TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Табрикнома ба 8 март

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Моҳият ва вазифаҳои тарифи гумрукӣ

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2015-12-15

Дар раванди ташкили савдои дохила ва беруна тарифи гумрукӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Аз ин рў зарур аст, ки тарзи муайян намуди ўро ба пешрафти иқтисодиёт баҳо диҳем. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дуруст муайян намудани ставкаҳои тарифи гумрукӣ сабабгори он мегардад, ки муносибатҳои иқтисодии беруна беҳ гардидани вазъи бозори дохилӣ хуб гардад.
Истифодабарии тарифи гумрукӣ дар асоси Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мавҷуда амали гардонида мешавад.
Тарифи гумрукӣ аз лиҳози иқтисодӣ категорияи арзишӣ, танзими бозаргонии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Танзими тарифӣ бо роҳи ситонидани пардохтҳои гумрукӣба амал бароварда мешавад.
Яъне танзими гумрукию тарифӣ маҷмўи тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиест, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ гардида, батанзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ равона гардидааст.
Яке аз шаклҳои асосии пардохтҳои гумрукӣ боҷу хироҷи гумрукӣ мебошад.
Боҷу хироҷи гумрукӣ навъи пардохест, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми ворид сохтани мол (кору хизматрасонӣ) ба қаламрави гумрукии кишвар ё содир намудани мол (корухизматрасонӣ) аз ин қаламрав ситонида шуда, шарти чунин воридот ё содирот мебошад.
Ҳангоми содирот ва воридот мутобиқан боҷу хироҷи содиротӣ ва воридотӣ супурда мешавад. Онҳо қисми муҳими таркибии системаи танзими иқтисодии содирот ва воридоти мол ба хориҷи кишвар буда, аз ҷониби давлат барои ҳавасмандгардонии таҳвили савдои хориҷии мол, ки вусъати содироти он давлат манфиатдор аст, татбиқ мешаванд. Ғайр аз ин, давлат ҷорӣ намудани боҷу хироҷи гумрукиро ба сифати роҳи маҳдуд кардан ё боздоштани молҳое истифода менамояд, ки воридоти онҳо дар давраи мазкур мувофиқи мақсад нест. Ставкаи боҷу хироҷи содиротӣ ва воридотиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Боҷу хироҷи гумрукӣ воситаи муҳимтарини танзими нархи молҳои содиротӣ ва воридотӣ мебошад. Истифодаи оқилонаи он аввал барои беҳбуди фаъолияти иқтисодии хориҷии содиркунанда ва ҳифзи молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз молҳои хориҷии рақобаткунандаи шабеҳ шароити мусоид фароҳам меорад, дуюм, вазифаи фиксалиро иҷро карда, буҷети давлатии кишварро ба таври назаррас афзун мегардонад.
Чунин ҳолат бо андозаи ставкаи боҷу хироҷи гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад, таъмин мегардад.
Тарифи гумрукӣ воситаи бештар гардонидани танзими давлатии савдои хориҷӣ тавассути механизми нархгузорӣ амал мекунад. Хусусиятҳои асосии тариф дар вазифаҳои тарафгирӣ (протексионистӣ) ва хазинаи давлатии (фиксалӣ) он ошкор мегарданд
Вазифаи тарафгирӣ бо ҳимояи молистеҳсолкунандагони миллӣ вобаста аст. Гап дар он аст, ки зиёд кардани ставкаи боҷу хироҷи воридотии гумрукӣ аз моли хориҷӣ ба боло рафтани нархи он дар бозори дохилӣ мусоидат мекунад ва дар натиҷа бо моли шабеҳи дар кишвар истеҳсолшаванда рақобат карда наметавонад.
Вазифаи дигари муҳими тарифи гумрукӣ вазифаи хазинаи давлат мебошад. Дар натиҷаи татбиқи ин вазифаи тарифи гумрукӣ воридоти маблағ аз ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ ба қисми даромади буҷети кивар таъмин карда мешавад
Механизми илман асоснокшудаи ин вазифаҳои тарифи гумрукӣ, ки якдигарро пурра иесозанд, метавонад ба истифодаи самараноки иқтидори мавҷудаи истеҳсолӣ, афзун гардонидани ҳаҷми содироти мол ва ҷалби асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз маҷмўи боҷу хироҷи гумрукӣ истифода намуда, ба намудҳои алоҳидаи малое, ки барои инкишофи истеҳсолоту истеъмолотӣ дохилӣ заруранд, ставкаи камтарини боҷу хироҷи воридотӣ муқаррар менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи мол ва захираҳои ашёи хоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро омўхта, ба ставкаи тарифҳо мунтазам тағйироти далхдор ворид менамояд. Ин амр аз он шаҳодат медиҳад.ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати манфиатҳои ҳар шаҳрванди худ, инчунин манфиати тамоми ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ташкил, таъинот ва вазифахои макомоти гумруки ЧТ
Моҳи маи 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шўравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳайати шахсии он аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии ИҶШС ва шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.
Ба зиммаи гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шуд:
таъмини риояи қонунҳои гумрукӣ дар қаламравӣ гумрукии ҶШС Тоҷикистон;
таъмини истифодаи самарабахши чораҳои танзими гумрукию- тарифӣ;
ташкил ва амалӣ гардонидани мубориза алайҳи қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ;
мусоидат ба инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии

