TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции

Загрузка...

Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2019-11-25

Содда ва оммафаҳм гардонидани муқаррароти амалкунандаи қонунгузории андози миллӣ натанҳо риояи онро аз ҷониби шаҳрвандон ва андозсупорандагон осон ва қулай мегардонад, балки барои онҳо ҷиҳати дуруст ва тезтар азхуд намудани моҳияти қонунгузории андоз дар амал басо муфид мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ ин равнақу ривоҷи фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна мебошад. Дар ин росто омили муҳими ба пешравии соҳибкорӣ дар кишвар мусоидаткунанда содда ва оммафаҳм будани низоми андозбандии миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, муаллиф тасмим гирифтааст, ки дар заминаи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 01.01.2013 сол мавриди амал қарор дорад, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳоро ба хонандагон пешниҳод намояд. Ҳамзамон, дар васоити таълимии пешниҳодшуда масоили баҳсноки андозбандии шаклҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ ба тафсил шарҳ дода шуда, мураттибон дар нашрҳои минбаъда давом додани ин корро ба нақша гирифтаанд. Васоити таълимии мазкур шомили мисолу масъалаҳои гуногун барои рўшан кардани донишҳои назариявии андўхтаи хонандагон оид ба андозбандии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣро дар бар мегирад. Ҳадафи китоби мазкур ёрии амалӣ дар ҳисоби дурусти масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ аз даромад ва молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Васоити таълимии «Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ», барои донишҷўёну магистрантони ихтисосҳои иқтисоду молия, омӯзгорон, аспирантон, соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи молия тавсия мешавад. Васоити таълимии мазкур аз пешгуфтор ва 4 боб иборат мебошад. Хонандаи азиз! Шумо метавонед тавсия ва эродҳои худро вобаста ба китоби мазкур ба суроғаи электронии tohir-1998@mail.ru, ирсол намоед. Дар таҳияи нашрҳои минбаъда ҳатман онҳоро ба назар хоҳем гирифт.

МАНБАЪ барои гирифтани китобАндозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ

Дидан карданд: 1252

Реклама

Загрузка...