TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Аз тавсифи моҳият ва хусусиятҳои таваррум (ниг. саволи якум) бармеояд, ки зарурият ва сабабҳои ба вуҷуд омадани таваррум, аз хусуси-ятҳои омилҳои гуногун вобаста буда, ҷанбаҳои серпаҳлӯ ва мураккаби иқтисоди миллиро дар бар гирифта, вобаста ба онҳо намуд ва навъҳои зиёди онро бавуҷуд меоваранд.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ барои муайян кардани шакл, намуд ва навъҳои таваррум меъёрҳои махсуси мухталиф истифода карда мешаванд, ки муҳимтаринашон инҳоанд:
- тибқи мавқеи ҷойгиронӣ ва паҳноиш (густариш) - таварруми ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ;
- тибқи меъёри «амиқии» танзими давлатии иқтисод, ё худ дараҷаи озодии нархгузорӣ (аз ҷониби давлат ё худ бозор) - зоҳирӣ, таварруми ниҳон ё худ фишурдашуда (подавленная инфляӣия);
- тибқи суръати рушд - таварруми мӯътадил (бомаром – умеренная инфляӣия–р.), хазанда (ҷаҳанда - ползучая инфляӣия-р.) ва тозанда (таварру-ми шадид – гиперинфляӣия-р.).
- тибқи набз ва омилҳои таъсиррасон ба низоми мавҷудаи иқтисодӣ - таварруми содиротӣ (экспортируемая инфляӣия-р.) ва таварруми воридотӣ (импортируемая инфляӣия-р.);
- тибқи сирати ҳамоҳангӣ ё худ мутобиқгардонии иқтисодиёт ба суръати афзоиши нарх - таварруми муозин (сбалансированная инфляӣия-р.), ва таварруми ғайримуозинӣ (не сбалансированная инфляӣия-р.).
- тибқи дараҷаи таъсири давлат ба субъектҳои хоҷагидор - таварруми назорат карда шаванда (контролируемая инфляӣия-р.) ва таварруми идора-нашаванда (неуправляемая инфляӣия-р.);
- тибқи дараҷаи тағйироти МУМ ва мавҷуд будани рушди тақозо дар иқтисод - таварруми зуҳурӣ (ҳақиқӣ - явная инфляӣия-р.) ва таварруми сох-та (мнимая инфляӣия-р.);
- тибқи таъсири омилҳои бунёд ва таъминкунанда - таварруми «тақозо», таварруми «арза» ва таварруми «хароҷот» ва ғайра.
Аз нуқтаи назари аҳамият, нақшу мақом, зарурият ва истифодаи хочагидорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ба баъзе аз онҳо равшанӣ андозем.
Таварруми зоҳирӣ (кушод) ва таварруми ниҳон. Маълум аст, ки таваррум тибқи хусусият ва омилҳои рушди низомҳои иқтисодӣ (низоми суннатӣ, бозорӣ, амрӣ, мухталат) ҳархела сурат мегирад.
Дар давраи низоми иқтисоди бозорӣ, азбаски нарх ва даромад таҳти механизм ва қонунҳои бозор (тақозо, арза, рақобат, нарх) мустақил ва озод ташкил меёбад, бинобар ин беқурбшавии пул хислати боз (кушод) пайдо мекунад.
Таварруми ниҳон нафақат хислати хоси мамлакатҳои фавқулинкишофи бозорӣ, балки ҷаҳони сотсиалистӣ буда, таҳти таъсири омилҳои гуногун: идораи маъмурии иқтисод, тарҳрезии мутамаркази нарх, истеҳсол ва тақсими воситаҳои истеҳсолот ва ғайpa ба роҳ монда мешавад. Ин омилҳо дар маҷмӯъ ба ноайен шудани механизми бозор ва вайрон гаштани таносуби байни нархи бо таври маъмурӣ тасдиқгардидаи мутамарказ ва арзаю тақозо ва нархи озоди бозории барқароршуда оварда мерасонад.