Иттиҳоди ҶШС ва ҷумҳурӣ, фаъол сохтани фаъолияти
иқтисодии хориҷии ташкилоту корхонаҳо;
мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадӣ бо давлатҳои ҳамзавор.
Худи ҳамон сол дар шаҳри Ленинобод пости гумрукӣ ташкил карда шуд.
Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи як қатор асноди қонунию меърии танзимкунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ оғоз намуд. Дар ин асно мутобиқи қарори Шўрои Вазирони ИҶШС аз 7-марти соли 1989 №203 «Дар бораи тадбирҳои  танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» ташкилоту корхонаҳо ва кооперативҳое, ки молро содир ва ворид месохтанд, мебоист шартҳои нави низоми танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (Ф.И.Х.) аз ҷумла иҷрои расмиёти муқарраршудаи назорати гумрукиро ба роҳбарӣ мегирифтанд. Тибқи ин қарор аз ҷумла муқаррар шуда буд, ки молу ашёи дигари аз сарҳади давлатии ИҶШС интиқолшаванда бояд ҳатман бо роҳӣ ба мақомоти назорати гумрукӣ пешкаш намудани декларатсияи гумрукии борӣ намунаи муқарраршуда эълон карда шаванд.
Ташкилоту корхонаҳое, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медоданд ё ташкилотҳои дигар декларант буда метавонистанд. Зимнан ҳуқуқӣ декларант буданро гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  медод. Борӣ нахуст барои барасмиятдарории бор ба андозаи 15рубл боз муқаррар карда шуд. Яке аз шартҳои асосии тартиби нави интиқолӣ бор  тавассути сарҳад ба сифати иштирокчии ФИХ ба қайд гирифтани декларант буд.
Ҳанўз солҳои 1988-1989 «Тоҷиквнешторг» ба анҷоми амалиёти содироту воридот бо фирмаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Демократии Афғонистон, Ҷумҳурии федеративии Германия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Япония, Ҳиндустон ва ғайра оғоз намуд.
Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба кумитаи гумрукӣ ИҶШС табдил шуд, кодекси гумрукӣ ИҶШС дар мавриди ташаккул ва рушду хадамоти миллии гумрук қарорҳои муҳим қабул гардиданд, аз ҷумла қарор дода шуд, ки
- Тамоми даромадҳои гумрукӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқи гузошта шаванд.
-  Хадамоти гумрукӣ миллӣ таъсис дода шаванд. Моҳи январи соли
1991 тибқи қарори Девони Вазирони ҶТ № 14 Саридораи назорати
гумрукии назди девони Вазирони Тоҷикистон таъсис дод.
Мутобиқи ҳамин қарор таъминоти  Саридора ва мақомоти маҳаллии он аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирифт. Тамоми маблағҳои даромади гумрукӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ гузаронида мешуд. 8- январи соли 1992 бо қарори №7 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ставкаҳои аксиз барои намудҳои алоҳидаи мол тасдиқ карда шуданд.
17- апрели соли 1992 тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
10 – июни соли 1992 бо қарори №221 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал гардид. Низомномаи Саридораи назорати гумрук ва сохтори дастгоҳи марказии он тасдиқ карда шуд. Шумораи кормандони ин мақом то 242 нафар зиёд шуд.
Бо қарори № 228 Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои кумитаи давлатии гумрук», ки 22 июни соли 1993 қабул гардид, низомномаи кумитаи давлатии гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ карда шуд.
25-январи соли 1994 бо қарори №27 «Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Вазорати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор балансӣ талаботро нисбати молҳои асосии озуқа ва ғайри озуқа барои соли 1994 таҳия намуда, онро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Аз 1-январи соли 1994 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 55-номгўи гурўҳҳои маҳсулоту ашёи хомеро муайян намуд, ки ба содиротӣ онҳо монополияи давлатӣ муқаррар шуда буд.
Солҳои 1992-1994 муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ дар асоси бастани созишномаҳои ҳарсолаи дуҷонибаи байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда мешуд.
Мутобиқи моддаи 8-Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гумрукиро мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд, ки мақомоти гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд, ки мақомоти ҳарбикунандашудаи ҳифзи ҳуқуқ буда, системаи ягонаеро ташкил медиҳад, ки ба он мақомоти зайл дохил мешаванд:
- кумитаи гумрукӣ (КГ) назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- идораи минтақавии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гумрукҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- постҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумитаи гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳи Марказии идора, идораҳои минтақавии зерини гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Идораи кумитаи гумрукӣ аилояти Суғд, идораи кумитаи гумрукии вилояти Хатлон, идораи кумитаи гумрукии вилояти Бадахшони Кўҳӣ, идораи кумитаи гумрукии Турсунзода ва Душанбе. Ғайр аз ин ҳайати он 26 – гумруки дохилӣ ва 57 постҳои гумрукие дохиланд, ки сарҳадоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дидан карданд: 1923

Реклама