TOP-10

Табрикот ба дӯст «Зодрӯз муборак!»

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Тавсифнома (Характеристика)

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАРҶУМАИ ХОЛ

Табрикнома ба 8 март

Табрикот ба падар «Зодрӯз муборак!»

Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Новые лекции


Китоби Тоҷикон. Б.Ғафуров

Дохил кард:

Санаи дохилгардида: 2013-02-16

Маълумоти кӯтоҳ Китоби Тоҷикон

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гўш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омўзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрўзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣд?
Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?
Таърих гувоҳ аст, ки аз рўи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд.
Сарнавишти миллати тоҷик дар тўли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирўзӣ, часпу талош барои ташаккули та-факкури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва ... гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор ... Аммо пўшида нест, ки солҳои тўлонӣ мо аз омўзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомўзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомўзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.
Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик - устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин норасоиро эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиё-даш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомўзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.
Ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурўъ намуд. Ковишу ҷустуҷўйҳои пайвастаи ў дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам - соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсўзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шўравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.
Хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омўхтани таърихи гузаштаи худ рў овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо бу-данд? Аз куҷо ба зиндагӣ шурўъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.

Муфассалтар...

Дидан карданд: 24249

Реклама