TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Мафҳуми иттилоот ва объектҳои иттилоот

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2015-11-19

Накша:

  1. Мафҳуми системаи иттилооти
  2. Объект ва додашудаҳо

          Мафҳуми системаҳои иттилоотӣ дар охирхои солхои 80-ум ва аввалхои солхои 90-уми асри гузашта пайдо шуда таваманди ду калима система (технология) ва иттилоотро фаро мегирад.
          Иттилоот – аз калимаи лотини information гирифта шуда, маънояш шарх додан, фахмондан.
Аз дигар нуқтаи назар иттилоот ин маълумот оиди объектҳо ва зуҳуротҳое, ки барои қабули корор заруранд, мебошад. Таърифи нисбатан пурраи иттилоотро муаллифи китоби инфарматика Симонович чунин шарҳ додаст: «Иттилоот ин маҳсули ҳам алоқамандии маълумотҳо ва  методҳои коркарди он мебошад».
Дар фаъолияти имрӯзаи инсон дар кадом соҳае, ки набошад зарурияти кор кардан бо информатсия ба миен меояд. Информатсия- калимаи русӣ буда онро ба забони тоҷики гуногун тарҷума кардаанд. «Маълумот, ахбор, иттилоот». Информатсия гуфта маҷмӯъи рамзу ишораҳоро меноманд, ки дар бораи ягон ҳодиса, яъне оиди предмет ё объект, дониш ё маълумот медиҳад. Ин дониш метавонад дар шакли ҳарфу рақамҳо символҳои махсус, формулаҳои математикӣ, расм, нақшу нигор, овоз ва видео ифода ёбад. Информатсия илмест, ки дар он хосиятҳои умумии иттилоот ва коркарди он бо воситаи техники ва программаҳо омӯхта мешавад. Баъзан ба ҷои истилои «информатика» истилои «компьютерные науки» истифода бурда мешавад. Он қисми информатикаро, ки дар он коркарди иттилоотро тавасути компютерҳои ҳозиразамон меомӯзанд, информатикаи амали ё технологияи компютерӣ меноманд. Ҳамин тариқ технологияҳои компютери гуфта ҷамъ намудани маълумот ва нигоҳ доштан, коркард, истифода инчунин интиқоли иттилоотро тавасути комютерҳо меноманд. Программаҳое, ки тавасути  онҳо дар компютерҳо  бо иттилоот кор карда мешаванд, технологияи иттилооти меноманд. Он қисми информатика, ки бо иттилооти соҳаи иқтисодиет сару кор дорад «информатикаи иқтисодӣ» меноманд. Ҳангоми кор кардан бо иттилоот ва ба тартиб даровардани он вазифаи аввалиндараҷа мебошад, зеро агар иттилоот дуруст мураттаб гардида бошад, истифода аз он осон мегардад. Барои ҳалли ин масъала бахши алоҳидаи информатика бо номи «Системаҳои иттилоотӣ» хеле ривоҷ ёфтааст. Дар курси мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  1. Тарзи ташкил ва пешниҳоди сиситемаҳои иттилоотӣ
  2. Принсипҳои ҷустуҷӯ ва интихоби маълумот
  3. Асосҳои кор бо системаҳои иттилооти дар мисоли истифода бо компютерҳои ҳозиразамон ва таҷҳизоти ба он пайвасткунанда ва кор дар шабакаи INTERNET.
  4. Ташкил ва истифодаи системаҳои иттилооти тавасути программаҳои MS Excel ва MS Access.

Мафҳуми системаи итилоотӣ.
Пеш аз он, ки оиди ин мавзӯъ маълумот диҳем бояд дар бораи мафҳуми система ва системаи иттилооти гуфта гузарем.
Система- гуфта маҷмӯъи ягон предметҳо ва ҳодисаҳоро меноманд, ки аз рӯи ягон аломатҳо таносуби муайян ва вобастагии байни ҳамдигари мураттаб карда мешавад.