Амсоли онро дар давраи Шӯравӣ ҳамчун нарасидани молу чизҳо асбобу анҷоми рӯзгор, мошин, дастгоҳ ва тайи солҳои зиёд (15-20 сол) интизорӣ кашидану навбат истодан ва барои дастрас намудани онҳо истифода кардани роҳҳои гуногун (пора, ришва, маҳаллагароӣ...) дидан мумкин аст.
Таварруми тақозо. Дар адабиёти иқтисодӣ вобаста ба сифат, нақш ва мақоми субъектҳои бозор ду намуди таваррум (таварруми тақозо (таварруми харидорон) ва таварруми хароҷот (таварруми фурӯшандагон, ё худ таварруми арза)-ро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо қисми ягонаи раванди умумии таваррум буда, зарурият ва сабабҳои пайдоиш ва густариши онро аз нигоҳи мутақобил (ба ҳам зид), яъне; а) аз нигоҳи тақозо (воситаҳои барзиёди пули харидорон) ва б) аз нигоҳи арза (афзудани хароҷоти истеҳсолӣ) тавсиф мекунад.
Таварруми хароҷот аз нигоҳи тамоюли болоравии нарх ҳамчун натиҷаи баланд рафтани хароҷоти истеҳсол, махсусан, ҳаҷми музди кор мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Охирон, омили муҳимтарини муайянкунандаи сатҳ ва дараҷаи некӯаҳволӣ буда, баробари тағйироти нархи бозории молҳо майли пастравӣ дорад.
Ин вобастагӣ дар шароити бозор сирати доимӣ дошта, ҳамчун қонуни иқтисодӣ амал мекунад. Болоравии доимии нарх ба молу хадамот ҳаҷми даромади аҳолӣ ва дигар субъектҳои иқтисодиро кам намуда, таносубан ҷубронро талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, баланд шудани музди кор ба зиёд гаштани ҳаҷми хароҷот, камшавии фонд ва ҳаҷми маҳсулоти корхона сабаб мегардад.
Таварруми бомаром - таварруме мебошад, ки дар мамлакатҳои тараққи-кардаи бозорӣ дар ҳолати ба ҳисоби миёна дар 1 сол аз 3 то 5 ё худ аз 5 то 10 фоиз боло рафтани нарх ба вуқӯъ мепайвандад. Он ҳамчун натиҷаи беқурбшавии бомароми ҳаҷми пул дар муомилот, дар давоми сол ба амал омада, лаҳзаи заруртарин ва сарчашмаи таккони иқтисоди бозорӣ қадр карда мешавад.
Таварруми ҷаҳанда равандеро ифода мекунад, ки дар он иқтисод дар ҳолати баланд шудани садҳо фоизи нарх қарор дорад. Пул дар ин давра бо суръати хеле ҳам баланд беқурб мешавад. Дар ин ҳолат ба сифати пардохт воситаҳои пули (асъор)-и дигар мамлакатҳо истифода карда мешавад. Баъзан дар нархҳо дараҷаи интизории таваррум ба ҳисоб гирифта шуда, фарқи он ҷуброн (компенсатсия-р) карда мешавад. Он, асосан, бо воситаи индексатсияи нархҳо ба роҳ монда мешавад.
Таварруми тозандаро дар шароити баъди ҷангии мамлакатҳо бештар мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар охири солҳои 1995 дар Россия индекси нарх зиёда аз 4500 маротиба, дар Тоҷикистон - 2500-2700 маро-тиба; дар Германия (с. 1923) - 1,3 трлн. маротиба афзудааст.(Денҳги кредит, банки. /Под ред. О.Н Лаврушина. М; 1999).
Масъалаи асосие, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш меоварад, муаммои ҳал ва пешгирии таваррум мебошад. Аксарияти давлатҳои Европа тавонистанд бо роҳҳои гузаронидани ислоҳотҳои пулӣ ва баланд бардоштани қурби асъори миллӣ, сиёсати пулӣ, қарзӣ ва молиявӣ суръати баланди таваррумро паст фуроранд.

Дидан карданд: 152

Реклама

Загрузка...