сиёсати молиявии давлат ва тартиби ташкилёбию хароҷоти воситаҳои пулӣ» шарҳ дода мешавад.
Буҷет яке аз фишангҳои муҳимтарини танзими молиявӣ мебошад. Танзими буҷетӣ – раванди тақсими даромад ва азнавтақсимкунии маблағ-ҳоро дар байни буҷетҳои низомии гуногун (маҳалла, ноҳия, вилоят, губер-ния, штат...) ва ба ҳам баробар кардани базаи (таҳкурси)-и даромади онҳо ифода мекунад.
Системаи буҷетӣ ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои байни субъектҳои гуногуни оиди бунёд ва ташаккули даромадҳо, тақсими даромади ҳамаи звеноҳои буҷетӣ – буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, воситаҳои пулии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, гирифтан ва баргардондани қарзҳо, танзими қарз, раванди иҷрои нақшаҳои буҷетӣ, қабулу иҷрои онҳо, назорат ва ғайра ташкил карда мешавад.
Буҷет ба ду қисм: даромад ва хароҷот ҷудо мешавад.
Қисми даромади буҷет аз сарҷамъи пардохтҳо, ҳиссаҷудокуниҳо ва андозҳои ҳатмие, ки субъектҳои иқтисодӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ, тибқи қарору меъёрҳои муайян карда шудаи давлат бебозгашт ба буҷет ворид мекунанд, ташкил меёбад.
Буҷет, асосан, аз ҳисоби ду сарчашма: даромад аз ҳисоби андозҳо (даромадҳои андозӣ) ва даромади ғайриандозӣ бунёд мегардад. Даромадҳои андозӣ даромаде мебошад, ки аз ҷониби қонунгузориҳои ҷумҳуриявӣ, вило-ятӣ, маҳаллӣ муқаррар шуда, дар шакли андозҳои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозҳои маҳаллӣ, ҷаримапулӣ ва ҷамъовариҳои дигари меъёрӣ ба буҷетҳои сатҳҳои муайян гузаронида мешаванд.
Ба даромадҳои ғайриандозӣ чунин намудҳои даромад дохил карда мешавад:
Даромади аз ҳисоби истифодаи моликияти давлатӣ ва моликияти мунисипиалӣ бамиёноянда;
Даромади аз ҳисоби фурӯши молу мулки моликияти давлатӣ бавуҷуд-оянда;
Даромади аз ҳисоби хизматрасонии шаклҳои моликияти гуногун ташкилшаванда;
Даромади аз ҳисоби ҷаримаҳо, мусодира, зараровариҳо ва ғайра андӯх-ташаванда;
Даромадҳои аз ҳисоби буҷетҳои дигар ба тариқи ёрдам пешниҳод кардашуда ва ғайра.
Аз нигоҳи мазмуни иқтисодӣ хароҷотҳои буҷетиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҷорӣ ва асосӣ (капиталӣ-р.).
Хароҷотҳои асосӣ (капиталӣ) масрифоте мебошад, ки аз ҷониби буҷет-ҳо барои тадбирҳои инноватсионӣ (навоварӣ) ва инвеститсионӣ (сармоягу-зорӣ), махсусан барои азнавсозӣ, таҷҳизонӣ, модернизатсияи ис-теҳсолот, таъмир ва таҷдиди истеҳсолот ҷудо карда мешавад.
Хароҷотҳои ҷории буҷет барои подош намудани масрифоти ҷории ҳо-кимияти давлатӣ, ташкилотҳои маҳаллии худидоракунӣ, муассисаҳои буҷе-тӣ, соҳа ва корхонаҳои алоҳида, ёрдаму имтиёзҳо ва ғайра ҷудо карда мешавад.

Хароҷотҳои буҷет дар чунин шакл ба амал бароварда мешаванд:
Пулҷудокуниҳо барои нигоҳ доштани ташкилотҳои буҷетӣ;
Адои ҳаққи иҷрои кор ва хадамоте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи фармоишҳои давлатӣ пешниҳод шудаанд;
Пулҷудокуниҳо барои иҷроиши корҳои мақсадноки давлат ва гузашткуниҳо ба ҳокимиятҳои поёнӣ (ёрдампулиҳо, имтиёзҳо, фармоишҳо ва ғайра);
Қарзҳои буҷетӣ ба шахсиятҳои ҳуқуқӣ;
Қарзҳои буҷетӣ, ёрдампулиҳо, гузашткуниҳо, имтиёзҳо ба шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ;
Қарзҷудокуниҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ;
Подош кардани масрифоти интишори саҳмия, облигатсия, асъор ва дигар намудҳои қоғазҳои қимматнок;
Дар қисми хароҷоти буҷет самтҳои тақсим ва истифодаи буҷет ба ҳавзаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ нишон дода мешавад. Одатан, барои рӯйпӯш намудани касри буҷетӣ давлат аз захираҳои молиявию пулии дохилӣ ва берунӣ фаъолона истифода мекунад. Ба ин мақсад интишори заёмҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ, кредитҳои бонкӣ, сармояи хориҷӣ, интишори пулҳои қоғазӣ (қарзӣ), қарзи байналхалқӣ ва дигар механизмҳои молиявию қарзӣ ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Дидан карданд: 105

Реклама

Загрузка...