Системаи итилоотӣ- гуфта маҷмӯъи бо тарзи муайян пешкаш кардани маълумот дар коркарди он тавассути воситаҳои техники барномаҳо ва программаҳоро меноманд. Тарзҳои ташкил ва пешниҳод дар системаи иттилооти

  1. Принсипҳои ҷустуҷӯ кардан ва интихоб кардани иттилоот дар системаи итилооти
  2. Асосҳои кор бо системаӣ иттилоотӣ
  3. Шиносои бо маҷмӯъи воситаҳои техники ва барномаҳое, ки ташкил ва кори системаҳои иттилоотиро таъмин менамоянд. Дар ин бахш асосан «СУБД Access» истифода бурда мешавад.

Мафҳуми системаи иттилоотӣ-маҷмӯъи дониш ва маълумотҳоро дар бораи предмет ва е ҳодисаҳо анбори маълумот меноманд. Дар соҳаи системаи иттилоотӣ тарзҳои ташкили анбори маълумот, коркарди он ва истифода аз он тавасути воситаҳои техники компютерҳо меомӯзанд. Мисол: анбори маълумоти беморҳои дар беморхона бударо, ягон духтур маълумот медиҳад, чунончи: дар бораи ному насаб, соли тавалуд, намуди бемори, суроғаи ҷои зист ва ғайра. Маълумот дар бораи як бемор дар варақаҳои алоҳида навишта мешавад. Ое аз рӯи ягон аломат, масалан ҷои зисташон дар ягон ноҳия, инчунин сину сол ба осони ҷудо кардан мумкин аст? Барои осонии кор бояд намуди бемориҳоро бо ададҳои дурақама рамзгузори кунед. Дар чунин  ҳолат ба осони муайян намудан мумкин аст, ки  миқдор беморон ва чи гуна сину сол доштани онҳо инчунин намудҳои бемори мавҷуд аст. Бо чунин тарзи пешкаш намудани маълумотҳо оиди шахси бемор, ба структура даровардани  маълумотро ифода мекунад. Ҳамин тариқ бори дигар таърифи аниқи системаи иттилоотиро пурра намудан мумкин аст. Системаи иттилоотӣ яъне маҷмӯъи ахборотҳои бо тарзи ё ки шакли муайян пешкаш шудаи маълумот дар бораи ин ва ё он ҳодиса буда бо воситаҳои техникӣ ва барномаҳои мушахас коркарда шударо меноманд.
Масалан: Феҳрести китобҳо, дар китобхона. Агар итилоот дар  шакли система ҷамъ оварда шавад, онро системаи итилоот меноманд. Аен аст, ки агар маълумот дар шакли система пешкаш гардад, аз он маълумоти заруриро гирифтан хеле қулай мебошад. Дар системаи итилоот маълумот дар шакли структура пешниҳод карда мешавад. Ин структура дар намуди таблитса, диаграммаҳо ва графикҳо пешниҳод карда мешавад. Ин шакли пешниҳод аз он ҷиҳат содда аст, ки дар он ҳар як элементи маълумот ҷои муайяни худро дорад ва дар шакли муайян инъикос меебад.
Ин тарзи пешниҳод истифодаи онро хеле осон мегардонад. Яке аз мисолҳои маълуми ба структура дароварда шуда, дафтари баҳисобгирии давомнокии донишҷӯёни гурӯҳ мебошад. Аз ин ҳуҷчат маълумотҳои зеринро ба зудди дарёфт кардан мумкин аст ва таҳлилу хулоса баровардан мумкин аст. Ному насаби донишҷӯени гурӯҳ, дарсҳои гузашташуда, дар ҳар як рӯзҳои ҳафта, санаи рӯз, намуди дарс, номи дарс, қайди иштироки донишҷӯён, имзои муаллими дарсӣ, миқдори умумии босабаб ва бесабаб дар давоми ҳафта.
Дар қисми дуюми журнал номи мавзӯъҳои гузашташуда аз рӯи ҳар як фанни дарси додашуда бо имзои муаллими дарсгузашта оварда шудааст.
Ин шакли пешниҳоди маълумот имконият медиҳад, ки а) ба зуди давомоти донишҷӯёнро дар дарсҳо такмил намоем.
б). Рафти иҷрои сарбориҳои таълимии устодонро назорат намоем, в) аз рӯи ҷамъбасту таҳлили маълумоти зикр намуда, оиди ташкили минбаъдаи раванди таълим хулоса барорем.
Ин мисолро истифода бурда системаи иттилоотиро ба таври самаранок дар фаъолияти иқтисодӣ, ҳисоби бухгалтерӣ, анализи молиявӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар ҳисоби бухгалтери дар шакли структура пешниҳод шудани маълумот аз давраи пайдоишаш мавҷуд аст. Бо воситаи таблитсаи махсус маълумотҳои зерини бухгалтерӣ ба структура дароварда шуданд. Рӯйхати счетҳо, рӯйхати даромаду баромад, «балансови ведамости».
Ҳар яки ин таблитсаҳо аз ин ё он нуқтаи назар ҳаракати пулро дар корхонаи муайян инъикос мекунанд. Дар асоси маълумотҳо, ин таблисаҳо оварда мешаванд. Хулосаҳои даркориро дар бораи ҳолати молиявии корхона воситаҳои истеҳсолоти он, фаъолиятнокии гардиши пул дар корхона ва дигар нишондиҳандаҳои молиявӣ-истеҳсолии он натиҷабардори кардан мумкин аст. Ҳамин гуна таблитса дар фаъолият, вобаста ба равандҳои истеҳсолоти хариду фурӯши маҳсулот, буҷаи корхона, баҳисобгирии молҳо дар бозор, идоракунии корхона истифода карда мешаванд.

