TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Чи тавре ки аз саволҳои пеш таҳлил карда бармеояд, таваррум таҳти таъсири омил ва сабабҳои гуногун, вобаста ба хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дар шакл ва дараҷаҳои гуногун ба миён омада, мавқеи худро дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пурзӯр мегардонад.
Аз ин лиҳоз «ресепти» ягонаи универсали (ҳамарофарогиранда)-и муо-лиҷа, яъне халосӣ, ҳисобу китоб, танзим ва идора кардани он то кунун аз ҷониби ягон тадқиқотчӣ ҳал ва тавсия нашудааст.
Тайи 10-соли охир, таҳлили таваррум, асосан, аз нигоҳи таҳқиқи хусусиятҳои низоми иқтисоди амрӣ (сотсиалистӣ) ва низоми бозорӣ бештар ба назар мерасад.
Кунун муайян шудааст, ки заминаи ибтидоии он таварруме, ки кунун дар саросари давлатҳои муштаракулманофеъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмрон аст, аз давраи Ҳокимияти Шӯравӣ - натиҷаи низоми тақсими плании мута-марказ ва идораи иқтисод то ба замони мо мерос мондааст.
Ташаккули раванди таваррум ҳамчун маҳсули ғайримуозинӣ ва ғайритано-субии такрористеҳсоли ҷамъиятӣ:
1).Таносубии байни андӯхт ва истеъмол (20 ва 80%) дар даромади миллӣ, бартарии афзоиши гурӯҳи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) нисбат ба гурӯҳи II (истеҳсоли предметҳои истеъмолӣ), миллитарикунони (ҳарбикунони)-и иқтисодиёт, суръати бениҳоят пасти истеҳсоли маҳсулоти саноатии истеъмолӣ ва хадамот, сармоягузории ҳаҷман бузург ва бешумор барои амалӣ гардондани ислоҳотҳои хоҷагӣ, ба соҳаҳои алоҳида (хусусан бари соҳаи кишоварзӣ), ноҳия ва ҷумҳурихои алоҳида;
2) Аз сабаби саросар ҳукмрон будани моликияти давлатӣ - (зиёда аз 88%) дар иқтисодиёт ва методҳои маъмурии идора, самара надодани тадбирҳо оиди ҷорӣ ва истифода кардани принсипҳои ҳисоби хоҷагӣ дар раванди хоҷагидорӣ;
3) Тарҳрезии мутамарказ ва ҳатман пешкаш намудани планҳо аз боло (вазорат.) ва талаби иҷроиши онҳо аз звеноҳои поёнӣ (сех, бригада, участка, корхона.), ки ба паст рафтани ҳавасмандӣ, ҳосилнокӣ, шиддатнокии меҳнат ва самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ғоратгарона истифода намудани сарватҳои иқтисодӣ (захираҳои табиӣ, меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ) ва вайрон гардидани таносуби байни баланси моддӣ ва арзиши такрористеҳсол оварда расонд;
4) Маблағгузориҳои беасос ба объектҳои «бузургтарини аср», сохтмон-ҳои объекти саноатӣ ва сохтмонхои дурудароз (20-30 сол) амалкунанда ва дар асоси онҳо бунёд гардидани паркҳои бешумори иқтидорҳои (объект-ҳои) бузурги бекорхобида, тӯли 10-солаҳо истифода накардани мошину механизмҳои қимматбаҳои хориҷӣ ва тақсими ноадолатонаи онҳо дар байни ноҳияву ҷумҳурияҳо;
5) Ба вуҷуд омадани ҳиссаи бениҳоят бузурги қонеъ гардонда нашудаи талаботи аҳолӣ (ба чизҳои рӯзгор, манзил, мошинҳои сабукрав) ва корхо-наҳои давлатӣ (дар натиҷаи ташкил кардани фоида ҳавасмангардонии иқти-содӣ) ва аз боиси таъмин набудани онҳо бо маводҳои асосӣ, истифода нашудан ва аз ҷониби бонкҳо баъди соли ҳисобӣ нест кардани он маблағҳо;
6) Ҳамаҷониба ҳукмрон будани низоми плании нархгузорӣ: бо таври сунъӣ нигоҳ доштани нарх дар сатҳи арзиш ё худ нархи истеҳсол, бидуни тақозо ва арзаи бозорӣ ва принсипҳои нархгузории озод, тайи солҳои зиёд бетағйир мондани нархҳои чакана ва подош кардани фарқи онҳо аз ҳисоби дотатсияи буҷети давлат ва ғайра.
Дар таҷрибаи ҷаҳону ба ин мақсад бештар индекси нархҳои яклухт, индекси нархҳои чакана, индекси нархҳо - дефлятори МУМ, индекси нархҳои воридотию содиротӣ истифода карда мешавад.
1. Индекси нархҳои яклухт (индекси нархҳои тавлидгарон) ҳамчун кулли нархҳои: молҳои интиҳои (охирон)-и молҳое, ки пурра барои истеъ-мол (истифода) тайёр буда, ҳанӯз ба истеъмолгарон (харидорон) пешниҳод (фурӯхта) нашудаанд; молҳои мутавассит (дар ҳолати миёна мавқуф гузошта шуда); ашёҳое, ки барои минбаъда (оянда) истифода бурдан омода карда шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
2. Индекси нархҳои чакана (матлуботӣ, истеъмолӣ) барои ҳисобу китоб кардани гурӯҳи молҳо ва хадамотҳое, ки ба сабати истеъмолии аҳолии шаҳр-вандон ба ҳисоби миёна гузошта мешавад истифода карда мешавад.
3. Ба индекси нархҳо - дефлятори МУМ гурӯҳи индекси нархҳое, ки тағйирёбии нархҳои бозории маҳсулотҳои асосии интиҳоӣ ва хадамотиро дар бар мегирад, дохил карда мешавад. Бо воситаи он арзиши ҷории ҳаҷми истеҳсолот бо нархҳои ҷорӣ ифода карда мешавад.
4. Индекси нархҳои воридотӣ ва содиротӣ. Барои муайян кардани ҳаҷми миқёси содирот ва воридоти таваррум дар сатҳи иқтисоди миллӣ, нишон-диҳан-даи шароити савдо (тиҷорат) истифода карда мешавад. Он ҳамчун таносуби

ИНВС=ИАМс / ИАМв · 100
Дар ин ҷо:
ИНВС - индекси нархҳои воридотӣ ва содиротӣ
ИАМс - индекси арзиши миёнаи содирот,
НАМв - индекси арзиши миёнаи воридот.
Дар асоси ин формула чунин хулоса баровардан мумкин аст: Агар натиҷаи мазкур аз 100 фоиз зиёд бошад, пас мамлакат содиркунандаи таваррум ва он аз 100 фоиз пасттар бошад, - воридкукандаи он ҳисобида мешавад.

Дидан карданд: 136

Реклама

Загрузка...