TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Андоз яке аз фишангҳои асосии таҳрикдиҳандаи низоми молиявию қарзӣ, хусусан низоми буҷет буда, ҳамчун пулҷудокунӣ ва пардохтҳои қатъӣ (ҳатмие), ки тартиботи болоии маъмурӣ (ташкилотҳои болоии ҳукуматӣ) аз воҳидҳо (субъектҳо)-и ҳуқуқӣ ва аҳолӣ ба манфиати худ ва ҷамъият меситонанд, сурат мегирад.
Давлат ҳамчун сохтори маъмурию амрӣ мустақилона дар чорчӯбаи услубҳои ҳисоби тиҷорат фаъолият намуда, мақсад ва амалиётҳои худро бидуни сарчашмаҳои даромад аз субъектҳои иқтисодӣ (хонавода, тиxорат) ташкил карда наметавонад. Аз ин нуқтаи назар, андоз баробари бунёд гардидани давлат эҳё шуда, ҳамроҳ ва ҳамзамон бо он ташкилу инкишоф ва таҳаввулу густариш ёфтааст. Аз давраҳои қадим то имрӯз андоз аз ҷониби давлат ба сифати фишанги асосии таъмин ва танзими аппарати давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ истифода карда мешавад. Вобаста ба хусуси-ятҳои давраи рушди низомҳои иқтисодӣ андоз низ ташкилу такмил меёбад.
Андоз дорои хусусиятҳои махсус буда, аввалин хислати зуҳурии он - хислати омирӣ(амрӣ), яъне огоҳӣ додани таркиботи болоии давлатӣ (андозситонон) ба табақаҳои андозсупорон оиди ҳатман супоридани андоз аст. Дар акси ҳол нисбати онҳо ҷарима ё худ қарорҳои сахти маъмурию ҳуқуқӣ андешида мешавад. Он бештар ба масъалаи «дар дунё аз аҷал ва андоз халосӣ нест» мусоидат менамояд.
Хислати дуввуми андоз - дургирои (дурсози)-и моликият мебошад, бо воситаи андоз қисми моликияти субъектҳои иқтисодӣ (шахс, аҳолӣ, гурӯҳ, корхона, ноҳия, штат, губерния...) ҳамчун қисми даромад аз моликони худ дур шуда, ба дасти моликони дигар (намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, ноҳиявӣ, мунисипиалӣ, федералӣ...) гузашта, дар маҷмӯъ буҷетҳои сатҳи гуногунро ташкил медиҳад.
Хислати саввумини андоз - бебозгашт ва беподош мебошад. Қисми даромадҳои хоҷагие, ки дар шакли пардохта ва ҳиссаҷудокуниҳои маҷбурӣ (ҳатмӣ) ба буҷет ва дигар фондҳои молиявию қарзӣ ҷудо карда мешавад, онҳо дубора ба соҳиби аввалини худ ҳуқуқи баргаштан надоранд ва ба ивази он ба сифати подош ягон чиз намегирад. Мукофот ба ивази лутфу эҳсони худ–иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият мегирад.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ чунин унсурҳои андоз фарқ карда мешавад:
Манбаи андоз - даромади субъекти андоз, ки аз ҳисоби он андоз ҷудо карда мешавад;
Воҳидҳои андоз - ҳаҷми андози аз ҳар воҳид ситонидашаванда;
Оклади андоз - суммаи андозе, ки барои мӯҳлати муқарраршуда барои ҳар як объект муайян карда шудааст;
Имтиёзи андоз - тибқи қонуну қарордод кам кардани воҳиди андоз барои баъзе субъектҳои андоз;
Ҳуқуқи андоз - кулли меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки тибқи кодекси андоз ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, шаклу намуди андоз, тарзу услуби муқаррар ва ситондани андоз, ташкилу тақсим ва танзими он муайян карда мешавад.
Дар мояи ин усулҳои умдаи қабулгардида чунин тарзҳои андозбандӣ бештар истифода карда мешаванд:
1. Кадастрӣ – дар асоси кадастра ё худ реестрҳо нишон додани номгӯи объектҳо (замин, даромад) ва таснифи зуҳурии онҳо (ҳаҷми замин, миқдори чизҳо дар ин ё он объект) муайян карда мешавад. Асоси ин тарзи андозбандиро муайян кардани меъёри миёнаи даромад бо назардошти шароитҳои муҳити зист ташкил медиҳад.
2. Ситондани андоз аз манобеи таъмингари даромад, яъне ситондани андоз аз музди кори субъекте, ки худ ҳамчун намояндаи андоз аз даромади дигарон андоз ҷамъоварӣ менамояд. Бо ибораи дигар, аз супоридани андоз на кормандони андоз ва на субъектҳои дигари воқеию ҳуқуқӣ халос шуда наметавонанд.
3. Декларатсионӣ - супоридани андоз аз ҷониби субъектҳои андоз баъди ба даст овардани даромад ва пешниҳод намудани декларатсия дар хусуси ҳаҷми умумии даромадҳои худ.
4. Рӯёнидани андоз дар ҷараёни сарфи даромад (подош намудани андоз аз ҷониби харидорон ҳамчун инъикоскунандаи андоз. Масалан, андоз аз гардиши мол, андоз аз фурӯши мол, аксиз..);
5. Рӯёнидани андоз бо таври маъмурӣ, яъне ҷамъоварии андоз аз ҷониби кормандони андоз ва муайян кардани эътимолият ва ҳаҷми пешакии он;
6. Рӯёнидани андоз ҳангоми истифодаи объект. Масалан, андоз аз моликони автомобил ва ғайра.
Вазифаи хазинадорӣ - ҷамъоварии пардохтҳо аз ҳисоби субъектҳои андозсупорӣ ва ба хазинаи давлатӣ ворид намудани онҳоро ифода мекунад. Он ҳамчун муносибатҳои ҳуқуқӣ ё худ ӯҳдадориҳои байни давлат ва воҳидҳои андозсупор оиди тарзу услуби пардохти андоз зуҳур меёбад.
Вазифаи назорат - назорат нисбати таъмин кардани таносуби арзиши даромад ва тақсими онҳо дар байни субъектҳои иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад.
Вазифаи тақсим - ҳамчун вазифаи ғайримустақим оиди таъмин наму-дани муносибатҳои молиявию андоз дар ҷараёни такрористеҳсол сурат мегирад. Он муносибатҳои ба вуҷуд омадан ва тақсим андозро дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳаҳои иқтисод, давлат ва ғайра ифода мекунад.
Вазифаи танзим – бо воситаи фишангҳои маъмурию ҳуқуқӣ таъсир-расонии давлат ба раванди иқтисодию иҷтимоӣ ташкил меёбад. Он бо воситаи пешниҳод кардани низоми имтиёз, бастани ҷарима, гузашткуниҳои махсус, паст кардани воҳидҳои андоз, ихтисор намудани суммаи окладҳо ва ғайра ба амал бароварда мешавад.

Дидан карданд: 104

Реклама

Загрузка...