 Объект ва додашудаҳо
Мақсади ҳар як системаи иттилооти аз он иборат аст, ки дар бораи ягон объект маълумотро дар шакли додашудаҳо (фактҳо) ҷамъ оварда пас аз он коркард намояд ва аз он коркард истифода баранд.
Объект- гуфта ҳодиса е предметҳоеро меноманд, ки дар бораи он маълумот ҷамъ оварда мешавад ва аз рӯи ягон аломатҳояш нисбати предмет ва ҳодисаи дигар фарқ мекунад.
Додашуда гуфта- ягон нишондиҳандаеро меноманд, ки аз ягон ҷиҳат дар бораи объект маълумот медиҳад.
Масалан: агар ба сифати объект корхонаи Зарбоф-ро интихоб намоед ба сифати додашудаҳо, нишондиҳандаҳоро:
Мавқеъи ҷойгиршавии корхона, суроғаи корхона, шумораи коргарон, ҳолати роҳбарикунанда, иқтидори корхона, ҳаҷми ашёи хом, ҳаҷми солонаи мубодилаи моҳона, сатҳи даромаднокии корхона, даромади корхона.
Савол ба миён меояд, ки чиро ба сифати объект интихоб кардан ва кадом нишондиҳандаҳоро ҳамчун додашудаҳо гирифтан аз он система бо кадом мақсад сохта мешавад? Масалан: агар корхонаи дар боло номбар шударо аз нуқтаи назари иктисодӣ омӯзем фақат нишондиҳандаҳои иқтисодиро ба назар гирифтан лозим аст. Агар аз нуқтаи назари иҷтимои нигоҳ намоем он гоҳ нишонаҳои сатҳи даромад, зиндагӣ, демографӣ, шароити ҷои кор, маишати кормандонро ба назар гирифтан мумкин аст. Агар аз нуқтаи назари комплекси омӯхтани шавем ҳамаи нишондиҳандаҳои мавҷуди принсипҳои асосии ташкили системаи итилоотро дида мебароем. Дар шароити имрӯза ташкил ва истифодаи системаи итилооти дар корхонаҳои минтақаҳои ҷудогонаи иқтисодӣ бо ёрии программаҳои махсус дар компютерҳои ҳозиразамон амалӣ карда мешавад. Яке аз программаҳои дар шароити имрӯза бештар истифода шаванда аз ҷониби корпорацияи руси бо номи Галактика корбаст шудааст. Ин программа системаи итилоотии Галактика ном дорад ва дар он хамаи нишондиҳандаҳои корхона ва ё минтақаҳои иқтисодӣ мувофиқи стандарти ҳозиразамон ва қонунҳои иқтисодиёти бозоргони ба назар гирифта шудааст. Додашудаҳо дар системаи итилооти одатан дар шакли матн, таблиса, дистаграмаҳо ва графикҳо ҷамъоварда мешавад. Шакли ҷамъоварии додашударо стуктураи додашудаҳо меноманд. Намудҳои структураи додашудаҳо асосан чунин мебошад.

  1. Матнӣ
  2. Структураи таблисавӣ
  3. Структураи зинагӣ

Дидан карданд: 16828

Реклама